Нахуствазири Қирғизистон дар Остона. Отамбоев "пушаймон" шуд?

Нахуствазири Қирғизистон бо раиси ҷумҳури Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Нахуствазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов вориди Қазоқистон шуд, то мушкили пешомада дар марзи ду кишварро бо мақомоти қазоқ, баррасӣ кунад. Убуру мурур дар марзи Қазоқистону Қирғизистон пас аз як суханронии тунди президент Қирғизистон Алмазбек Отамбоев, мушкил шуд.

Шикояти Бишкек ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат

Ин сафари нахуствазири Қирғизистон ба Қазоқистон дар ҳоле сурат мегирад, Бишкек ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат нома ирсол карда ва аз маҳдудиятҳои шадиди эҷоднамудаи Қазоқистон ба мошинҳои борбар ва рафтуомади сокинон, шикоят кардааст.

Ба иттилои хабаргузории "Рейтерз", Қирғизистон дар нома ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат гуфтааст, ки аз ҷониби Қазоқистон дар нӯҳ маврид қонуншиканӣ сурат гирифтааст. Баёнияи ҷониби Қирғизистон мегӯяд, ки нерӯҳои марзбонии Қазоқистон мошинҳои ҳомили бори ҷониби Қирғизистонро як-як тафтиш мекунанд ва маҳдудиятҳои марзӣ ба тиҷорат байни ду кишвар зарбаи сангин задааст.

Дафтари матбуоти нахуствазири Қирғизистон рӯзи 18-уми октябр бо нашри як баёния гуфт, ки ҳамакнун гуфтугӯҳо дар пойтахти Қазоқистон миёни ҳайати Қирғизистон ва мақомоти қазоқ идома дорад. Раҳбари бахши сиёсии кобинаи вазирони Қирғизистон Чингиз Эсенқул-уулу, ки дар ин сафар ба Остона ҳайати кишварашро ҳамроҳӣ мекунад, дар сӯҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки сафари Исҳоқов дар пайи тамосҳои нахуствазирони кишварҳои Осиёи Миёна дар рӯзи 17-уми октябр, сурат гирифтааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

600 машин дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон дармондааст

Президенти "пир" номидани Назарбоев, мушкилсоз шуд

Убуру мурур дар марзи Қазоқистону Қирғизистон пас аз як суханронии тунди раиси ҷумҳур Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мушкил шуд. Отамбоев дар як суханрониаш рӯзи 7-уми октябр, як ҳафта пеш аз интихоботи президентӣ Қазоқистонро ба пуштибонӣ аз номзад Омурбек Бабанов ва мудохила ба интихоботи Қирғизистон муттаҳам кард ва дар ҳаққи Нурсултон Назарбоев ҳам ҳарфҳое зад, ки зоҳиран президентро нороҳат кард. Отамбоев Назарбоевро як раҳбари солхӯрда номид ва гуфт, пиртарин номзади интихоботи Қирғизистон аз ӯ 20 сол ҷавонтар аст.

Вале Қазоқистон, ки дар пай маҳдудияти убуру мурури марзро ҷорӣ кард, расман гуфтааст, ин тадбирҳо бо андешаҳои тозагиву санитарӣ гирифта шуда, ҳеҷ рабте ба моҷарои охир надорад. Вале, дар ҳар сурат, вазъ дар марзи Қазоқистон бо Қирғизистон аз 10 октябр ба ин сӯ номуътадил шудааст. Бино ба иттилои мақомоти Қирғизистон, соати 18-00-и он рӯз ҷониби Қазоқистон ба тафтиши ҷиддии воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон шуруъ кард.

Отамбоев: Шояд беш аз ҳад эҳсосотӣ шудам

Ин дар ҳолест, ки Алмазбек Отамбоев рӯзи 18-уми октябр зимни cупурдани стипендияҳои таҳсилии раёсати ҷумҳурӣ ба донишҷӯён гуфт, ки ӯ мумкин аст иштибоҳ карда бошад, вақте “беш аз ҳад эҳсосотӣ” дар бораи ҳамтои қазоқи худ Нурсултон Назарбоев сухан гуфт.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар ин суханронӣ вазъ дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистонро, ки дуруст баъд аз изҳороти ҷониби Бишкек ба вуҷуд омад, кори атрофиёни Назарбоев номид. Ӯ гуфт, “фикр мекунам, президенти Қазоқистон ҳатто дар ин бора гумон намекунад. Атрофиёни Назарбоев – олигархҳое, ки дар фикри Қазоқистону Назарбоев нестанд ва танҳо ояндаи худро меандешанд.”

Расонаҳои Қирғизистон аз қавли Алмосбек Отамбоев навиштанд, “имрӯз дар марзи Қирғизистону Қазоқистон мушкил ба миён омадааст. Бархе мегӯянд, ки тамоми роҳҳои ҳамлу нақли Қирғизистон аз Қазоқистон мегузаранд, ки ин нодуруст аст. Мо ҳамсояҳои дигар низ дорем. Дар ёдам ҳаст, ки чи гуна барқу гази моро қатъ карданд. Ҳоло мо бо Узбакистон, Чин ва Тоҷикистон муносибатҳои хуб дорем. Албатта, бояд роҳҳои дигари содироти маҳсулоти худро низ бояд пайдо кунем.”