Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Ҷунайдулло Худоёров: "Наход барои ҳақгӯӣ одамро говсуд кунанд?"ВИДЕО


Мавҷигул Ғарибова, модари Ҷунайдуллоҳ Худоёров.
Мавҷигул Ғарибова, модари Ҷунайдуллоҳ Худоёров.

Наздикони Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шудааст, аз раисҷумҳур ва мақомот тақозо доранд, то ба парвандаи ӯ холисона расидагӣ шавад.

Наздикони ин сокини Рашт мегӯянд, парвандаи ӯ сохта буда, ҳадаф интиқом аз Худоёров барои интиқодҳояш аст. Аммо мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ки барои боздошти Худоёров далелҳои асоснок доранд.

"Наход барои ҳақрафториаш говсуд кунанд?"

Ҷунайдулло Худоёрови 35-сола, яке аз корбарони фаъоли "Фейсбук" аст, ки аз мақомоти маҳаллии Рашт зиёд интиқод мекард.

Мавҷигул Ғарибова, модари Ҷунайдулло Худоёров мегӯяд, писари ӯро ба хотири интиқодҳояш бо парвандаи сохта боздошт кардаанд. Мавҷигул Ғарибова рӯзи 21-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзандаш барои ободии ватан ва миллат аз камбудиҳои ноҳия интиқод кардааст.

"Вай барои ободии ватан чор даҳан гап задааст, барои ҳамин бурда ӯро маҳбас мекунанд. Бояд ӯро барои ҳақрафториаш бурда говсуд кунанд? Чор нафаре, ки зидди писари ман шоҳидӣ додаанд, ба писарам хусумат доранд",-мегӯяд модари Худоёров.

Модари Ҷунайдулло Худоёров: "Наход барои ҳақгӯӣ одамро говсуд кунанд?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Ҷунайдулло Худоёров рӯзи 22-юми январи соли равон аз тарафи кормандони Раёсати корҳои дохилии Рашт боздошт шуда ва панҷ моҳ аст дар СИЗО-и ноҳияи Фирдавсӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Ҷунайдулло Худоёров.
Ҷунайдулло Худоёров.

Модари Худоёров дар муроҷиат ба раисҷумҳур ва мақомот аз онҳо мехоҳад то парвандаи писараш холисона баррасӣ шавад. Ин сокини ноҳияи Рашт ба қавли наздиконаш дар Русия муҳоҷир буд ва дар зимистон ба зодгоҳаш омада ронандагӣ мекард.

Наздикони Худоёров мегӯянд, парвандаи ӯ аз оғоз сохта буд ва шахсоне ҳам зидди Худоёров нишондод доданд, ки нисбати ӯ хусумат доранд. Аз ҷумла Мавлуда Ғарибова, модари Ҷунайдулло мегӯяд, солҳои қабл чанд директори мактаб бар асоси навиштаҳои писараш муҷозот шуданд ва ҳоло маҳз инҳо аз писараш интиқом мегиранд.

Ба гуфтаи наздикони Худоёров, сарварони макотибҳои 18 ва 35 маҳз бар асоси шикояти Ҷунайдулло Худоёров аз мақомҳояшон барканор шуданд ва акнун бар зидди фарзанди онҳо нишондод додаанд. Аммо афроде, ки алайҳи Худоёров нишондод додаанд, нахостанд дар ин бора сӯҳбат кунанд. Онҳо баъди шунидани масъала, гӯшии телефонро гузоштанд.

"Як агар: далели аслӣ зидди Ҷунайдулло"

Наздикони Ҷунайдулло Худоёров дар ҳоле ба бегуноҳӣ ва сохта будани парвандааш таъкид мекунанд, ки мақомот мегӯянд барои иттиҳомҳои эълоншуда алайҳи ин сокини Рашт далелҳо доранд. Аз ҷумла, мақомот дар парвандаи Худоёров навиштаанд, ӯ дар масҷиди зодгоҳаш бо тарзи равияи мамнӯи "Салафия" намоз гузошта, "таълимоти мазҳаби Ҳанафияро инкор кардааст."

Ҷунайдулло Худоёров.
Ҷунайдулло Худоёров.

Аммо далелӣ аслӣ, ки Худоёров бо такя ба он ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад, ин як навиштаи ӯ аст, ки ба қавли мақомот дар саҳифааш дар шабакаи "Одноклассники" иншо кардааст. Дар қарори ба ҷавобгарӣ кашидани Ҷунайдулло Худоёров, ки нусхааш ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, ки Худоёров бо навишти ин ҷумла, узвияти худ дар ҳаракати мамнӯи “Салафия” тасдиқ намудааст. Мақомот мегӯянд, Худоёров дар саҳифаи худ дар "Одноклассники" навиштааст:

"Бародарон Салафия мегуфтанд ман гумон мекардам, ки ягон амалҳои зиди дини ислом мекунад! Агар манзур аз Салафия пушонидани либоси суннатӣ, шиму почаҳояш кутоҳ, оминро баланд гуфтан, мубориза ба зидди ширку хурофоту падидаҳои нав дар Ислом бошад, пас ман Салафия ва мазҳабам Салафия аст!!!"

Тасдиқи иддаои мақомоти тафтишотии Тоҷикистонро феълан имкон надорад. Саҳифаи Ҷунайдулло Худоёров дар шабакаи "Одноклассники" пӯшида аст ва маълум нест, ки Худоёров ҷумлаи дар боло зикршударо иншо кардааст ё хайр. Мақомот мегӯянд, ин навиштаро зимни азназаргузаронии телефонии мобилии Худоёров пайдо кардаанд.

Дар ҳамин ҳол як мақоми наздик ба тафтишот рӯзи 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши парвандаи Ҷунайдулло Худоёров анҷом ёфта, унвонии Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол шудааст. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, Худоёров акнун метавонад дар додгоҳ барои бегуноҳиаш талош кунад.

"Имомхатиб гуфт, ки зери фишор нишондод додааст"

Қазияи Ҷунайдулло Худоёров аз оғоз норӯшаниҳои зиёде дорад. Аз ҷумла баъзе аз шоҳидони парвандаи Худоёров баъдан гуфтанд, ки зери фишор алайҳи ӯ нишондод додаанд. Фатҳулло Назриев, имомхатиби як масҷиди панҷвақтаи ноҳияи Рашт ба муроҷиат ба президент гуфт, таҳти фишори корманди маҳаллии милиса ба Ҷунайдулло Худоёров тӯҳмат намуда, ӯро дар пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" гунаҳгор кард.

Ҷунайдулло Худоёрови 35-сола, яке аз корбарони фаъоли "Фейсбук" аст, ки аз мақомоти маҳаллии ин ноҳия зиёд интиқод мекард. Ҷунайдулло аз ҷумла дар саҳифааш дар "Фейсбук" раиси Кони ангишти ноҳияро танқид кардааст, ки роҳи мошингарди тарафи конро, таъмир накардааст. Дар як навиштаи дигар Шӯъбаи маорифро барои дар ивази пули қарзи китоб аз талабаҳо ҷамъ кардани чормағзро танқид кардааст. Идораи андози ноҳия ҳам аз ӯ дар "Фейсбук" танқид шунидааст.

XS
SM
MD
LG