Раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов дар посух ба талаби гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хоруғ, ки субҳи 6 ноябр дар назди бинои ҳукумат ҷамъ омаданд ва хостанд, ки мақомот посгоҳҳои полисро аз шаҳр бардоранд, гуфт, "ин посгоҳҳо то замони таъмини волоияти қонун ва аз байн рафтани мошинҳои сиёҳшиша амал хоҳанд кард".
Ёдгор Файзов ҳамчунин гуфт, ки шикояти мардумро дар бораи тирпаронии шаби 4 ба 5 ноябр, ки дар он дасти кам як нафар захмӣ шудааст, ситоди байниидоравии амниятӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Як мақоми КДАМ дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ нафаре барои ҳалли ин ҳодиса аз Душанбе ба Бадахшон сафар намекунад ва ситоди байниидоравӣ аз ӯҳдаи ҳалли ин баҳс мебарояд. Ӯ гуфт, ки посгоҳҳо ба ҳеҷ сурат бардошта намешаванд ва бо назардошти вазъи ҳассоси амниятӣ дар минтақа, будани ин посгоҳҳо дар шаҳр зарур аст.
Таҷаммӯи гурӯҳи сокинони Хоруғ дар назди ҳукумат
Як гуруҳ аз сокинони Хоруғ рӯзи 6 ноябр дар назди бинои ҳукумати шаҳр таҷаммуъ карда ва хостаанд, ки дидбонгоҳҳои пулис аз маҳалли зисташон бардошта шавад. Онҳо, ҳамчунин, хостори ин шуданд, ки омилони тирпаронии шаби 4-уми ноябр дар Хоруғ узрхоҳӣ кунанд. Дар ин ҳодиса ҳадди аққал як нафар маҷрӯҳ шудааст.
Як манбаи муътамад дар ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи 6-уми ноябр дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ хабари ҷамъ шудани як гуруҳи ҷавонон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳрро тасдиқ кард ва гуфт, ки теъдоди ҷавонҳо ба беш аз 100 нафар мерасид.
Ба қавли манбаъ, таҷаммуъгарон талаб карданд, ки масъалаи тирпарронии шаби 4-уми ноябр дар маҳаллаи "Тирчит" ё УПД-и шаҳри Хоруғ ҷиддӣ баррасӣ шуда, инчунин, тамоми постгоҳҳои пулис аз дохили шаҳр бардошта шавад. "Талаб доранд, ки касе тирпарронӣ кардааст, узрхоҳӣ кунад", - гуфт манбаъ.
Ҳамсуҳбати мо дар ҳукумати вилояти Бадахшон гуфт, дар робита бо талаби гурӯҳи сокинон дар назди раиси вилоят маҷлиси фаврӣ ҷараён гирифт. Ба ин маҷлис роҳбарони сохторҳои маҳаллӣ даъват шудаанд ва талаби эътирозгарон баррасӣ гардид. Мақомоти вилояти Бадахшон ҳанӯз расман қазияро шарҳ надодаанд.
Шикояти модар ба Ёдгор Файзов
Як сокини шаҳри Хоруғ, ки худро Далер Самадов, муаррифӣ кард, дар суҳбати телефонӣ маълумоти манбаи Радиои Озодиро тасдиқ кард ва гуфт, посгоҳҳо ба равуои рӯзмарраи сокинон халал мерасонад.
Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон ба назди эътирозгарон баромад ва даъвои онҳо шунид. Яке аз эътирозгарон ба Ёдгор Файзов гуфт, писарашро бо тири пластикӣ маҷруҳ кардаанд ва мақомоти пулис аз онҳо ҳимоят намекунад. Ӯ гуфт: “ҳукумат маро суроғ намекунад, милиса суроғ намекунад, ман доди худро ба кӣ гӯям? Писарамро дар пеши чашмам кӯфтанд. Агар ӯ гунаҳкор мебуд, ман худам мегуфтам, ки гирифта баред.”
Видеоро дар инҷо тамошо кунед:
Ёдгор Файзов дар посух гуфт, “ман дарди Шуморо мефаҳмам, бо Шумо розӣ ҳастам. Аммо иттилое, ки ба ман расонданд, ҳамааш баръакс аст. Барои онки ҳақиқат рӯи об барояд, якҷоя меравем ва ҳал мекунем.”
Раиси вилоят ба сокинон гуфт, ки комиссиюни вижа шикояти сокинонро таҳқиқ мекунад.
Дар ҳодисаи Хоруғ Хурсанд Мазоровро муттаҳам карданд
Аз ин пеш, мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ҳодисаи ҳамла ба як постгоҳи БДА дар шаҳри Хоруғ Хурсанд Мазоров, яке аз саркардаҳои ҷавонони ин шаҳрро муттаҳам карданд. Мақомот гуфтанд, шаби 4-уми ноябр як гурӯҳи ҷавонон бо роҳбарии Хурсанд Мазоров талош кардаанд, ки ба постгоҳи БДА ҳамла кунанд.
Ситоди байниидоравии ниҳодҳои қудратӣ шаби 5-уми ноябр бо пахши як гузориши телевизионӣ ҳодисаи ҳамла ба як постгоҳи БДА дар маркази Бадахшонро шарҳ дод.
Талошҳои мо барои гирифтани назари Хурсанд Мазоров бенатиҷа буд. Маълум нест, ки ӯ дар бораи ин ҳодиса чӣ назар дорад.
Ба иттилои мақомот, шаби 4-уми ноябр як гурӯҳи панҷнафарии ҷавонон бо роҳнамоии Хурсанд Мазоров дар маҳаллаи "Тирчит"-и Хоруғ ба мошини хидматии роҳбари постгоҳҳои БДА ҳамла карданд. Манбаъ мегӯяд, ин афрод қасд доштанд бо ин ҳамла ба фаъолияти хидматии кормандони пулис монеа эҷод карда, вазъи Хоруғро ноором кунанд.
Дар шарҳи мақомот гуфта мешавад, ки пас аз ҳамла ба худрави хидматии сардори постгоҳ, пулис маҷбур шуд, ки ба сӯи ҳамлаварон аз силоҳҳои махсус бо тири резинӣ оташ кушояд. Мақомот мегӯянд, ин гурӯҳи ҷавонон фирор кардаанд.
Имтиҳон барои Ёдгор Файзов?
Коршиносон вазъи феълиро имтиҳоне барои Ёдгор Файзов, раиси навтаъини вилояти Бадахшон мехонанд.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, Ёдгор Файзов дар шароите аст, ки бояд ҳам дили мардумро ба даст оварда, ба онҳо кафолат диҳад, ки дигар алайҳи онҳо аз тиру туфанг истифода намешавад. Аз ҷониби дигар ба гуфтаи таҳлилгар, Файзов бояд ба ҳукумати марказӣ ҳам кафолат дода тавонад, ки бе истифода аз силоҳ метавон вазъро дар Бадахшон зери назорат дошт.
Ба назари Абдумалик Қодиров, вилояти Бадахшон бо баъзе хусусиятҳо аз дигар манотиқ фарқ дорад ва мақомот бояд онро ба инобат гиранд.
“Аз ҷумла, усули зурӣ дар Бадахшон ба кор намеравад. Бо зури яроқ ва бозу метавон як муддат вазъиятро таҳти контрол нигоҳ дошт, вале дили мардумро наметавон ба даст овард. Дарди мардумро шунидан зарур аст,” - хулоса кард Абдумалик Қодиров.
Ҳушдори мақомот
Мақомоти тоҷик бовар дорад, ки феълан миқдори зиёди маводи нашъадор ва силоҳ дар марзи Афғонистон ҷамъ шудааст ва барои интиқоли онҳо ба Хоруғ постгоҳҳо монеаи асосӣ шудаанд. Ниҳодҳои қудратӣ ҳушдор додаанд, ки ҳама гуна талоши ҳамла ва таҳдид ба кори пулис бо истифода аз силоҳ "ба таври қотеона пешгирӣ карда мешавад".
Ба иттилои мақомот, феълан дар шаҳри Хоруғ 6 постгоҳи доимамалкунандаи БДА фаъолият дорад. Аммо дар гузориши ниҳодҳои қудратӣ гуфта нашудааст, ки дар пайи ин ҳодиса Хурсанд Мазоров ва ё дигар ҷавонон боздошт шудаанд ё не. Инчунин мақомот аз роҳбари постгоҳҳои доимамалкунандаи БДА дар Хоруғро ном набурдаанд.
Талошҳои мо барои гирифтани назари Хурсанд Мазоров бенатиҷа буд. Маълум нест, ки ӯ дар бораи ин ҳодиса чӣ назар дорад. Мазоров, яке аз ҳафт нафарест, ки аз онҳо роҳбарони ғайрирасмии Хоруғ ном бурда мешавад. Аммо мақомот онҳоро "саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ" дар Хоруғ мехонанд.
Субҳон Ҳамзаалиев: Се нафар захм бардошт
Мақомоти қудратӣ дар ҳоле як гурӯҳи ҷавононро ба ҳамла ба постгоҳи пулис айбдор мекунанд, ки худи ҷавонон ҳодисаро дигаргуна шарҳ доданд.
Аз ҷумла Субҳон Ҳамзаалиев, як сокини 29-солаи Хоруғ, ки мегӯяд аз тири силоҳи пневматикӣ захм бардоштааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки низомиён ба сӯи онҳо тир кушоданд. Ӯ гуфт, ки ҳодиса тахминан соатҳои 11 шаби 4 ба 5 ноябр рух додааст. Ба гуфтаи Ҳамзаалиев, онҳо 4-5 нафар буданд ва тоза аз ҷанозаи тағояш баргашта дар назди дӯкони модараш меистоданд.
Ӯ иддао кард, ки ду мошини навъи "Лендкрузер" ва "Мерседес" ба онҳо наздик шуда, гӯё як нафар аз тиреза ба сӯи онҳо тир кушод. Ҳамзаалиев гуфт, дар ин ҳодиса се нафар, аз ҷумла худи ӯ захмӣ шуд. Ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ, ки "оё шумо аз рӯи ин ҳодиса ба додситонӣ муроҷиат мекунед?", гуфт, “не, боз бурда худи моро маҳкам накунанд".
Ба суоли дигари Радиои Озодӣ дар бораи он ки "оё ӯ ва ҳамроҳонаш талаб карданд, ки посгоҳҳои полис аз шаҳри Хоруғ бардошта шаванд?", гуфт, "на, ман кӣ ҳастам, ки чунин даъво кунам?".
Интиқоди президент аз вазъи тартиботи ҷамъиятӣ
Посгоҳҳои полис дар шаҳри Хоруғ ва дигар нуқоти Бадахшон баъди он гузошта шуданд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як мулоқот бо сокинону мақомоти Бадахшон аз вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар ин минтақаи ҳамсарҳад бо Афғонистон интиқод кард.
Дар мулоқоти 15-уми сентябр дар шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти вилоят интиқод кард, ки, ба гуфтааш, "чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонанд". Баъди ин дар вилоят тағйироти ҷиддӣ шурӯъ шуд, мақомоти ҳукумати вилоят ва сохторҳои додгустариву додситонӣ иваз шуд, дар вилоят амалиёти ҷамъоварии силоҳ ва поккории мошинҳои сиёҳшиша ба роҳ монда шуд.
Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилояти Бадахшон 16-уми октябр бо пахши изҳороте гуфт, ки мақомоти интизомӣ аз саркардагони гурӯҳҳо ва сокинони алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ, 136 силоҳ мусодира шудааст. Дар ин муддат инчунин аз миёни 21 нафар муттаҳам ба ҷиноят, 11 нафарашон ихтиёрӣ ба мақомот таслим шудаанд.