Шоҳқосим Шоҳисломов – сафири Узбакистон дар Тоҷикистон – изҳори умед кард, ки ба зудӣ низоми раводид ё виза барои сокинони минтақаҳои наздимарзии ду кишвар бардошта хоҳад шуд. Ӯ рӯзи 7 март дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин масъала феълан дар дасти баррасии коршиносон аст. Шоҳисломов афзуд, барои шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ба истиснои афроди муттаҳам дар ҷиноят, дар муддати то як ҳафта виза дода мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар умум бо дарназардошти вазъи минтақа ва хатарҳои ҷаҳонӣ сӯҳбат дар бораи содда кардани худи низоми умумии раводид ҳанӯз барвақттар аст.
“Алоқамандони сафар аз Тоҷикистон ба Узбакистон зиёданд”
Шоҳқосим Шоҳисломов: “Шахсан ҷонибдори соддашавии комили муқаррароти виза ҳастам. Ба унвони сафир қавл медиҳам, ки барои визагирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафорати мо ҳеҷ монеа вуҷуд надорад. Баъзе афрод сарусадо паҳн мекунанд, ки гирифтани виза дар сафорати Узбакистон бағоят душвор ё аслан ғайриимкон аст. Набояд ба чунин ҳарфҳо бовар кард. Ман кафолат медиҳам, ки дар тӯли як ҳафта ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонад визаро бигирад. Албатта, ба ҷуз аз афроде, ки барои нақзи қонунгузорӣ, қочоқи маводи мухаддир ё иштирок дар ҷангҳои мусаллаҳона ба рӯйхати сиёҳ шомил шудаанд. Барои шаҳрвандони дигари Тоҷикистон ҳеҷ монеа вуҷуд надорад. Ҳоло мо ба бахши сайёҳӣ таваҷҷӯҳи бештар медиҳем, зеро дар Тоҷикистон алоқамандони сафар ба Узбакистон зиёд аст. Дарҳои мо барои ҳама боз аст, мо бо ширкатҳои сайёҳии Шумо ҳамкорӣ мекунем. Ба ҳамаи ширкатҳои сайёҳӣ зарфият ва имконоти ҷаҳонгардӣ дар Узбакистонро муаррифӣ мекунем. Дар мавриди сокинони минтақаҳои наздимарзӣ мо шароити омаду рафтро соддатар мекунем. Ҳоло мақомоти ҳар ду кишвар санадеро баррасӣ мекунанд, ки муқаррароти роҳандозии низоми виза ё раводид миёни ду кишвар аз соли 2000-ро таҷдиди назар мекунад. Ҳоло баррасии ин мавзӯъ миёни коршиносони ду кишвар идома дорад ва мо умед дорем, ки минбаъд сокинони минтақаҳои наздимарзӣ метавонанд бидуни виза ба қаламрави кишварҳои якдигар сафар карда, бо хешовандону дӯстонашон мулоқот дошта бошанд. Дар умум бо дарназардошти вазъи минтақа ва хатарҳои ҷаҳонӣ сӯҳбат дар бораи содда кардани худи низоми умумии раводид ҳанӯз барвақттар аст.”
“Ҳуҷҷатҳо дер расиданд”
Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, дар робита ба мушкили иртиботи ҳавоӣ, ки ҳафтаҳои ахир дар равобити миёни Душанбе ва Тошканд зиёд матраҳ мешавад, мехостем, андаке рӯшанӣ андозед. Ба бовари Шумо, ҷониби Тоҷикистон чӣ корро бояд анҷом диҳад, ки сафарҳои мунтазами ҳавоӣ ба зудӣ роҳандозӣ шавад?
Шоҳқосим Шоҳисломов: “Ҷониби Тоҷикистон ҳамаи ҳуҷҷатҳоро барои оғози парвозҳо ба Узбакистон сари вақт ба Тошканд ирсол накард. Барои роҳандозии парвозҳои як ҳавопаймо бояд ҳамаи мақомоти Узбакистон, аз ҷумла нерӯҳои зиддиҳавоӣ, гумрук, марзбонӣ, андоз огоҳ карда шаванд. Ин фурсат металабад. Мутаассифона, мо ин ҳуҷҷатҳоро дер дастрас кардем ва ҳоло онҳо дар дасти баррасӣ ҳастанд. Фикр мекунам, дар моҳи ҷорӣ “Сомон Эйр” парвозҳои худро ба Узбакистон шурӯъ мекунад. Умед дорам, раванди баррасии ҳуҷҷатҳо дар ҳоли анҷомёбӣ аст. Нахустин парвози ҳавопаймои ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” бояд 4 апрел сурат бигирад. Ду парвози ҳавопаймои ин ширкат ба рӯйхати тобистонаи парвозҳои “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” шомил карда шудааст ва дигар ҳеҷ мушкилро ман дар ин замина намебинам, зеро раҳбарияти ду кишвар дар ин бора тасмими сиёсии ниҳоӣ гирифтаанд. Бояд танҳо ин супоришҳо оқилона иҷро шаванд.”
“Нархи билет мувофиқи ҷайби сокинони оддӣ бошад, на тоҷирону мақомдорон”
Радиои Озодӣ: Бархе аз коршиносони тоҷик ишора мекунанд, гӯё интихоби ширкати хусусии “Сомон Эйр” барои анҷоми парвозҳо ба Тошканд чандон ба мақомоти Узбакистон хуш наомадааст. То куҷо чунин андеша воқеият дорад?
Шоҳқосим Шоҳисломов: “Ин назар ғалат аст. Мо гуфтем, ҳар ширкатеро, ки ҳукумати Тоҷикистон барои парвозҳо ба Тошканд интихоб мекунад, онро қабул дорем – “Сомон Эйр” аст “Тоҷик Эйр” – фарқ надорад. Ин ҳаққи Тоҷикистон аст ва мо наметавонем ба ин кор мудохила кунем. Ҳоло зудтар раванди таҳияи ҳуҷҷатҳо анҷом шавад, то намояндаи “Сомон Эйр” тавонад, кори худро дар Тошканд оғоз кунад. Зеро агар парвозҳои ин ширкат шурӯъ шаванд, бояд аз онҷо низ билет фурӯхта шавад. Охир, ҳавопаймо наметавонад бидуни мусофир ба Душанбе баргардад. Намояндаи ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” тақрибан як моҳ аст, ки дар Душанбе аст ва кор мекунад. Ахиран, вай ҳатто ба унвони андозсупоранда расман сабти ном карда шуд. Намояндаи “Сомон Эйр” низ бояд ба ин тартиб дар Узбакистон сабти ном шавад. Танҳо эроде, ки дорам, шахсан маро нархи билети парвоз нигарон кардааст. 145 доллар барои парвози 45-дақиқаӣ ин хеле зиёд аст. Ман дар ин бора бо мақомоти ҳавонавардии ҳар ду кишвар сӯҳбатҳо доштам. Мо ин масири парвозро танҳо барои сафари тоҷирон ва мақомот боз намекунем, бояд мардуми оддӣ бо нархҳои дастрас низ тавонанд ба кишварҳои якдигар парвоз кунанд. Барои шаҳрвандони оддӣ пардохти ин маблағ барои парвоз дар як самт душвор аст. Ҳоло бо мақомоти ҳар ду ширкати ҳавоӣ барои арзон кардани нархи билет музокирот ҷараён дорад, то ки мардуми оддӣ низ тавонанд аз ин масири ҳавоӣ истифода кунанд.”
Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, ташаккур барои сӯҳбат ва муваффақ бошед.