Бар асари тавофуқи ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ҳаракати нақлиёт ба рустои қирғизнишини Оқсой, ки таввасути Ворух анҷом мешуд, низ бидуни мамониат сурат хоҳад гирифт.Равуои нақлиёт ва мардум дар ин минтақаи марзӣ аз рӯзи 27 апрел, дар пайи муноқишаи сокинони рустои тоҷикии Хоҷаи аъло бо як гурӯҳи роҳсозони қирғиз ва ба даргириҳои сокинони ду тарафи марз печидани ин муноқиша қатъ шуда буд.
Ба хотири ҳалли низоъи имрӯз ҳайъатҳои расмӣ аз вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дар рустои Хоҷаи аъло ва сипас дар ҷазирақаламрави Ворух музокирот доштанд. Аз тарафи Тоҷикистон дар музокирот бо ин ҳайъат Шариф Назаров, раиси идораи умури дохилаи вилояти Суғд, Ҷумъабой Сангинов- муовини раиси вилоят ва Раҳмоналӣ Амиров – раиси шаҳри Исфара ширкат доранд.Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ба хотири ҳалли масъалаи кушодани роҳи Ворух як муовини вазири умури дохилаи Қирғизистон низ ба минтақа омада буд.
Хабарнигори Озодӣ дар вилояти Суғд Маъсуми Муҳаммадраҷаб ин аксҳоро аз рустои Хоҷаи аъло, аз ин сӯи марзи Тоҷикистону Қирғизистон бардоштааст:
Аммо ин видео ва аксҳои зерро ба Радиои Озодӣ аз ҷазирақаламрави Ворух сокини ин минтақа Маснаҷон Воситбоев фиристодааст:
Субҳи якшанбе ҳайъатҳои вилоёти Суғди Тоҷикистону Бодканди Қирғизистон дар рустои Хоҷаи аълои ноҳияи Исфара - маҳалли асосии муноқишаи рӯзи 27 апрел - музокирот карда, ба дунбол бо мардум низ мулоқот оростанд ва ҳамаро ба оромӣ ва хештандорӣ даъват кардаанд. Ҳоло ҳайъатҳо ба хотири ҳалли масъалаи роҳ ба Ворух рафтаанд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, бархе аз ҷониби Қирғизистон гуфтаанд, ки танҳо дар сурати иҷозат додани ҷониби Тоҷикистон барои сохтани роҳи баҳсие, ки сабаби муноқиша шуд, роҳи Ворухро дубора хоҳанд кушод.
Дар ҳамин ҳол, бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, ки роҳ ба сӯи рустоҳои Оқсой ва Кӯктоши вилояти Бодканд, ки аз дохили ҷамоати Ворух мегузарад, низ баста аст. Раҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон Токон Мамитов ба Озодӣ гуфтааст, "низоъ бар сари сохтмони роҳи Оқсой -Тамдиқ бархост, ки ба убури ҳатмӣ аз қаламрави Ворух поён медод. Вале ин боиси норозигии шаҳрвандони Тоҷикистон шуд, ки мегӯянд, ин роҳ аз замини онҳо мегузарад, дар ҳоле ки марзҳо ҳанӯз муқаррар нашудаанд."
Хабарнигори Озодӣ дар вилояти Суғд Маъсуми Муҳаммадраҷаб, ки феълан дар Хоҷаи аъло – маркази муноқишаи ахир – қарор дорад, мегӯяд, баъд аз низоъи дирӯза байни аҳолии тоҷику қирғизи сокини ин манотиқи баҳсӣ, вазъ ба сурати умум ором шудааст. Сокинони маҳаллӣ ба хабарнигори Озодӣ гуфтаанд, ҷониби Қирғизистон мехост дар ин минтақаи баҳсӣ роҳи нав бунёд кунад ва ин боиси норозигии сокинони Воруху Хоҷаи аъло ва сангандозиву занозаниҳо шуд. Дар даргирӣ байни ду тараф чанд нафар захмҳои сабук бардоштаанд, вале асосан аз зарби санг ё мушту лагат.
Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, дар посгоҳи даромади рустои Хоҷаи аъло 10-12 нафар марзбонони тоҷик силоҳ дар даст тамоми мошинҳои раҳгузарро тафтиш мекунанд. Дар дохили русто низ шумори зиёди низомипӯшҳо дида мешаванд.
Рустои Хоҷаи аъло яке аз ҷазирақаламравҳоест, ки дар иҳотаи рустоҳи вилояти Бодканди Қирғизистон мондааст. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, заминҳои атрофи ин русто ба Тоҷикистон тааллуқ доранд, вале ҷониби Қирғизистон ин заминҳоро моли худ медонанд. Бунёди роҳ аз ҷониби Қирғизистон дар ин замини баҳсӣ боиси норозӣ ва шурӯъи муноқишаи нав дар ин минтақаи баҳсии марзӣ шудааст.
Рӯзи шанбе миёни сокинони минтақаҳои марзии Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон, муноқиша бархост. Тибқи иттилои Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ, ҳодиса дар деҳаи Тангии Чоркӯҳ, дар 45–километрии Бодканд ва 31-километрии Чоркӯҳ, бар сари истифода ва назорати роҳи мошингард, сурат гирифт.
Як сокини минтақа дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ки мақомоти қирғиз дар қаламрави Тоҷикистон бунёди як роҳро пеш гирифтанд. Ба дунбол бист нафар аз ҷавони маҳалии Ворух монеи бунёди роҳ шуда, таҷҳизоти роҳсозони қирғизро хароб карда, онҳоро аз маҳал берун кардаанд.Дар посух, сокинони Қирғизистон ягона роҳи анклави Ворухро баста, мардуми ин маҳалро дар инзивоъ қарор додаанд.
Ҷаниш Айдаров-хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ дар вилояти аз маҳалли муноқиша гузориш дод, ки касе аз сокинони маҳаллии ду ҷониб зарари ҷиддӣ надидааст ва марзбонони Қирғизистон ҳам аз силоҳ истифода накардаанд. Генерал Токон Мамитов –фармондеҳи нируҳои марзбонии Қирғизистон ҳам истифодаи аслиҳа ва аз оташи аслиҳа захм бардоштани одамонро рад кард ва гуфт, агар касе зарари ҷисмонӣ дидааст, он ҳам аз задухӯрди миёни одамони бесилоҳ аст.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 59 дарсад ё 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Қирғизистон аз он кишварҳои Осиёи Миёна аст, ки бо Тоҷикистон муносибати хеле хуб дорад ва низоми равуои шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар бевиза ва нисбатан озодона сурат мегирад. Ҳарчанд дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷазирақаламравҳои миёни сокинон Суғду Бодканд гоҳу ногоҳ муноқишаҳое бар сари истифода аз обу замин рух медиҳад. Мақомоти ин ду кишвар соли 2002 ба марзбандии байни кишварҳо оғоз кардаанд, вале печидагии хатти марз ва вуҷуди даҳҳо ҷазирақаламрав ҷараёни онро суст кардааст.
Ҷамоати Ворух бо 31 000 аҳолии тоҷикаш дар баробари Сӯху Шоҳимардон, ки ба Узбакистон тааллуқ доранд, вале аксари аҳолии ин ду минтақа низ тоҷиконанд, яке аз се ҷазирақаламравест, ки аз 4 тараф дар иҳотаи Қирғизистон қарор доранд. Баҳси обу замин дар Ворух дар солҳои 1982, 1988, 1989 ва 2003 низ мунҷар ба муноқишаҳое байни тоҷикҳову қирғизҳо шуда буд.
Аммо шадидтарин низоъ бар сари ҷазирақаламравҳо низоъи рӯзи 6 январи соли 2013 байни сокинони Қирғизистон ва аҳли рустои тоҷикнишини Чорбоғи ноҳияи Сӯх буд, ки ҳатто ба гаравгонгирӣ ва бастани роҳҳо барои чандин ҳафта мунҷар шуд.