Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳидони "худӣ" ва "бегона" дар парвандаи Ҷунайдулло Худоёров?


Ҷунайдулло Худоёров.
Ҷунайдулло Худоёров.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳафтаи равон ба баррасии парвандаи Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба "салафигароӣ" муттаҳам аст, оғоз кардааст. Баъзе аз шоҳидон дар мурофиаи рӯзи сешанбе гуфтаанд, ки Худоёров "ҳангоми намоз дастонашро ба ду тараф рост мекард ва баъди адои фарз суннатро намехонд".

Аммо хонаводаи Ҷунайдулло Худоёров иддао доранд, афроде, ки ба бегуноҳии ӯ дар вақти пурсиши Додситонии кул баёнот дода буданд, ба мурофиа даъват нашуданд. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, имоми масҷиди деҳаи Яшми ноҳияи Рашт Фатҳулло Назриев ба ин мурофиа даъват нашудааст.

Ҷунайдулло Худоёров рӯзи 22-юми январи соли равон аз тарафи кормандони Раёсати корҳои дохилии Рашт боздошт шуд.

Назриев қаблан гуфта буд, таҳти фишори корманди милисаи ноҳия зери аризае имзо гузошт, ки дар он Ҷунайдулло Худоёров ба узвият дар равияи мамнӯи “Салафия” муттаҳам карда шудааст.

Як корманди котиботи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 28-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи сешанбе мурофиаи сокини ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Худоёров сурат гирифт. Ӯ афзуд, мурофиа таҳти раёсати додрас Сафарбек Нуралиев идома кард ва аслан шоҳидон аз ноҳияи Рашт даъват шуда буданд.

"Дар ҷараёни мурофиа аз ҷониби айбдоршаванда вакили дифои Ҷунайдулло Худоёров ва наздикони ӯ ҳузур доштанд. Шоҳидонро касе ҷудо накардааст. Ҳамашон ба суолҳои додрас посух хоҳанд гуфт", - афзуд ӯ.

Фарҳод Худоёров, бародари Ҷунайдулло Худоёров, рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, зоҳиран дар мурофиаи ин фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳидон ба "худӣ" ва "бегона" ҷудо шудааст. Ӯ гуфт, "дар мурофиа Ҷондоршоҳ Кишваров, мудири собиқи мактаби деҳаи мо даъват шуд, ки чанд сол қабл бар асоси шикояти бародарам аз мактаб ронда шудааст. Баёноташ ҳадафмандона аст. Писаронаш ҳам дар додгоҳ буданд. Онҳо гуфтанд, ки Ҷунайдулло "салафӣ" аст. Ба ҳайси далел гуфтанд, ки пойҳояшро ҳангоми намоз васеъ мегузошт ва суннатро намехонд."

Мавҷигул Ғаробова, модари Ҷунайдуллоҳ Худоёров.
Мавҷигул Ғаробова, модари Ҷунайдуллоҳ Худоёров.

Ӯ афзуд, вакили дифоъ аз додраси мурофиа ба таври хаттӣ хостааст, шоҳидонеро, ки номашон дар парванда ҷой дошт, даъват кунад. "Фатҳулло Назриев, Мирхӯҷа Сафаров, Азизхӯҷа Зоиров, Абдуллоҷон Назриев ва Камолиддин Аҳмадов дар вақти тафтишоти додситонӣ даъват шуда буданд. Номашон дар парванда зикр шуда буд. Вале ҳоло номашон аз парванда ҳазф шудааст ва ба мурофиа низ даъват нашуданд",- афзуд ӯ.

Фатҳулло Назриев, имоми масҷиди деҳаи Яшми ноҳияи Рашт, рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ӯ ба мурофиаи додгоҳӣ ба Душанбе даъват нашудааст. “Агар даъват мекарданд мерафтам. Лекин аз Душанбе ҳеҷ даъватнома наомад”, - гуфт ӯ.

Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли “фейсбукӣ” аз ноҳияи Рашт рӯзи 22-юми январи соли равон аз тарафи кормандони Раёсати корҳои дохилии Рашт боздошт шуд. Ӯ панҷ моҳ боз дар СИЗО нигоҳдорӣ мешавад. Дар сурати гунаҳкор эътироф шудан, ӯро на кам аз 5 соли зиндон интизор аст.

XS
SM
MD
LG