Қирғизистон бо ин даъво, ки кони нафти Катта-Туз моли онҳост, роҳи ин конро бастааст.
Дар ҷараёни музокироти ахири масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон мақомоти қирғиз даъво кардаанд, ки кони нафти Каттатуз ба Қирғизистон тааллуқ дорад. Дар ин музокирот, ки рӯзҳои 11-12 июл дар осоишгоҳи “Баҳористон”, воқеъ дар соҳили обанбори Қайроқуми Тоҷикистон гузашт, ҳайъатҳои баландпояи ду кишварро муовинони сарвазир Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов раҳбарӣ мекарданд.
Ҷониби Душанбе дар бораи натоиҷи ин музокирот то ҳол чизе нагуфтааст, вале Токон Мамитов дар сӯҳбатҳои муфассалаш бо расонаҳои қирғизӣ рӯи масъалаи кони нафти Катта-туз таъкид мекунад. Муовини сарвазири Қирғизистон гуфтааст, ки кишвараш роҳи ин кони нафтро ба рӯи коргарони тоҷик аз 22 июн ба ин сӯ бастааст. Ба гуфтаи ӯ, дар музокироти ахир тавофуқ шуд, ки истихроҷи нафт аз ин кон қатъ карда шавад. Дастикам то замони мушаххас шудани мавзӯъи асосии мавриди баҳс, ки оё кони Катта-Туз ба Тоҷикистон тааллуқ мегирад ё ба Қирғизистон?
Токон Мамитов гуфтааст, “ҷониби Тоҷикистон моро итминон медиҳад, ки ин чоҳи нафт дар қаламрави Тоҷикистон аст, вале хариташиносони мо мегӯянд, ки ин замини мост. Аз ин рӯ, ин масъала наметавонад ба фоидаи Тоҷикистон ҳалл шавад. Аз 22 июн марзро бастем ва дастрасӣ ба ин чоҳи нафт (барои Тоҷикистон) масдуд шуд.“
Кони нафти Катта-Туз дар марзи вилояти Суғд бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон воқеъ буда, аз соли 1974 нафташ аз тарафи Тоҷикистон истихроҷ мешуд. Кони Катта-Туз кони хурд аст ва ба гуфтаи Токон Мамитов, дар ин кон ҳамагӣ 11 нафар кор мекард ва 9 насосу 2 кашанда(нефтекачалка) ва 2 насоси газаш дар рӯз тақрибан 5 тонна нафти хом медод. Муовини сарвазири Қирғизистон гуфтааст, мақомоти Бишкек ҳоло ин мавзӯъро мӯшикофона таҳқиқ хоҳанд кард ки: “Оё чанд муддат ин кон аз кор монда буду оё кай дубора ба фаъолият шурӯъ кард. Ҳукумат таҳқиқ хоҳад кард, ки чаро “Қирғизнефтегаз” то ҳол ба ин таваҷҷӯҳ нишон надодааст?”
Токон Мамитов гуфтааст, чунин вазъ ба далели то ҳол ҳалл нашудани масъалаи таъйину аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон пеш омадааст. Ба гуфтаи ӯ, тамоми коргарони тоҷикро аз ин корхона берун карда, онро таҳти юрисдиксияи Қирғизистон овардаанд. Кони Катта-Тузро феълан марзбонони қирғиз ҳимоят мекунанд ва Бишкек роҳҳои ба тавозуни “Қирғизнефтегаз” гузарондани ин конро баррасӣ мекунад.
Бино ба иттилоъи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, кони Катта-Туз солҳои охир аз сӯи ширкати “ Петролеум Суғд” коркард мешуд. Соатбек Эгамбердиев, раиси ҷамоати Жанижери ноҳияи Лайлак ба Озодӣ гуфтааст, ки ин кон дар майдони 20 гектар замин доман густурда, аз 9 чоҳаш ҳоло танҳо ду чоҳи нафту ду чоҳи газ фаъол буд ва дар рӯз то 5 тонна нафту 15 атмосфера газ медод.
Соатбек Эгармбердиев гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон ба масдуд шудани дастрасиашон ба кони Катта-Туз эътироз накарданд: “Ин кон дар қаламрави Қирғизистон аст ва ба хоҷагии ҷангали Аркин тааллуқ дорад. Ширкати тоҷикистоние, ки инҷо кор мекард, баъди дарёфти ҳушдори расмии хадамоти марзбонӣ, ин конро тарк кард. Ҳамсояҳо аз солҳои 80-уми асри гузашта бо истиноди шифоҳӣ ба як қарордоди байни ду ҷумҳурӣ дар инҷо кор мекарданд. Вале онҳо натавонистанд ягон санад пешниҳод кунанд.”
Бар пояи иттилоъи расмӣ, аз 971 километр хатти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар 21 соли гузашта аз замони суқути Шӯравӣ фақат 567 километраш таъйину аломатгузорӣ шудааст.
Марзбонҳои тоҷик мегӯянд, танҳо дар марзи миёни ноҳияи Исфара ва вилояти Бодканд, ба хусус дар атрофи ҷазирақаламрави Ворухи Тоҷикистон, ки дар дохили қаламрави Қирғизистон мондааст, 39 қитъаи баҳсталаб мавҷуд аст ва моҷароҳои хурду бузург дар он мавзеъҳо боиси ҷароҳат бардоштани сокинон аз ҳарду ҷониб мегардад. Танҳо аз моҳи апрел ба ин тараф дар манотиқи бо вилояти Бодканд ҳаммарзи ноҳияи Исфара дастикам 3 таниши шадид рух дод, ки ҳар дафъа мунҷар ба баста шудани марзу роҳҳои транзитӣ дар ин қисмати марзи Тоҷикистону Қирғизистон мешуд.
Раҳбари гурӯҳи кории масъули таъйину аломатгузории марзҳои Қирғизистон Қурбонбой Искандаров ахиран гуфт, ин кишвар алакай дар соли 2014 созишномаи комили марзӣ бо Қазоқистонро имзо хоҳад кард, вале ҳанӯз “касе гуфта наметавонад ки аломатгузории марзҳо бо Тоҷикистону Узбакистон кай такмил хоҳад шуд.” Қурбонбой Искандаров гуфтааст, дар марзи Қирғизистон бо Узбакистон 58 қитъаи баҳсӣ ва бо Тоҷикистон 103 қисмати баҳсӣ боқӣ мемонанд.
Дар музокироти ахири ҳайъатҳои баландпояи Тоҷикистону Қирғизистон дар осоишгоҳи “Баҳористон” тавофуқ шудааст, ки музокироти масоили марзӣ байни ду кишвар ба сурати моҳона доир шавад. Қарор аст, гурӯҳи коршиносони тоҷик алакай рӯзи 15 июл ба хотири баррасии тартиби ин музокирот ба Бишкек биравад.