Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави Аҳмадинажод барои буҷаи Эрон


Маҳмуди Аҳмадинажод тарҳи $368-миллиардии буҷаи Эронро ба парлумони ин кишвар ироа кардааст, ки дар он ба коҳиши вобастагии Эрон аз нафт “таваҷҷӯҳи хоса” зоҳир шудааст.

Иқтисоди Эрон пойбанди содироти нафт аст ва фурӯши ин маводи сӯхт аз 40 то 50 дарсади даромади буҷаи кишварро ташкил медиҳад.

Нархи баланди нафт дар чанд соли ахир ба ҳукумати Эрон сармояи зиёд овард, вале мунаққидон мақомотро дар барбод додани ин сармоя муттаҳам мекунанд ...
Аҳмадинажод дар бораи ҳаҷми пурраи буҷа чизе нагуфт ва фақат ишора намуд, ки дар санад “ягон чизи печида ё ғайришаффоф” вуҷуд надорад. Ба гуфтаи ӯ, буҷа бо назардошти он нукта таҳия шудааст, ки дар зарфи панҷ сол иқтисоди Эрон солона ба таври миёна ба 8 дарсад рушд хоҳад кард. Тибқи омори расмӣ, рушди иқтисод дар Эрон соли 2009 ҳамагӣ дуву аз даҳ панҷ дарсадро ташкил додааст.

Раҳим Мембинӣ, муовини раисиҷумҳур дар умури буҷа, ба хабаргузории давлатии ИРНА гуф, ки пешнависи буҷа дар асосӣ нархи тахминии 60 доллар барои як бушка нафти хом таҳия шудааст. Ин дар ҳолест, ки айни хол қимати як бушка нафти хом дар бозорҳои ҷаҳон тақрибан 75 доллар мебошад.

Нархи баланди нафт дар чанд соли ахир ба ҳукумати Теҳрон сармояи зиёд овард, аммо мунаққидон мақомотро дар барбод додани ин сармоя муттаҳам мекунанд.

Аҳмадинажод зимни суханронӣ дар Маҷлиси Эрон гуфт, иҷрои нақшаи баҳсбарангези кумаки молии ҳукумат ба хотири таъмини аҳолӣ бо энержӣ ва маводи озуқа, ки дар аввалҳои моҳи январ аз ҷониби Шӯрои посдорон тасвиб шудааст, аз соли ояндаи молӣ шурӯъ мешавад.

Ҳукумати Эрон умедвор аст, дар се-чаҳор соли оянда аз тариқи таҳкими идораи нархи маҳсулоти бензин, нерӯи барқ, об, орд, шир ва нуриҳои фоиданок беш аз 100 миллиард доллар ҳифз намояд. Қимати онҳо аз ҷониби ҳукумат ба таври сунъӣ дар сатҳи поинтарин нигоҳ дошта мешавад. Қиммати як литр бензин барои эрониҳо ҳамагӣ 10 сент аст ва ин пастарин нархи бензин дар ҷаҳон мебошад.

Раҳбари Эрон ба парлумон гуфт, ки ба хотири ин кумакҳо таварруми ҳарсола ба панҷ дарсад коҳиш меёбад, аммо вай ин мавзӯъро шарҳ надод.

Ин дар ҳолест, ки бино бар омори расмӣ, таваррум дар Эрон 13 дарсадро ташкил медиҳад ва коршиносони мустақил ҳадс мезананд, ки сатҳи таваррум ҳатто аз ин ҳам баландтар аст. Иқтисоддонҳо пешгӯй мекунанд, ки дар кутоҳмуддат идораи нархҳо боиси боло рафтани таваррум хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG