Ёдгор Файзов – иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон – гуфт, ки бо гузашти ду моҳ аз замони таъйин шуданаш ба ин мақом аз кори худ чандон қаноатманд нест. Ӯ рӯзи 6-уми декабр дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, талош дорад, ҳарчи зуд мушкили иҷтимоии мардум, аз ҷумла бекорӣ ва дастрасӣ ба манзили зистро ҳал кунад.
- Ёдгор Файзов рӯзи 1-уми октябри имсол дар пайи интиқодҳо аз вазъи тартибот дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ба ин мақом таъйин шуд.
Чолишҳои зиёде ҳастанд. Мушкили аслӣ ин бекорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дастрасӣ ба манзили зист аст.
Радиои Озодӣ: Ду моҳ боз дар мақоми раиси вилояти Бадахшон ҳастед. Раҳбарии Шумо дар минтақа чиро тағйир дод?
Ёдгор Файзов: Муҳимтар аз ҳама, масъалаи тинҷиву амонӣ аст. Мардум дигар дар ҳолати тарсу ҳарос нестанд, ки фардо чӣ хоҳад шуд. Ҳама бо умеди нек ба оянда нигоҳ мекунанд ва замони корҳои ободонӣ аст. Мардум бо чашми худ диданд, ки волоияти қонун бе ягон ҷангу хунрезӣ таъмин карда шудааст. Имрӯз агар ба кӯчаҳои Бадахшон, ба мардум ва омори қонунвайронкуниҳо нигоҳ кунед, хеле тафовут доранд. Ин оғози кор аст ва ҳоло барвақт аст, ки бигӯем ҳама мушкилҳо ҳал шудаанд. Акнун таваҷҷуҳи зиёд ба корҳои ободонӣ, масъалаҳои иқтисодӣ ва таъмини мардум бо ҷои кор ҳам дар дохили вилоят ва ҳам дар берун аз он равона шудааст.
Радиои Озодӣ: Яке аз муваффақиятҳои Шумо дар мақоми раиси вилоятро коршиносон дар пешгирӣ аз сар задани чандин муноқишаҳо арзёбӣ мекунанд. Ин чӣ гуна даст дод? Бо таъсире, ки дар гузашта ҳамчун намояндаи Бунёди Оғохон доштед ё аз роҳи дигар?
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Айёмбеков ва ҳамроҳонаш ба тамошои Душанбе омадаанд"Ёдгор Файзов: Инҷо асосан се омил аст: пуштибонии роҳбарияти олии кишвар, дастгирӣ аз тарафи ниҳодҳои қудратӣ ва ҳимоят аз тарафи худи мардуми вилояти Бадахшон. Бо мардум зиёд кор кардем ва мардум ҳам моро дастгирӣ кард. Албатта, инкор намекунам, ки собиқ корманди Бунёди Оғохон буданам ҳам дар инҷо нақш дошт. Ин мардум маро хуб мешиносанд ва аз нияту мақсади ман огоҳанд.
Радиои Озодӣ: Кадом чолишҳое дар рубарӯи Шумо ҳамчун раиси вилоят қарор доранд?
Ёдгор Файзов: Чолишҳои зиёде ҳастанд. Мушкили аслӣ ин бекорӣ, ташкили ҷойи кор ва дастрасӣ ба манзили зист аст. Ахиран президент хеле кумак карданд ва ба 19 хонаводаи камбизоат бепул хона доданд. Ин корро дар ин шабу руз кӣ мекунад? Таъмини ҷойи кор, рушди инфрасохтор ва ҳам таъмири роҳи Душанбе-Хоруғ аз чолишҳои дигаре ҳастанд. Чолиши дигар волоияти қонунро пурра таъмин кардан аст, чун мардум ба ин чиз нав одат карда истодаанд. Дар умум чолишҳо зиёд аст дар бораи метавон соатҳо суҳбат кард.
Радиои Озодӣ: То ҷое хабар дорем, рӯзи 5-уми декабр бояд номзадии Шумо дар маҷлиси вакилони халқи вилояти Бадахшон тасдиқ мешуд, аммо ин кор ба таъхир гузошта шудааст, чаро?
Ёдгор Файзов: Намедонам, ин хабар аз куҷост. Барои онки ман раиси вилоят шавам, аввал бояд дар маҷлиси маҳаллӣ ваколати як-ду вакиле, ки берун аз вилоят рафтанд ва ё ба корҳои давлатӣ гузаштаанд, қатъ карда шавад. Баъдан дар ҷойи яке аз онҳо агар маро вакил интихоб кунанд, он вақт иҷлосия метавонад маро ҳамчун раиси вилоят тасдиқ кунад. Ҳоло, ки ман вакил нестам, чӣ гуна номи маро тасдиқ кунанд?
Радиои Озодӣ: Ҳамеша мегуфтед, ки ҷинояткорро бояд ҷинояткор гуфт ва ҳатто дар як ҷаласа аз чанд нафари мушаххас ном бурдед. Аммо бархеи он афрод, ки шумо номашонро эълон кардед, дар Душанбе сайругашт карданд ва тибқи баъзе хабарҳо ҳатто дар маросими ифтитоҳи чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун иштирок доштанд. Ин ҳама ба кадом хотир буд?
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Шодихон Ҷамшед: "Ман хидматчӣ ҳастам, дар куҷое гуфтанд, кор мекунам" САДОЁдгор Файзов: Дар Бадахшон зиёданд ҷавононе, ки аз ҳама чиз огоҳ нестанд. Мо хостем, ки онҳо бо чашми худ бубинанд, ки дар дунё чӣ гап аст, чӣ гуна тараққиёт ва ободиҳо аст. Дар байни чаҳор кӯҳ будан имкон намедиҳад, ки инсон мафкураи фаротар дошта бошад. Ба ин хотир ба онҳо гуфтем, ки равед бинед баъд омада мутмаин шавед, ки ба бехатарии онҳо имрӯз ягон чиз таҳдид намекунад. Он масъулиятҳое, ки онҳо ба уҳда гирифтанд, онро иҷро карданд. Қоидаи давлат ҳам ҳамин аст, ҳар чизе, ки ваъда дод, дар гапи худ меистад. Дар соли 2012 низ дар гапи худ истода буд.
Радиои Озодӣ: Шумо аз кори думоҳаи худ ҳамчун раиси вилоят то куҷо қонеъ ҳастед?
Ёдгор Файзов: Қаноатмандӣ аз кор ҳоло барвақт аст.