Манобеъи ҳукумати вилояти Суғд ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки "нишасти куммиссиюни муштараки масоили марбут ба ҳамкориҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар осоишгоҳи "Баҳористон", канори "Баҳри Тоҷик" оғоз шуда, дар раъси ҳайатҳо муовинони нахуствазирони ҳар ду кишвар қарор доранд."
Ин манбаъ бо он ки гуфт, дар нишаст ҳайатҳои воломақоми ҳар кишвар, ба хусус муовинони нахуствазир ва масъулони вазорату идораҳои давлатӣ ширкат доранд, аммо аз шарҳи бештар дар мавриди нишасти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон худдорӣ кард.
Бино ба навиштаи расонаҳои қирғизӣ, ҷониби Қирғизистонро дар нишасти Хуҷанд муовини нахуствазири ин кишвар Токон Мамитов раҳбарӣ мекунад ва дар ин ҳайат мақомоти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, хадамоти марзбонӣ, намояндаи вилояти Бодканд ва дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон шомил ҳастанд. Ҳайати Тоҷикистон дар ин нишаст, иборат аз 11 нафар намояндагони вазорату кумитаҳо ва таҳти раҳбарии Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазир ширкат меварзанд.
Ба навиштаи ин расонаҳо, муайян кардани хатти марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз мавзӯъоти меҳварии нишасти Хуҷанд унвон шуда, ҳамчунин ҷонибҳо мушкилоти ҷилавгирӣ аз муноқишаҳо ва таъмини амнияти сокинони марзиро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар се моҳи охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар байни ноҳияҳои Исфараю Бодканд байни сокинони марзӣ ҳадди ақал 3 муноқиша сар зада, аз бархӯрди мардуми ба шӯромада фақат бо дахолати нерӯҳои интизомии ду ҷониб пешгирӣ карда шуд. Дар ҳоли ҳозир вазъ зоҳиран ба эътидол омадааст, вале сокинони марзӣ аз ҳукуматҳои худ ҳалли масоили марзиро тақозо доранд.
Коршиноси амнияти минтақаӣ Неъматуллоҳи Мирсаид нишасти Хуҷандро низ мувофиқ ба талаби сокинони марзӣ медонад, ки таъйини хатти марз байни Тоҷикистону Қирғизистонро як омили мусоидаткунанда ба хатми муноқишаву ҷанҷолҳои марзӣ меҳисобанд. Оқои Мирсаид афзуд: "Вале ба назари ман, мушкили аслӣ сари хатти сарҳад нест. Душворӣ сари тақсими заминҳои ба истилоҳ «баҳснок» аст. Ва ин мушкилотро бояд дар худи ҳамон ҷойҳо ҳаллу фасл кард. Ҷаласаи имрӯза ҳам мегузарад ва гумон дорам масъалаҳои мавҷуд ба пуррагӣ ҳаллу фасл намегардад."
Зеро бо вуҷуди он ки ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди истифода накардани заминҳои «баҳснок» то замони таъйину аломатгузории тамоми хатти марз созишнома ба имзо расонидаанд, аммо он риоят нашудааст ва дар ҳудуди 10 соли охир теъдоди қитъаҳои замини талошӣ ва муноқишаангез дар саросари хати марз афзудааст. Ин ҳолат, ба ақидаи Неъматуллоҳи Мирсаидов, боиси ба дарозо кашидани фаъолияти комиссияҳои марзбандии Тоҷикистону Қирғизистон мегардад.
Бар пояи иттилоъи расмӣ, аз 971 километр хатти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар 21 соли гузашта аз замони суқути Шӯравӣ фақат 567 километраш муайян шудааст. Марзбонҳои тоҷик мегӯянд, фақат дар марзи миёни ноҳияи Исфара ва вилояти Бодканд 39 қитъаи баҳсталаб мавҷуд аст ва моҷароҳои хурду бузург дар он мавзеъҳо боиси ҷароҳат бардоштани сокинон аз ҳарду ҷониб мегардад.

Раҳбари гурӯҳи кории масъули таъйину аломатгузории марзҳои Қирғизистон дар аввали моҳ гуфт, ин кишвар алакай дар соли 2014 созишномаи комили марзӣ бо Қазоқистонро имзо хоҳад кард, вале ҳанӯз “касе гуфта наметавонад ки аломатгузории марзҳо бо Тоҷикистону Узбакистон кай такмил хоҳад шуд.” Қурбонбой Искандаров дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт: “Дар мавриди Тоҷикистону Узбакистон мо ҳар санади бойгониро бояд мӯшикофона биомӯзем. Мо танҳо он қитъаҳои марзиро аломатгузорӣ мекунем, ки тарафҳо нисбаташ назари яксон доранд.”
Қурбонбой Искандаров гуфтааст, дар марзи Қирғизистон бо Узбакистон 58 қитъаи баҳсӣ ва бо Тоҷикистон 103 қисмати мушаххасношуда ва мавриди баҳси тарафҳо боқӣ мемонад.