Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба абарқудрати нав табдил хоҳад ёфт


Чин мегӯяд, нахустин кишварест, ки аз рукуди иқтисодии сартосарӣ ба қавле ҷон ба саломат бурда, дар охири соли гузашта тавонистааст, рушди қобили мулоҳизаи нишондодҳояшро таъмин кунад.

Тибқи пешгӯиҳо, Чин метавонад дар соли оянда ба дуюмин азимтарин иқтисоди ҷаҳон табдил ёбад ва баъд аз ИМА дар канори Ҷопон қарор бигирад.

Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки Чин метавонад дар тамоюли бурунрафт аз бӯҳрони иқтисодӣ пештози дигар давлатҳо шавад. Дар соли 2010 бонк пешгӯӣ мекунад, ки рушди сартосарии иқтисоди ҷаҳонӣ 2,7 дарсадро ташкил хоҳад дод. Вале барои таъмини рушди муназзам ва босуботи иқтисоди ҷаҳонӣ бояд гомҳои муайян бардошта шавад.

Баъди се моҳи рушди муттасили иқтисоди Чин ин кишвар тавонист, ба ҳадафҳояш бирасад ва ба нишондодҳои Ҷопон, дуюмин бузургтарин иқтисоди ҷаҳон, хеле наздик омад.

Айни замон, яке аз мақомоти Бюрои омори давлатии Чин, Ма Ҷиянтанг мегӯяд, ки ҳамоно Чин дар мақоми андак поинтар аз иқтисодҳои азимтарини ҷаҳонӣ қарор дорад: “Муҳим нест, ки дар солҳои охир мақоми Чин аз лиҳози иқтисодӣ кадом будааст. Воқеият ин аст, ки нишондодҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилии мо баъди 100 давлати пешқадамтарин ҷо гирифтааст. Ҷамъияти сершумор, зербинои заифи иқтисодӣ ва захираҳои маҳдуд ва шумори зиёди мардуме, ки дар ҳолати фақр ба сар мебаранд – ҳамаи ин ҳанӯз вазъи воқеии Чин мебошад.”

Бо ин вуҷуд, рушди иқтисоди Чин дар соли 2009 аз марзи тарҳрезишудаи 8-дарсадӣ гузашта 8,7 фоизро ташкил додааст. Назар ба арзёбиҳои иқтисодшиносон, барои Чин рушди ҳадди ақалли 8 дарсад кофист, ки ин кишвар эътидоли иқтисодиашро ҳифз кунад.

Бо нигоҳ ба дастовардҳои Чин дар соли 2009 пешгӯӣ мешавад, ки дар амри муқобила бо бӯҳрон Чин метавонад солҳои оянда пешсафи иқтисодҳои ҷаҳонӣ шавад. Иқтисодшиносони ғарбӣ мегӯянд, ки чунин пешрафт метавонад аз роҳи ташвиқи иқтисоди ин кишвар тавассути таъмини бештари он бо нафт ва дигар молу ашёи содиротӣ муҳайё шавад. Вале, ба қавли оқои Ма, ҳоло давлатмардони ин кишвар дар Пекин ба ин андешаанд, ки таваррум метавонад то андозае пеши роҳи пешрафтҳои иқтисодии Чинро бигирад.

Вай мегӯяд, ки ин бахши масъала бояд ҷиддан назорат шавад. Коршиносони ғарбӣ мегӯянд, ки рушди идомаёбандаи иқтисоди Чин барои нигаҳдории қурби юан мусоидат карда ҳатто барои болоравии он дар муқобили доллари амрикоӣ сабаб шавад. Дар ин ҳолат, моли воридотӣ ба Чин бо қимати камтару муносибтар барои масрафкунандаҳои дохилиаш дастрас хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад, ки ҳоло иқтисоди ҷаҳонӣ ҳам аз зарбаҳои шадиди бӯҳрон тадриҷан ба худ меояд, вале суръати рушди он дар нимаи дуюми соли ҷорӣ эҳтимол дорад сусттар шавад, ба ин далел, ки коҳиши барномаҳои кӯмакрасони давлатӣ шурӯъ хоҳад шуд. Ин гузориш пешгӯӣ мекунад, ки пешравиҳои босуръати Чин дар ниҳоят иқтисоди ҷаҳониро аз рукуд наҷот дода нишондодҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҷаҳон дар охири сол ба 2,7 дар сад баробар шавад. Соли 2009 масалан, нишондоди пастравии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар

Бонки ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад, ки дар соли ояндаи 2011 иқтисоди ҷаҳониро номуайяниҳои қобили мулоҳиза интизор аст, чунки бозорҳои молӣ ҳарчанд ба эътидол омада дубора эҳё мешаванд, вале ҳамоно заъиф боқӣ мемонанд.

Эндрю Бёрнс, раҳбари калони ин гузориш, мегӯяд, ки вобаста ба эътимоднокии вазъи масрафкунандаҳо ва бизнес дар давоми шаш моҳи оянда, ки ҳукуматҳо барномаҳои кӯмакрасонии худро анҷом медиҳанд, нишондодҳои рушд дар соли 2011 метавонад то ҳадди аққали 2,5 дар сад ва то ҳадди аксари 3,4 дар сад боло равад. “Ин яке аз чолишҳои бузурги давлатҳои дар ҳоли рушд ва дорои даромади азим аст, ки ба чӣ тарз барномаҳои кӯмакрасонро боздоранд ва ин чиз боиси хатми ҷараёнҳои эҳёсозии иқтисод нагардад”.

Бёрнс ҳамчунин афзуд, давлатҳое, ки бар асари бӯҳрони иқтисодӣ шадидан зарар диданд, яъне Аврупову Осиёи Марказӣ, метавонанд дар давоми даҳ соли оянда зарбаҳои нав бубинанд. Вай гуфт: “Чунин ҳол метавонад дар шароите ба миён ояд, ки ҳаҷми қарзҳои бефоида афзоиш ёфта ширкатҳои дучори мушкил дар гузоришдиҳӣ азият шаванд. Аз ин хотир, дар ин манотиқ эҳтимоли сар задани даври дуюми бӯҳрон як чизи воқеӣ аст”.

Ҷастин Лин, иқтисодшиноси аршади Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ки набояд интизори анҷоми якшабаи бӯҳрони иқтисодӣ шуд, чунки барои барқарории пурраи иқтисодҳову таъмини мардум бо кор солҳо лозим мешавад.

China Celebrates 60 Years Of Communist Rule
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00


China
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00
XS
SM
MD
LG