Мақомоти интизомии ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Худоёров яке аз корбарони фаъоли Фейсбукро барои навиштаҳои танқидиаш дар бораи камбудиҳои ноҳия, ба “даъвати оммавӣ барои тағйир додани сохти конститутсионӣ” муттаҳам кардаанд.
Ҷунайдулло Худоёров рӯзи 22-уми январ боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт нигоҳдорӣ мешавад. Дар ҳоле, ки наздиконаш боздошти Худоёровро ба изҳори назарҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "Фейсбук" рабт медиҳанд, ходимони пулиси Душанбе дар шарҳи боздошти ӯ кӯтоҳ мегӯянд, “як бефаҳмӣ кардааст”.
Фарҳод Худоёров бародари Ҷунайдулло рузи 28 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, барои дифоъ аз бародараш вакили мудофеъ гирифтаанд то дар қазияи ӯ ҳимоят кунад.
“Бародари ман худро гунаҳкор намедонам, зеро фақат дар бораи камбудиҳои ҷойдошта навиштааст” – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ
Ҷунайдулло аз ҷумла дар саҳифааш дар Фейсбук раиси Кони ангишти ноҳияро танқид кардааст, ки роҳи мошингарди тарафи конро, таъмир накардааст. Дар як навиштаи дигар Шӯъбаи маорифро барои дар ивази пули қарзи китоб аз талабаҳо ҷамъ кардани чормағзро танқид кардааст. Идораи андози ноҳия ҳам аз ӯ дар Фейсбук танқид шунидааст.
Бародараш мегӯяд, вақте Ҷунайдуллоро барои пурсиш ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия даъват карданд, муфаттиш ҳамин навиштаҳои ӯро дар миён гузоштааст. Ба ҷазо кашидани нафаре, ки барои ислоҳи камбудӣ дар ноҳия садо баланд карда, ҷазор гирифтааст, аввалин бор нест.
Мақомдорон бо ин роҳ амали нафари танқидкунандаро ҳамчун “авбошӣ” ва ё “тундравӣ” шарҳ дода камбудиро пинҳон медоранд.
Шоҳидон мегӯянд, Ҳикматулло Мардонхоҷаев, сокини кӯчаи Рӯдакии шаҳраки Ғарм, моҳи июли соли 2017 баъди як ҷамъомади расмӣ дар бораи рафъи оқибатҳои сел дар маркази ноҳия боздошт шуд.
Ҳикматулло Мардонхӯҷаев дар инҷо аз намояндагони мақомоти ноҳия гила кардааст, ки “дар масҷидҳо мардум пул месупорад ва дар ҳар иду ҷашнҳо аз мардум пул ҷамъ оварда мешавад, вале чаро дар рӯзе, ки хонаҳои мардум хароб шудааст, мақомоти ноҳия чораҷӯӣ намекунад”.
Ӯ дар бораи оқибатҳои сели ноҳия сӯҳбат кардааст, ки ба хонаҳои чандин нафар осеб расонд. Мардонхоҷевро барои гап ба “авбошӣ” гунаҳкор дониста ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум карданд.
Баъди ин Муъминшо Қаюмов, раиси ҷамоати Ғарми ноҳияи Рашт, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Мардонхӯҷаев, “каме нофаҳмӣ кард ва аз кардаи худ пушаймон аст”.
Мардуми огоҳ мегӯянд, ки мақомот бо ин шеваи бархӯрд бо мардуми оддӣ, ҳуқуқи онҳо ба озодии баёнро зери по мекунанд. Ҳаққе, ки қонунҳои Тоҷикистон ба ҳар шаҳрванди кишвар додааст ва зери по кардани ин ҳақ худаш қонуншиканӣ аст.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, борҳо шоҳиди шикоятҳои рӯзноманигорон ва ҳам сокинони оддӣ шудааст, ки пас аз танқиди кору фаъолияти мақомоти ноҳия, дучори мушкил шудаанд.
“Таҳаммулнопазирӣ дар баробари танқид аз тарафи мақомдорон воқеан мушоҳида мешавад. Агар шумо огоҳ бошед дар ноҳияи Мастчоҳ баъди он ки як омӯзгор соҳаи маорифро танқид мекунад аз мактаб ихроҷ шуд ва ё дар ноҳияи Ашт як рӯзноманигори маҳаллӣ аз камбудиҳои ҷойдоштаи муасисаи таълимӣ мақола нашр карду мавриди таъқиб қарор гирифт. Мақомдорон бо ин роҳ амали нафари танқидкунандаро ҳамчун “авбошӣ” ва ё “тундравӣ” шарҳ дода камбудиро пинҳон медоранд” – гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.
Нуриддин Қаршибоев афзуд, бо чунин бархӯрди мақомот, мардум аз тарс дигар камбудиҳои ҷойдоштаро намегуянд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон мақомоти Тоҷикистонро пайваста барои маҳдуд кардани ҳаққи озодии баён танқид карда ва хостаанд, монеи дигарандешӣ ва нашри назарҳои гуногун дар матбуот нашавад.