Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли 422 миллион доллар ба Тоҷикистон дар як моҳ


Дар моҳи сентябр ба Тоҷикистон 422 миллион доллар ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин моҳи соли гузашта, 11 дарсад зиёд аст.

Дар як моҳномаи махсуси Созмони Милал дар бораи Тоҷикистон омадааст, ки бо афзоиши муҳоҷирати корӣ, интиқоли пул ба кишвар назар ба 10 соли гузашта зиёдтар мешавад.

Моҳҳои августу сентябр авҷи воридоти маблағ ба Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Масъулини СММ иттилоъ медиҳанд, ки ба Тоҷикистон дар моҳи август аз хориҷ 436 миллион доллари амрикоӣ ворид гардидаст.

Дар назар аст, ки сар аз моҳи оянда то оғози баҳор вуруди маблағ ба кишвар коҳиш ёбад, чун аксари муҳоҷирон ба Ватан хоҳанд баргашт.

Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар 9 моҳи гузашта, бештар аз 708 ҳазор нафар кишварро тарк карда ва тақрибан 397 ҳазор нафари дигар ба Тоҷикистон баргаштаанд. Интиқоли пули бештар ба гуфтаи Созмони Милал, ба ҳадде асароти манфии болоравии қимати маводи ғизоӣ барои хонаводаҳои тоҷикро камтар мекунад, аммо фақат он хонаводаҳоро, ки муҳоҷири корӣ доранд.

Гузориши СММ дар бораи афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон дар ҳоле нашр мешавад, ки дар авоили августи соли 2012, The Economist Intelligence Unit дар гузориши худ навишта буд, дар соли ҷорӣ интиқоли пули муҳоҷирон ба 4 кишвари Шӯравии пешин, аз ҷумла Тоҷикистон ба шиддат кам шудааст.

Дар гузориши The Economist Intelligence Unit мақараш дар Лондон омада буд, дар семоҳаи дувуми соли ҷорӣ ба сабаби поин рафтани нархи нафт дар ҷаҳон, ба бозорҳои молии Русия зарба ворид шудааст ва чунин вазъ ба мизони интиқоли пули муҳоҷирони кории ин чаҳор кишвари ғайринафтӣ низ асари манфӣ гузоштааст.

The Economist Intelligence Unit, ки Маркази мутолеоти иқтисодист, дар гузориши ахири худ мегӯяд, поин рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ дурнамои иқтисоди Русияро тира кардааст ва он метавонад ба кишварҳое, ки дастнигари пулҳои муҳоҷирони кориашон ҳастанд, таъсири харобиовар гузорад. Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷумлаи чунин кишварҳои осебпазир дониста шудаанд.

Соли 2011 пулҳои фиристодаи муҳоҷирони кории тоҷик 42 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил дод. Ин нишондод дар Қирғизистон 28 дарсад, дар Арманистон 11 дарсад ва дар Гурҷистон 7 дарсадро ташкил дод. Дар ин кишварҳо бештар ба пули муҳоҷироне умед мебанданд, ки аслан дар Русия кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG