Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон. Бози қудрат бар сари кӣ хоҳад нишаст?


Ҷаласаи Кумиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон
Ҷаласаи Кумиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон

Боз ду номзади интихоботи рӯзи 30 октябри раёсатҷумҳурии Қирғизистон аз идомаи мубориза даст кашиданд.

Қаблан Марат Султонов аз корзор берун шуд ва акнун бо хуруҷи Оқиблбек Ҷабборов ва Наримон Тулеев дар феҳрасти муддаиёни курсии президенти ин кишвари Осиёи Марказӣ 21 номзад боқӣ мемонад.

АВВАЛИН ТАҶРИБАИ ТАБДИЛИ ҚОНУНМАНДОНАИ ҚУДРАТ

Ба ҳар сурат, Қирғизистон тайи 20 соли гузашта аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо кишвари ин минтақа аст, ки чанд интихоботаш, аз ҷумла интихоботи рӯзи 30 октябри ин кишвар бо алтернативаи фаровонаш фарқ мекунад.

Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Кирғизистон
Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Кирғизистон
Аз сӯи дигар, интихоботи қарибулвуқӯъ нахустин мавриди табдили сулҳомез ва қонунмандонаи қудрат дар Осиёи Марказӣ низ хоҳад шуд. Аз соли 1991 ба ин сӯ тамоми мавридҳои табдили раҳбари аввал дар ин паҳно ё иҷборан сурат гирифтааст, ки намунаҳояш истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов ва Раҳмон Набиев дар Тоҷикистон дар солҳои 1991 ва 1992 ва барканории Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев дар Қирғизистон дар солҳои 2006 ва 2010 аст, ё бар асари даргузашти ҳоким, ки танҳо мавридаш бо фавти Сафармурод Ниёзов дар поёни соли 2006 ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гузаштани идораи умури Туркманистон буд.

Аммо интихоботи 30 октябри Қирғизистон аз як нигоҳи дигар низ барои ду даҳсолаи ахири Осиёи Марказӣ бесобиқа аст, чунки Роза Отунбоева - раиси кунунии ин ҷумҳурӣ – аз ширкат дар он ба хотири тамдиди замони раёсати худ даст кашида ва гуфтааст, мехоҳад бо ин нахустин таҷрубаи ихтиёран аз қудрат даст кашиданро ба ин минтақа бинамояд.

БОЗИ ҚУДРАТ БАР САРИ КӢ ХОҲАД НИШАСТ?

Аммо корзори пешазинтихоботии 21 номзади боқимонда ба интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон чигуна идома дорад? Ва оё шонси кадом номзадҳо ба пирӯзӣ дар ин маърака бештар аст?

Бар асоси натоиҷи назарсанҷие, ки дар сомонаи хабаргузории қирғизии АКИ-Пресс идома дорад, то имрӯз зери 40 дарсади пурсидашудагон аз номзадии сарвазири феълӣ Алмосбек Ҳотамбоев пуштибонӣ мекунанд, ки номзади рӯ ба Маскави клани шимоли Қирғизистон ва нафари муносиб ҳам барои Русия ва ҳам барои Қазоқистон арзёбӣ мешавад. 17,6 дарсад аз намояндаи ҷануб Адахон Мадумаров ҳимоят мекунанд ва беш аз 10 дарсад гуфтаанд, ки алайҳи ҳамаи номзадҳо раъй хоҳанд дод. Назарсанҷии АКИ-Пресс шонси номзадҳои боқиро камтар аз 7 дарсад баровард мекунад.

НАБАРД МИЁНИ ШИМОЛУ ҶАНУБ

Таҳлилгари қирғиз Марс Сариев низ мӯътақид аст, ки набард асосан байни шимол ва ҷануб хоҳад гузашт, вале намояндаи шимол Алмосбек Ҳотамбоев, ки довталаби асосист, дар сурати пирӯзӣ ба хотири мурооти таносуби нирӯҳо курсии сарвазириро ҳатман ба ягон намояндаи ҷануб қоил хоҳад шуд: «Довталаби асосӣ алакай маълум шудааст. Ӯ Алмосбек Ҳотамбоев аст. Аксари сиёсатшиносони қирғиз ба пирӯзии ӯ итминон бастаанд ва зоҳиран ҳам Маскав ва ҳам Остона такя ба ҳамин номзад кардаанд. Тибқи назарсанҷиҳо, ду рақиби аслии ӯ - Адахон Мадумаров ва Қамчибек Тошиев аз Ҳотамбоев хеле ақиб мондаанд. Ва агар ягон ҳолати форс-мажор ё ягон кӯшиши ба ҳам задани вазъ пеш наояд, интихобот шояд алакай дар даври аввал ба фоидаи Ҳотамбоев натиҷагирӣ шавад.»

ЭҲТИМОЛИ ПИРӮЗИИ РОҲБАРИ РУСИЯГАРО

Алмосбек Ҳотамбоев
Алмосбек Ҳотамбоев
Аммо Ҳотамбоев як номзади рӯ ба Русия арзёбӣ мешавад. Ва дар ҳоле, ки Русия танҳо қудрати бозигар дар саҳнаи Қирғизистон нест, пирӯзии Ҳотамбоев то куҷо метавонад бозигарони дигари фаъол дар ин саҳнаро қаноат диҳад?

«Дар ҳақиқат, чунин қутбгирии Ҳотамбоев ба сӯи Маскав метавонад мухолифати элитаҳои дигаре, ки аз Ғарб ҳимоят мекунанд, рӯбарӯ шавад. Ва агар ягон кӯшиши ба ҳам задани вазъ нашавад, фикр мекунам, аксари аҳолӣ аз ӯ пуштибонӣ хоҳад кард. Чунки аксари мардуми мо парвардаи Шӯравист ва бештар ба Русия майл нишон медиҳад, то ба Ғарб. Аз тарафи дигар, Ҳотамбоев ҳам дар шимол ва ҳам дар ҷануб тарафдор дорад, дар ҳоле ки рақибони асосии ӯ –Мадумаров ва Тошиев – бештар раҳбарони минтақаи ҷанубанд ва дар шимоли кишвар чандон ҷонибдор надоранд.»

"ДАВРИ ДУВВУМ ВАЗЪРО ПЕЧИДА МЕКУНАД"

Ва аммо агар кор ба даври дуввум бикашад ва як номзади ҷануб ва як номзади шимол боқӣ бимонанд, оё чунин набард байни шимолу ҷануби Қирғизистон ба оянда ва ҳатто ба якпорчагии кишвар асаре нахоҳад дошт?

«Даври дуввуми интихобот мушкили сахтеро пеш хоҳад овард ва асли минтақагароӣ ва бартарӣ додан ба манфиатҳои маҳаллӣ дар раъйгирӣ ба мадди аввал хоҳанд омад. Кор шояд ҳатто ба танишҳо бикашад ва агар бозигарони хориҷӣ низ ба бозӣ бидароянд, боз ҳам бадтар хоҳад шуд. Дар даргириҳои қавмии соли гузашта дар Ӯшу Ҷалолобод дасти хориҷӣ низ эҳсос мешуд. Ва ҳоло ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки нирӯҳои хориҷӣ метавонанд дар оташи ихтилофоти пасоинтихоботии элитаҳои минтақавии Қирғизистон низ дасти манфиатҷӯи худро гарм кунанд. Вале дар дохили элитаҳои сиёсии Қирғизистон як ҳусни тафоҳум вуҷуд дорад ва онҳо мефаҳманд, ки метавонанд ба осонӣ асбоби бозии тарҳҳои хориҷиён шаванд. Ман умедворам, ки онҳо як забони умумӣ ёфта, намегузоранд, ки қартаи маҳал ба бозӣ кашида шавад. Ва агар раисиҷумҳур аз шимол интихоб шавад, сад дарсад яқин аст, ки сарвазир аз ҷануб хоҳад шуд. Ё баръакс.»
XS
SM
MD
LG