Ҷунайдулло Худоёров, яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, баъди раҳоӣ аз маҳбас гуфт, танқидҳои пайваста аз кори мақомоти ноҳияи Рашт сабаби паси панҷара афтидани ӯ шудааст. Худоёров бо ҷурми ифротгароӣ тақрибан ду солро дар зиндон гузаронд ва рӯзи 28-уми октябр бар асоси қонуни афв озод гардид. Мақомот ӯро ба пайравӣ аз созмони дар Тоҷикистон мамнӯи салафия гунаҳкор карданд. Вай мегӯяд, аз аввал бо ин айб розӣ набуд.
"Хостам, аз қонуншиканиҳо хабардор шаванд, аммо..."
Ин фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 4-уми ноябр дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол ба ин бовар аст, ки танқидҳояш аз кори мақомот ва ифшои баъзе камбудҳо ба онҳо нафоридааст.
"Тобистони соли 2017 аз Русия ба Тоҷикистон омадам. Вақте камбуду ноадолатиҳоро дидам, хостам, онро расонаӣ кунам, то ҳукумати кишвар бохабар шавад ва пеши роҳи баъзе аз қонуншиканҳоро гирад", -- нақл кард ӯ рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ.
Ҷунайдулло Худоёров мегӯяд, он вақт раиси кони ангишти ноҳияи Раштро барои мумфарш накардани роҳ то маҳалли кон ва тасмимҳои мудири маорифро барои ҷамъоварии чормағз аз хонандагон накӯҳиш кард: "Дар бораи Идораи андози ноҳия ҳам дар Фейсбук навиштам. Мутаассифона, чизе иваз нашуд, баръакс, маро даъвату дастгир карданд."
Мақомоти ноҳияи Рашт ҳар гуна даст доштан дар қазияи Худоёровро рад карда буданд. Масъулони ниҳодҳои интизомӣ мегӯянд, ин фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро бо иттиҳоми пайравӣ аз созмони мамнӯи салафия дастгир кардаанд.
Далелҳои мақомот
Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 30-юми январи соли 2018 дар як қарори худ навиштааст: "Шаҳрванд Худоёров Ҷунайдулло ҳангоми будан дар Русия ва деҳаи Яшми ноҳияи Рашт ҷавоноро ба равияи динии салафия даъват карда... иғвоангезӣ ва бадбинии мазҳабиро ба миён овардааст."
Ин дар ҳолест, ки Ҷунайдулло Худоёров гуфт, дар аввал мақомот ба ӯ на дар бораи ифротгароӣ, балки лаб накушодан аз камбудҳои мақомоти ноҳия ҳушдор дода буданд. "Баъдан як рӯз маро ба Вазорати корҳои дохилӣ оварда ва гуфтанд, ки ба зидди ман бар асоси қисми дуи моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст ва бояд се рӯз дастгир кунанд", -- гуфт ӯ.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ҷумлае, ки сарнавиштсоз шуд"
Худоёров мегӯяд, мақомот як шарҳи навиштаи ӯро дар "Одноклассники" маҳаки асосии парвандааш қарор додаанд: "Соли 2015 дар "Одноклассники" матлабе гузошта буданд, ки дар бораи чӣ гуна шинохтани пайравони салафия баҳс мекард. Баъзеҳо мегуфтанд, касе риши дароз дорад ва шимаш кӯтоҳ аст, террористу экстремист аст. Ман навишта будам, ки наход аз Абуҳанифа гирифта, то Сино террористу экстремист бошанд? Ҳамин гапи маро ба ҳайси далел овардаанд."
Дар Тоҷикистон барои тарафдорӣ ва ё гузоштани "лайк" дар зери "маводи ифротиву зиддидавлатӣ" ҷазо пешбинӣ шудааст. То кунун даҳҳо нафарро бо ин ҷурм боздошту зиндонӣ кардаанд. Ҳоло дар Тоҷикистон тарҳе омода шудааст, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоиро аз ҷавобгарӣ барои гузоштани "лайк" дар зери матолибе, ки кинаю адовати милливу мазҳабиро бармеангезад, озод мекунад. Ва он ҳам ба шарте, ки муаллиф аз кардаи худ пушаймон шавад. Гузоштани "лайк" дар зери матнҳое, ки ба гуфтаи мақомоти хусусияти ифротгароӣ ва терроризм доранд, ҳамчунон ҷазои сангин дорад.
"Аз зиндон шикоят надорам"
Далели дигаре, ки мақомот дар парвандаи ифротгароии Ҷунайдулло Худоёров ворид кардаанд, акси риши дарози ӯ дар Фейсбук будааст. Худоёров мегӯяд, "ин аксро яке аз дӯстон ба воситаи фотошоп дуруст карда буд ва ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштам. Онро ҳам дар парвандаи ман ворид кардаанд, ки гӯиё дар ҳақиқат риши ман хеле дароз аст. Бале, ман аз аввал риш доштам, аммо кӯтоҳтар аст."
Ҷунайдулло Худоёров 22 моҳ дар зиндони рақами чаҳори шаҳри Душанбе, ки низомаш умумист, адои ҷазо кардааст. Додгоҳ ӯро ба панҷ соли зиндон маҳкум карда буд. Ба иҷро даромадани қонуни нави афв дар моҳи октябри имсол роҳи ӯро барои барвақттар раҳо шудан аз зиндон кушод. Ба пурсишҳои мо дар бораи вазъи зиндон ӯ гуфт, "шикоят надорад".
"Фақат як дафъа барои суҳбати телефонӣ ҳамроҳи оила, маро ба утоқи ҷаримавӣ бурданд. Ду моҳ дар он ҷо мондам. Як дафъаи дигар аз сӯйи зиндонбоне бесабаб чанд шатта хӯрдам ва дашном шунидам", -- ба ёд овард ӯ. Дар гузашта бархе аз маҳбусони собиқ вазъи зиндонҳои Тоҷикистонро "бад" тасвир карда буданд. Мақомот мегӯянд, шароити зиндон аз хонаҳои сокинон фарқ дорад, вале ба он ҳадде нест, ки иддае дар борааш гап мезананд.
Қасди бозгашт ба Русия, ин бор бо доғи судӣ
Ин фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, тасмим дорад, дубора ба Русия баргардад ва аз пайи барқарор кардани тиҷорати аздастрафтааш шавад. Вай пеш аз он ки ба Тоҷикистон ояд, дар шаҳри Сургут ба фурӯши либосу пойафзол машғул будааст.
Мегӯяд, қасди ӯ барои ошкоргӯӣ ва ҳалли мушкили ҳамдеҳагон талошҳои чандсолаашро барои гирифтани шаҳрвандии Русия барбод дод ва бар илова ба дӯшаш доғи судиро гузошт. "Аз хурдӣ муқобили ҳар гуна қонуншиканӣ ва фасод будам, чун ҷомеаро ба қафо мебарад ва ҳанӯз ба ин фикр ҳастам", -- мегӯяд Худоёров.
Қонуни нави афв дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр қабул шуд ва то ду моҳи дигар пурра иҷро мешавад. Мақомот мегӯянд, то ин дам ҳазорҳо нафарро озод кардаанд, ки бархе аз онҳо барои шарҳнависӣ ва гузоштани "лайк" ё рамзи писандидан дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳкум шуда буданд. Қарор аст, бар асоси қонуни афв дар маҷмуъ ҳафт ҳазор нафар аз зиндонҳо озод шаванд.