Human Rights Watch, созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи башар, аз шарикони байнулмилалии Тоҷикистон хост, ҳодисаҳои хунини моҳи майи соли 2022-ро дар Хоруғу Рӯшон аз ёд набаранд ва аз Душанбе посухгӯйиро талаб кунанд. Мақомоти Тоҷикистон он ҳодисаро "амалиёти зиддитеррористӣ", вале ҳомиёни ҳуқуқ саркӯби норозиён медонанд.
"Вокунишҳои байнулмилалӣ нисбатан суст шудааст," – гуфт Сийнат Султоналиева, намояндаи Human Rights Watch (Дидбони Ҳуқуқи Башар).
Ӯ рӯзи 16-уми майи имсол дар изҳороте гуфт, "Порлумони Аврупо дар моҳи июли соли 2022 ва Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар моҳи декабри соли 2022 аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки ҳодисаҳои ВМКБ-ро таҳқиқ кунанд. Аммо иқдомҳои бештар зарур аст."
Дар ҳоле ки, ба гуфтаи Сийнат Султоналиева, пас аз ин ҳодиса садҳо созмон баста шуда, пайравони исмоилия аз гузоштани намоз дар хонаҳояшон маҳрум гардиданд ва фаъолону ҳуқуқдонҳои шинохта ҳанӯз дар зиндонанд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳҳои май ва июни 2022 саҳнаи тазоҳурот ва саркӯби мардуми норозӣ буд. Ин ҳодиса рӯзи 16-уми майи соли 2022 ва пас аз он сар шуд, ки гурӯҳе аз ҷавонон барои додхоҳӣ аз маҳаллаи Бархоруғ ба маркази шаҳри Хоруғ равон шуданд.
Онҳо аз мақомот талаб карданд, ки куштори Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа ва ду нафари дигарро дар ҷараёни эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ одилона таҳқиқ кунанд. Истеъфои раиси шаҳри Хоруғ ва раиси вилояти Бадахшон аз хостҳои дигари ҷавонон буд.
Мақомот талаби онҳоро напазируфтанд ва барои пароканда кардани онҳо тирҳои резинӣ ва гази ашковар ба кор бурданд. Дар он ҳодиса Замир Назаршоев, сокини 31-солаи гузари Гулакени Хоруғ ҷон бохт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мотам, андӯҳ ва умед. Гузориш аз дохили Рӯшону Хоруғ баъди ҳодисаҳои хунин. ВИДЕО, АКСМавҷи эътирозҳо рӯзи 17-уми май аз Хоруғ ба ноҳияи Рӯшон кӯчид. Рӯзи дигар амалиёти, ба гуфтаи мақомот, “зиддиттеррористӣ” дар ноҳия шуруъ шуд. Мақомот гуфтанд, пас аз ҳамла ба мошини ходимони амнияти Тоҷикистон ва бастани қитъаи роҳи байнулмилалии Тоҷикистон – Чин амалиётро ба роҳ монданд.
Ба иттилои расмӣ, аз он лаҳза то 17-уми июни соли 2022 дар Рӯшон ва Хоруғ 29 кас кушта шудаанд. Ин шумора дар гузориши дипломатҳои Созмони Милал то 40 нафар номбар шуда буд. Кандукови Радиои Озодӣ номи 34 кушташударо ошкор кард. Онҳо аз 30 то 57-сола ва аксаран аз ноҳияи Рӯшонанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми июни соли 2022 дар Данғара эътироф кард, ки дастури амалиётро ӯ дода буд: "Раиси ноҳияро лат карданд, муовини раиси ноҳия, мебахшед, зани тоҷикро заданд... Хайр, илоҷи дигар набуд... Амр додам, ки бинед, то ҳадди имкон яроқбадастҳоро безарар гардонед ё ки дастгир кунед."
Бисёре аз сокинони Рӯшон ҳукуматро ба бераҳмӣ ва марги сокинони, ба гуфтаашон, бегуноҳ танқид мекунанд. Дар ду соли охир бисёре аз созмону кишварҳои ғарбӣ низ мақомоти Тоҷикистонро барои бархӯрд бо помириҳо танқид карданд. Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки интиқомгириро аз фаъолони помирӣ бас кунад.
Фернан де Варен, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ақаллиятҳо ё камшуморон, низ гуфт, “нисбат ба эътирозгарон дар ҳодисаҳои солҳои 2021 ва 2022 дар Бадахшон бархӯрди сангин сурат гирифт ва ин воқеаҳо бояд бетарафона ва одилона таҳқиқ шаванд.”
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати масоҳат бузургтарин минтақаи Тоҷикистон аст. Тақрибан 250 ҳазор аҳолӣ дорад. Аксарият пайрави шохаи исмоилии мазҳаби шиа мебошанд ва Шоҳзода Карим Оқохони чаҳорумро пешвои динии худ мешуморанд. Бахше аз мардум ба забонҳои маҳаллӣ, ки ба номи "забонҳои помирӣ" шинохта шудааст, гап мезананд.