Дар ин мулоқот муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Ҳотам Дадобоев ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ низ ширкат доштанд.
Оқои Амиров зимни суханронӣ ҳодисаро ба мардум шарҳ дод ва онҳоро ба хештандорӣ даъват кард. Вай гуфт, ки ин мушкил аз замони шӯравӣ ба мерос мондааст ва онро бояд давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳал кунанд. Мақомоти маҳаллӣ дар ҳалли масоиле чун тақсими замин, роҳҳо ва чарогоҳҳо, салоҳият надоранд, гуфт Оқои Амиров.
Вай гуфт: “Мо дар ин бора бо ҳокими ноҳияи Бодканд чандин бор суҳбат доштем. Масъалаи марзбандӣ ва поён додан ба мушкилоти сокинони наздимарзиро комиссияҳои байнидавлатӣ, ки фаъолият мебаранд, ҳал мекунанд. Ин комиссияҳо на танҳо сари ҳаллу фасли мушкили Ворух, балки дигар минтақаҳои баҳсноки марзӣ низ фаъолият мебаранд.”
Раиси шаҳри Исфара таъкид кард, масъулини ҳар ду кишвар ҳассосияти мушкилоти марзиро, ки дар заминаи он гоҳе байни сокинони наздимарзӣ муноқишаҳо рух медиҳанд, дарк мекунанд ва барои ҳалли ниҳоии он саъй ва талош доранд. Вай афзуд, вале мушкилотро дар кӯтоҳмуддат наметавон ҳал кард ва он ниёз ба вақти бештар дорад.
Ҷамоати Ворухи дар 40 километрии Исфара, дар иҳотаи қаламрави вилояти Бодканд ҷойгир аст. Ин ҷазирақаламрав ё анклав беш аз 30 ҳазор аҳолӣ дорад
ва як мавзеъи якпорча аст. Дар саргаҳи он ду рӯд ба ҳам як шуда, рӯди Исфараро ба вуҷуд меорад.
Мулоқоти ворухиён бо раиси ҳукумати Исфара дар толори фарҳанги маркази ҷамоат баргузор гашт. Бархе сокинон, пиру ҷавон, ки аз чеҳраашон нигаронӣ хонда мешуд, саволу хостаҳои худро назди мақомот матраҳ карданд. Хости умдаи сокинони ин ҳазирақаламрав поён бахшидан ба беназмиҳо дар ин мавзеъ буд.
Абдуғаффор Ғоибов, як сокини 74 солаи Ворух, ки дар давраи шӯравӣ 3 маротиба узви кумитаи муштараки ҳалли мушкилоти марзӣ будааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, танҳо бо тадбирҳои мушаххас метавон ба муноқишаҳо дар ин маҳали наздимарзӣ поён дод: «Як роҳи хотима ба роҳбандиҳову муноқишаҳо ин, ки бояд давлати мо ба Қирғизистон аз ҷойи дигар замин дода, тангӣ ё даромади Ворухро, ки ҳоло қирғизҳо соҳибӣ доранд, бигирем. Ё бар ивази ҷуброни замин, моро дар ихтиёри Қирғизистон гузоранд. Роҳи дигар ин, ки Хоҷаи Аъло ва дигар деҳаҳои тоҷикии атрофашро низ ба як ҷамоати маъмурӣ таъсис диҳем. Он гоҳ онҳо тавони худ ҳал кардани мушкилоташон бо қирғизҳои ҳамсояро пайдо мекунанд.»
Бархе аз сокинони Ворух гуфтанд, дар ҳоле ки мақомоти ҳар ду давлати ҳамсоя ба ҳалли мушкилоти сокинони наздимарзии тоҷику қирғиз талош доранд, танҳо таҳқиқи муноқишаҳову ба ҷавобгарии қонунӣ кашидани дастанандакорони он, ин гуна афродро, ки теъдоди онҳо ба гуфтаи сокинон камшумор аст, ба хештандориву эҳтироми ҳамсоя водор хоҳад кард.
Зимнан, ҳама ҳамсуҳбатони қирғизи сари роҳам аз шаҳри Исфара то деҳаҳои Хоҷаи Аълову Ворух дар суҳбат бо радиои Озодӣ мегуфтанд, ки онҳо хостори сулҳу салоҳ ва зиндагии ба ҳам ва оромона бо ҳамсояҳои тоҷики худ ҳастанд. Султон, ном як сокини миёнсоли Қарабоғ, маҳале хурде миёни Исфараву Чоркӯҳ, ки сари роҳ бензинфурӯшӣ дорад, ба Озодӣ гуфт, муноқиша дар Ворух ба кори вай таъсир нагузоштааст ва мисли ҳарвақта харидорони зиёдаш тоҷиконанд.
Дар ҳамин ҳол муовини сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд гуфт, дар пайи муноқишаи рӯзи 27- уми апрел бо ҳайати баландпояи интизомии Қирғизистон мулоқот доштаанд. Ба гуфтаи вай, ҷониби Қирғизистон таъкид кардааст, ки бунёди роҳ аз канори деҳаи Ворух як кори нодуруст ва ғайри қобили қабул аст. Зеро давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди тақсими заминҳои баҳсталаби марзӣ дар миёни вилоятҳо Суғду Бодканд, ҳанӯз ба созиш нарасидаанд. Аз ин рӯ аз чанд сол қабл байни ин давлатҳо тавофуқ ҳосил шуда буд, ки то даст ёфтан ба ҳалли ин мушкил, ҳеҷ яке аз ҷонибҳо дар заминҳои баҳсталаб иншооте бунёд накунад.
Раҳмоналӣ Амиров, раиси ноҳияи Исфара дар суҳбат бо ворухиён ёдрас намуд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори муноқишаҳо байни сокинони наздимарзӣ, рӯзи ҷумъаи 3-юми май дар шаҳри Исфара ҳайатҳои вилоятҳои Ботканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯе сурат хоҳад гирифт.
Сокинони Ворух: Мо то ҳол хавотирем
Сокинони Ворух мегӯянд, нигаронии онҳо аз эҳтимоли такрори муноқишаи рӯзи 27 апрел ҳанӯз рафъ нашудааст.
Дар ҳоле ки мақомоти ҷамоати Ворух ва ноҳияи Исфара мегӯянд, вазъ дар ин минтақаи марзӣ ба эътидол омада ва ором шудааст, сокинони Ворух мегӯянд, ки аз такрори муноқиша сахт дар хавотиранд. Ба гуфтаи сокинони ҷамоати Ворух, аз рӯзи 27апрел ба ин сӯ касе аз мақомоти ноҳияи Исфараву вилояти Суғд аз ҳоли онҳо хабар нагирифта, аз мушкилашон напурсидааст.
Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворух рӯзи 30 апрел ба Озодӣ гуфт, ки пас аз муноқиша вазъ муъхтадил гаштаву сокинони ин ҷазирақаламрав бидуни мушкил ба сӯи Исфара равуо доранд: “Дар нақша ҳаст, ки раиси ҳукумати Исфара имрӯз ё пагоҳ омада бо сокинони Ворух вохӯрӣ баргузор кунад.”
Раиси ҷамоати Ворух ҳамчунин гуфт, аз созиш ва тасмими ҷониби Бодканд сари идома ё таваққуфи роҳи мошингард аз канори Ворух, ки монеъ шудани сокинон ба сохтмони он ба муноқиша сабаб гашт, хабар надорад. Вале сокинони Ворух тасмим гирифтаанд ба бунёди он раҳ надиҳанд, зеро ин роҳро дар минтақаи баҳсие бунёд карданианд, ки қаблан мақомоти Бодканд ворухиёнро аз обод кардани ин минтақа манъ карда буданд.
Хусрав Маҳкамов, раҳбари кооперативи истеҳсолии “Ворух” ба Озодӣ гуфт, сокинон аз номуайянии вазъ ва ин ки касе аз раҳбарони ноҳия аз ҳолашон напурсид, сахт озурдаву нигаронанд: “Роҳбарон то сарҳад омаданду бо қирғизҳо чӣ созишу муросое карда рафтанд. Фақат шаби дуюми баъди муноқиша як полковник, ки насабашро намедонам, бо гурӯҳе наздамон омада, дилпур карда рафтанд, ки худдорӣ кунем, вазъро ором мекунанду роҳро мекушоянд. Дигар аз ҳукумат касе наздамон наомадааст. Ҳозир мардуми Ворух, ки аз 30 ҳазор бештарем, сахт хавотиранд. Тоқати ҳама тоқ шудааст. Чунки ҷониби Бодканд дар сар задани муноқиша яктарафа фақат моро гунаҳкор карда истодаанд. Онҳо талаб доранд “КАМАЗ” – и онҳоро таъмир карда диҳем. Аммо дар бораи ҷуброни зарарҳои ба мо расонидаашон, масалан, таъмири чанд нақлиёти харобкардаашон, хомӯшанд. Роҳбарҳо бояд оқилона кор кунанд. Аммо то ҳол мо намедонем тарафи моро ҳам касе ҳимоят мекунад ё не? Нигаронии асосии мо аз ҳамин аст.”
Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи расонаҳои қирғиз, мақомоти Бодканд ба тоҷиронаш дастур додааст, ки бо тоҷикони наздимарзии Исфара харидуфурӯш накунанд. Раиси шаҳри Исфара Раҳмоналӣ Амиров имрӯз дар сӯҳбат бо Озодӣ ин хабарро радд кард ва гуфт, бозорҳо танҳо тайи ду рӯзи муноқиша баста буданд ва ҳоло дубора фаъол шудаанд. Оқои Амиров гуфт, қарор аст, рӯзи 3 май дар Исфара музокироти навбатии ҳайъатҳои вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон доир шавад.
Сокинони Ворух ҳам мегӯянд, аз ин тасмими мақомоти Бодканд хабар надоранд, вале дар ҳоли ҳозир тоҷикону қирғизҳо бо ҳам тиҷорат доранд ва бензинфурӯшиҳои Бодканд дар сари роҳҳо аз Ворух то Исфара фаъол аст ва пули тоҷикӣ, яъне сомониро низ қабул мекунанд.
Ҷамоати Ворух бо 31 000 аҳолии тоҷикаш дар баробари Сӯху Шоҳимардон, ки ба Узбакистон тааллуқ доранд, вале аксари аҳолии ин ду минтақа низ тоҷиконанд, яке аз се ҷазирақаламравест, ки аз 4 тараф дар иҳотаи Қирғизистон қарор доранд. Баҳси обу замин дар Ворух дар солҳои 1982, 1988, 1989 ва 2003 низ мунҷар ба муноқишаҳое байни тоҷикҳову қирғизҳо шуда буд.