Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Тоҷикистон барои поккории минаҳо дар марз бо Узбакистон


Ҷониби Тоҷикистон қасд дорад, ки барои поккории марзҳои минакоришуда ба ҳукумати Узбакистон пешниҳоди тоза фиристад. Онҳо мехоҳанд, ҳукумати нави Узбакистон ба раҳбарии Шавкат Мирзиёев харитаи ҷойгузорӣ шудани минаҳо дар марз бо Тоҷикистонро пешниҳод ва бо ҳамкории дуҷониба марзи ҳар ду кишварро аз минаҳо пок кунанд.

Аз рӯи ҳисобҳои мақомоти тоҷик, тахминан 9,5 километри мураббаъ ҳудудҳои марзии Тоҷикистон минакорӣ шудааст. Дар марз бо Узбакистон маконҳое минагузорӣ шудаанд, ки ҳанӯз хати марз муайян нашудааст. Аммо дар ин ҳудуд давоми 15 соли ахир дар пайи таркиши минаҳо, 81 сокини вилояти Суғд осеб дида, 78 нафар ҳалок шудаанд. То кунун бинобар мушаххас нашудани хатти марз миёни ду кишвар, ҷониби Тоҷикистон ба танҳоӣ наметавонад ин минтақаро аз минаҳо тоза кунад.

Мушкили калидии мақомоти тоҷик дар набуди харитаи майдонҳои минакоришуда аст, ки дар давоми 17 соли охир ҳеҷ гоҳ дастрас нашудааст. Талоши миёнҷигии созмонҳои байналмилаӣ дар миёни ду ҳамсояи наздик ҳам дар ин замина бенатиҷа анҷомидааст.

Нармиш дар равобити Тоҷикистон ва ҳукумати нави Узбакистон баъди даргузашти президент Ислом Каримов моҳи сентябри соли 2016 умеди масъулони барномаи поккорӣ аз минаро ҳам барои суръат бахшидани талошҳои безарарсозии заминҳои Тоҷикистон бештар кардааст.

Узбакистон дар соли 2000 бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯёни ифротӣ марзи худ бо Тоҷикистонро минакорӣ кард.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон

Як мақоми ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 15 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи поккории минаҳо қарор аст бо ҷониби Узбакистон охири моҳи март матраҳ шавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бинобар фасли сардӣ ва барфҳо кор дар минтақаҳои минакоришуда имконнопазир аст. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, мушкили калидии онҳо дар набуди харитаи дақиқи майдонҳои минакоришуда ва аломатгузорӣ нашудани марз аст, ки дар давоми 17 соли охир монеи поккории минаҳо шудааст. Талоши миёнҷигии созмонҳои байналмилаӣ дар миёни ду ҳамсояи наздик ҳам дар ин замина бенатиҷа анҷомидааст.

Узбакистон бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳудуди 900 километр марзи муштарак дорад. Ҳашт ноҳия дар ин вилоят дар марз қарор доранд, вале майдонҳои минакоришуда бештар дар шаҳрҳои Исфара ва Панҷакент боқӣ мондааст.

Муҳаббат Иброҳимзода, раҳбари “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба минаҳо” рӯзи 14 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар вилояти Суғд онҳо бештар ба фаъолиятҳои огоҳкунӣ миёни сокинон машғуланд. Вале то ҳол дар ин минтақа корҳои поккорӣ анҷом надодаанд.

Дин Муҳаммад, мудири Бунёди Фонди Шветсария оид ба безараргардонии минаҳо дар Тоҷикистон, ки бар асоси як лоиҳа дар ноҳияи Дарвозу Шӯрообод дар амри поккории минаҳои даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кор мекунад, гуфт, “мо ҳоло минтақаҳои эҳтимолиро аломатгузорӣ мекунем, ки мардум аз хатар эмин бошад.”

Узбакистон як далели минакорӣ шудани марзҳояшро ба ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯён рабт медиҳад
Узбакистон як далели минакорӣ шудани марзҳояшро ба ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯён рабт медиҳад

Ҳоло сокинони навоҳии наздик ба марзи Узбакистон бо хуб шудани равобити ду кишвар умедворанд, ки майдонҳои минакоришуда поккорӣ мешавад ва онҳо озодона имкони чарондани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва бидуни ҳарос сайругашт кардан дар наздикии марзро хоҳанд дошт.

Абдуҷалил Азизови 52-сола, як сокини деҳаи Лаққони шаҳри Исфара, аз аввалин нафаронест, ки соли 2001 аз таркиши мина дар марз бо Узбакистон пойи чапашро аз даст дод. Он соли мудҳиш ӯ 36-сола буд ва мисли даҳҳо дигар ҳамдеҳагонаш аслан хабар надоштанд, ки майдонҳои атрофи деҳаи онҳо дигар амну осоишта нестанд. Дарди маъюбии ӯ имрӯз ҳам аз худ дарак медиҳад, вале мегӯяд, бисёр умедвор аст, ки баъди хуб шудани муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон, корҳои амалӣ дар самти безараргардонии заминҳо сурат мегирад ва фарзандону наберагони онҳо дар шароити амну бехатар зиндагӣ хоҳанд кард.

“Ҳоло ҳам сокинон бо тарс гаштугузор мекунанд. Орзу дорем, ки майдонҳо тоза мешаванд ва мардум озодона корҳои деҳқониашонро мекунанд. Намехоҳам, ки дигарон мисли ман маъюб шаванд”, - гуфт ӯ.

Саидғуфрон чанд соли пеш дар пайи таркиши мина аз даст маҳрум шудааст
Саидғуфрон чанд соли пеш дар пайи таркиши мина аз даст маҳрум шудааст

​Вале дарди Урунбой Субҳонов, сокини шаҳри Панҷакент, даво надорад. Ду сол пеш дар як фоҷиае, ки зиндагии ин хонаводаро ба даврони то ва баъди таркиш ҷудо кард, писари 28-солаи Урунбой - Сиддиқ Субҳонов нобуд шуд. Ӯ тасодуфан по рӯи мина гузошт ва ҷони ҷавонашро аз даст дод. Ин мард бисёр мехоҳад, ки фоҷиаи ҷигарбанди ӯ дигар такрор нашавад ва ҳукуматҳои ду кишвар ниҳоят ба мувофиқа расанд ва заминҳо орӣ аз мина шаванд.

Давоми 17 соли гузашта, танҳо дар манотиқи марзии ҷамоати Фароби шаҳри Панҷакент ҳадди ақалл 20 сокини маҳаллӣ қурбони бархӯрди тасодуфӣ бо мина шудаанд – 10 нафари онҳо кушта шуданд. Зокирбой Урунов, раиси ҷамоати Фароб гуфт, то замоне ки майдонҳои ин минтақа аз мина пок нашавад, сокинон ба таври дуруст корҳои деҳқониашонро пеш бурда наметавонанд. “Аз тарси мина сокинон чарогоҳ ва заминҳои киштро наметавонанд дуруст истифода кунанд”, - гуфт ӯ.

Бино ба иттилои Маркази миллии Тоҷикистон оид ба поккорӣ аз минаҳо тайи даҳ соли охир 190 майдони мина дар 14 ноҳияи кишвар, ба вижа дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон поксозӣ шудааст. Дар Тоҷикистон дар 20 соли ахир аз таркиши минаҳо 490 нафар осеб ва 375 нафар ҳалок шудаанд, ки 90 дарсади онҳо сокинони осоиштаанд. Тибқи маълумоти СММ дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор минаи гуногун маҳфуз аст. Бар асари таркиши онҳо соле то 4 нафар ва беш аз он дар аксари ҳолатҳо дучори садамаҳои марговар мешаванд.

Аз шумори умумии зарардидагон 30 дарсад кӯдакон ва 10 дарсадро занон ташкил медиҳанд. Ҳоло сокинон умедворанд, бо хуб шудани муносибот бо Узбакистон майдони минаҳо дар шимоли кишвар поккорӣ мешавад ва ҷилави марги эҳтимолии даҳҳо нафари дигар гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG