Нозирони байналмилалии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар нахустин вокуниши худ гуфтанд, ки интихоботи президентии рӯзи 15-уми октябр дар Қирғизистон мусолиматомез ҷараён гирифт. Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо як рӯз баъд аз интихоботи президентӣ дар Қирғизистон гуфтаанд, ки интихобот пуррақобат буд, чун раъйдиҳандагон интихоби васеъ доштанд.
Қирғизистон таҷрибаи мусбати интихоботи пуррақобат ва интиқоли мусолиматомези қудратро ба намоиш гузошт. САҲА
САҲА бо ин вуҷуд гуфт, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ҳолатҳои сӯистифода аз фишангҳои маъмурӣ, фишор ба интихобкунандагон ва харидории овозҳо мавзӯи ташвиш боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ин созмон, раъйдиҳӣ хеле хуб танзим ва ташкил шуда буд, ҳарчанд дар бисёре аз қитъаҳо дар таъмини овоздиҳии пинҳонии райъдиҳандагон мушкилот ҷой дошт.
"Қирғизистон таҷрибаи мусбати интихоботи пуррақобат ва интиқоли мусолиматомези қудратро ба намоиш гузошт, ҳарчанд баъзе аз мушкилот боқӣ мемонад", - гуфт Азай Гулиев, ҳамоҳангсози вижа ва роҳбари миссияи муваққатии САҲА дар Қирғизистон.
Дипломати фаронсавӣ ва раҳбари ҳайати нозирони интихоботии САҲА Александор Келчевский гуфт, дар миёни шикоятҳо аз нақзи қонуни интихобот мушкилоти мисли сӯиистифода аз василаҳои маъмурии мудохила ба ҷараёни овоздиҳӣ сабт шудааст:
“Ҳайати мо гузоришҳои қобили эътимод дастрас кард, ки дар бораи сӯиистифода аз маблағу воситаҳои давлатӣ, фишор болои овоздиҳандагон ва инчунин иттиҳоми харида шудани овозҳо дарак медиҳанд. Дар рӯзҳои наздик ба интихобот мо чанд ҳодисаи мудохилаи боз ва расмӣ ба маъракаи интихоботиро аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ ба қайд гирифтем”.
Бабанов аз тарафдоронаш хост, ки ба иғво дода нашаванд
Дар нахустин изҳороти баъд аз интихоботии худ, Омурбек Бабанов, номзади мухолифини қирғиз дар интихоботи президентӣ, аз тарафдоронаш даъват кард, ки ба иғвову дасиса дода нашаванд ва даст ба беназмӣ назананд. Мақомоти интихоботии Қирғизистон мегӯянд, ки натиҷаҳои муқаддамотӣ номзади ҳизби ҳоким Сооронбой Ҷеенбековро барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии 15 октябр эълон кардааст ва ин натиҷаҳо зарурати баргузории даври дуюми интихоботро аз байн мебарад.
Номзади мухолифин Омурбек Бабанов, ки дар порлумон раҳбарии ҷиноҳи “Республика”-ро ба ӯҳда дорад, рӯзи 16 октябр дар баробари хабарнигорон ҳозир шуд ва ба таври ғайримустақим натиҷаҳои интихоботро эътироф кард.
Баъди шумориши 97 дар сади варақаҳо, шоми 15 октябр Комиссияи марказии интихоботҳои Қирғизистон гуфт, ки Сооронбой Ҷеенбеков 54 % ва рақиби калидии ӯ Омурбек Бабанови 34 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст.
Тасдиқи натиҷаҳо ва ҳам интиқоли нарми қудрат баъди интихобот нахустин поёни сулҳомези интихобот дар як ҷумҳурии Осиёи Марказӣ баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 мебошад. Дар солҳои 2005 ва 2010 дар пайи интихоботҳои баҳсбарангез, эътирозҳои хиёбонии мардуми норозӣ аз натиҷаҳои он, ба инқилобҳои сиёсӣ ва барканории президентони амалкунанда бадал шуд. Дар кишварҳои ҳамсояи Узбакистон ва Туркманистон танҳо баъди марги руасои ҷумҳур, раҳбарони нав тавонистанд сари қудрат биёянд.
Сари қудрат омадани Ҷеенбекови 58-соларо аксарият давоми сиёсати президент Алмосбек Отамбоев меноманд, ки бо Маскав робитаҳои наздик дорад ва соли 2015 Қирғизистонро бо Русия вориди як созмони дигари иқтисодӣ кард. “Ҳадафи ман ҳифзи дастовардҳои то имрӯз ҳосилшуда мебошад, то ки он кореро, ки сар кардем, ба субут расонем”, гуфт Ҷеенбеков баъди он, ки ӯро барандаи эҳтимолии интихобот эълон карданд.
Вай сокинони Қирғизистонро барои “дастовардҳои азими шаш соли охир” ситоиш кард. Қарор аст имрӯз, 16-уми октябр нозирони байналмилалӣ арзёбиҳои худро аз интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон баён кунанд.
Дар ҳоле, ки баъди ширкат дар овоздиҳӣ Бабанов сохторҳои қудратиро дар мудохила ба ҷараёни раъйдиҳӣ гунаҳгор кард ва гуфт, ки интихобот одилона баргузор нашудааст, дар изҳороти худ рӯзи 16 октябр ӯ бештар бо лаҳни эътирофи натиҷаҳои раъйдиҳӣ ба мардум муроҷиат кард.
Номзади мухолифин Омурбек Бабанов, ки дар порлумон раҳбарии ҷиноҳи “Республика”-ро ба ӯҳда дорад, танҳо нисфирӯзии 16 октябр дар баробари хабарнигорон ҳозир шуд ва ба таври ғайримустақим натиҷаҳои интихоботро эътироф кард. Дар як нишасти хабарие, ки дар Бишкек ҷараён гирифт, Бабанов, аз ҷумла аз 600 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон ташаккур кард, ки барои ӯ овоз доданд. “Мо ба ҳамагон нишон додем, ки аз роҳи ширкат дар интихобот мо метавонем зеҳни мардумро тағйир диҳем ва нишон диҳем, ки мешавад аз роҳи қонун пеш рафт ва ба ҳадаф расид”.
Омурбек Бабанов ба таври қотеъ хитоб ба тарафдоронаш гуфт, ки ба иғвову дасиса ва даъватҳои ташкили эътироз дода нашаванд, чунки ҳадафи ӯ “ғасби қудрат аз роҳи ғайриқонунӣ нест” ва “умед дорад, ки пирӯзиҳои ӯву тарафдоронаш дар пеш аст”.
Ҳам Ҷеенебков ва ҳам Бабанов дар аҳди Отамбоев дар мақоми нахуствазирӣ кор кардаанд ва танҳо Ҷеенбеков аз тарафдорони ошкори сиёсати президент буд. Отамбоевро дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар истифода аз василаҳои маъмурӣ барои таъмини пирӯзии Ҷеенбеков муттаҳам кардаанд.
Назарсанҷиҳои пеш аз интихоботии мухолифону сиёсатмадорон ба ҳеҷ як аз номзадҳои пештоз беш аз 50 дарсади овозҳоро пешбинӣ намекард ва аксарият бовар доштанд, ки интихобот ба даври дуюм кашонида мешавад. Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон дар маҷмӯъ 11 номзад, аз ҷумла як зан иштирок карданд. Отамбоев расман баъди анҷоми мӯҳлати шашсолаи раёсатҷумҳуриаш ҳақ надошт номзадиашро пешбарӣ кунад.
Дар яке аз сӯҳбатҳои пешазинтихоботиаш аз Ҷеенбеков пурсиданд, ки дар сурати пирӯзии ӯ ба Отамбоев коре пешниҳод мекунда ё на? - ӯ гуфта буд, ки Отамбоев “ҳеҷ гоҳ чунин талоше накардааст”.
Як моҳ пеш аз интихобот фазои маърака бо баҳсҳои лафзии президент Алмосбек Отамбоев ва ҳукумати Қазоқистон хабарсоз шуд. Мулоқоти президент Нурсултон Назарбоев дар Остона бо Омурбек Бабанов, мояи нороҳатии шадиди Отамбоев шуд ва ӯ Қазоқистонро дар мудохила ба умури Қирғизистон муттаҳам кард. Дар пай Отамбоев инчунин синни Назарбоеви 80-соларо бо номзадҳои интихоботии кишвараш муқоиса карда, мақомоти қазоқро дар фасодкорӣ ҳам муттаҳам намуд.
Мунтақидони Отамбоев ӯро дар саркӯби рақибони сиёсӣ, ба 8 сол зиндонӣ шудани Омурбек Текебоев, раҳбари ҳизби Ота-Макон бо иттиҳоми ба гуфтаи онҳо сохтаи "порагирӣ", муттаҳам карданд ва гуфтанд, ки дар асл ин иттиҳом дорои ангезаҳои сиёсӣ аст. Дар ҳамин ҳол ҳукумат Бабановро дар кӯшиши харидани овози тарафдорон дар давоми як моҳи гузашта муттаҳам кард ва гуфт, ки дар ҷараёни интихобот кӯшиши ғасби қудратро мушоҳида карданд.