"Нақши Путин, Хоманаӣ ва шоҳи Саудӣ дар тавофуқи ОПЕК"

Хабаргузории "Райтерз" дар як гузориши ихтисосии худ менависад, ки Владимир Путин, президенти Русия дар ҳалли ихтилофоти Эрон ва Арабистони Саудӣ барои расидан ба аввалин созиши ОПЕК бо Русия дар 15 соли ахир нақши таъйинкунанда доштааст.

Манбаъҳои огоҳ дар ОПЕК ва хориҷ аз ин созмон мегӯянд, ки дахолати Владимир Путин, Муҳаммад бин Салмон, ҷонишин валиаҳди Арабистони Саудӣ ва Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон ва Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар лаҳзаҳои таъйинкунанда қабл аз ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи ОПЕК, ба тавофуқи ахири кишварҳои содиркунандаи нафт кӯмак кард. Нақши Путин ба унвони миёнарав байни Эрон ва Арабистони Саудӣ муҳим буда ва таъкиде аст ба густариши нуфузи Русия дар минтақаи Ховари Миёна пас аз дахолати низомии он кишвар дар ҷанги дохилии Сурия, ки аз сентябри соли 2015 оғоз шуд.

Миёнҷигарии Путин аз замони мулоқоташ бо шоҳзодаи саудӣ дар ҳошияи нишасти кишварҳои "Гурӯҳи-20" дар моҳи сентябри имсол шурӯъ шуд. Ду тараф дар мавриди пешгирӣ аз идомаи коҳиши қимати нафт, ки аз соли 2014 оғоз шуда буд ва даромади хориҷии ҳар ду кишварро ба шиддат коҳиш дод, ба тавофуқ расиданд. Қимати нафт дар ҳафтаи гузашта ҳудуди 10 дарсад афзоиш ёфт ва ба 52 доллар расидааст. Аммо бо вуҷуди ихтилофи назарҳои ду кишвар дар мавриди ҷанги дохилии Сурия, фишори молие, ки ду кишвар ба он рӯбарӯ ҳастанд, заминаро барои тавофуқ байни Русия ва Арабистони Саудӣ, фароҳам кард.

ОПЕК дар нишасти моҳи сентябри худ дар Алҷазоир, барои аввалин бор аз бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонии соли 2008 бо коҳиши тавлиди нафт мувофиқат кард. Дар ҷаласаҳои моҳҳои гузаштаи ОПЕК, бинобар ихтилофи Эрон ва Арабистони Саудӣ дар бораи мизони тавлиди ҳар яке аз ин ду кишвар, тавофуқ ба даст наомад. Арабистони Саудӣ дар баробари тавлидаш мехост Эрон низ мизони тавлиди худро бар асоси саҳмиябандӣ ҳифз кунад. Аммо Эрон исрор дошт, ки тавлиди нафти худро ба давраи қабл аз таҳримҳои байналмилалӣ ва саҳмиябандиҳои қаблии ОПЕК, афзоиш медиҳад. Дар солҳои ахир, бинобар бархе аз бӯҳронҳо дар Ховари Миёна, аз ҷумла ҷангҳо дар Сурияву Ироқ ва Яман, робита миёни Эрон ва Арабистони Саудиро тира кардааст.

Хабаргузории "Райтерз" менависад, ки дар остонаи баргузории ҷаласаи ахири ОПЕК дар Вена, ҳама нишонаҳо манфӣ буд. Қимати нафт рӯ ба коҳиш ниҳода буд ва ихтилофҳои ҳайатҳои намояндагии Эрон ва Арабистони Саудӣ дар ОПЕК бештар мешуд. Ҳатто чанд рӯз қабл аз ҷаласа, Арабистони Саудӣ таҳдид кард, ки агар Эрон тавлиди нафти худро коҳиш надиҳад, Риёз низ тавлидашро афзоиш хоҳад дод.

Вазири нафти Эрон.

Дар чунин шароите, Владимир Путин тавонист Арабистони Саудиро қонеъ кунад, то бахши асосии коҳиши тавлидро бипазирад, ба шарте, ки Эрон дар мавриди пирӯзиаш бар сиёсати Арабистони Саудӣ дар ОПЕК таблиғот ва ҷашни пирӯзӣ роҳандозӣ накунад. Муколамаи телефонии Владимир Путин ва Ҳасани Рӯҳонӣ вазъро ором кард. Як манбаи наздик ба дафтари раҳбари Эрон мегӯяд, пас аз ин муколама Ҳасан Рӯҳонӣ ва Бежан Зангана, вазири нафти Эрон ба дидори Оятуллоҳ Хоманаӣ рафтанд.

Ин манбаъ дар Вена ба хабаргузории Ройтерз гуфт, "Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин мулоқот бар тасмими ҷиддии Эрон таъкид кард, ки таслим нашудан ба фишорҳои сиёсӣ ва напазируфтани коҳиши тавлид дар ҷаласаи Вена буд. Оқои Зангона стратегияи худро шарҳ дод ва Оятуллоҳ Хоманаӣ онро таъйид кард. Дар айни ҳол тавофуқ шуд, ки лоббигарии сиёсӣ бо Владимир Путин бисёр муҳим аст ва раҳбари Эрон ин нуктаро низ таъйид кард."

Рӯзи чаҳоршанбе Арабистони Саудӣ ба коҳиши чашмгири тавлиди нафти худ мувофиқат кард, дар ҳоле, ки Эрон иҷоза пайдо кард, ки тавлиди нафти худро як каме афзоиш диҳад. Ба гуфтаи мақомҳои ОПЕК, вазири нафти Эрон дар ҳошияи ҷаласа дар ин маврид таблиғоте накард. Тавофуқи шаби қабл аз ҷаласа бо кӯмак ва миёнаравии Алҷазоир ба даст омада буд. Вазири нафти Эрон бар хилофи маъмул дар поёни ин ҷаласа аз ҳаргуна изҳори назаре, ки мумкин аст пирӯзии Эрон бар Арабистони Саудиро нишон диҳад, парҳез кард.

Вазири нафти Эрон пас аз ин ҷаласа ба телевизиони давлатии Эрон гуфтааст, ки "мавқеи Эрон собит буд. Муколамаи телефонӣ байни оқои Рӯҳонӣ ва Путин нақши муҳиме иҷро кард ва пас аз гуфтугӯ, Русия аз тарҳи коҳиши тавлиди нафт, ҳимоят кард.

Аммо дар охирин лаҳзаҳо, мавқеъгирии ҳукумати Ироқ ба мушкили аслии ин нишаст мубаддал шуд. Мақомҳои ироқӣ гуфтанд, ки бинобар масорифи зиёди ҷанг бо терроризм, ин кишвар наметавонад тавлидашро коҳиш диҳад. Ба гуфтаи як манбаъ дар ОПЕК, вазири нафти Ироқ, ки аз сӯи ҳамтоёнаш дар нишасти Вена таҳти фишор қарор дошт, дар байни ҷаласа ва дар ҳузури ҳамаи намояндагон, бо нахуствазири Ироқ машварат кард. Ҳайдар Ибодӣ ба намояндаи Ироқ гуфт, "Тавофуқро қабул кун!" ва бо ин тартиб ҷаласаи ОПЕК тавонист ин тавофуқро қабул кунад.