Бештар аз як ҳафта мешавад, ки хонаводаи Пап аз вилояти Транскарпатияи Украина ҳамаи корро мекунанд, то 6 кӯдакаш дар хиёбонҳои Будапешт ором хобанду азоб накашанд.
Ева Пап ва кӯдаконаш баъди оғози таҷовузи Русия аз Украина гурехтанд. Чанде пеш ҳукумати Маҷористон додани кӯмакпулӣ барои иҷораро ба онҳо қатъ кард, чун мегӯяд, зодгоҳҳои онҳо ҳоло амн аст.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ева Пап мегӯяд, оилаи онҳо аз 9 нафар иборат аст ва онҳо барои зиндагӣ аз як истгоҳи роҳи оҳан ба дигараш мераванд.
“Дар баъзеаш хобидем, аз дигарон пеш карданд, мисли инҷо. Акнун бояд ҷойи дигар биравем. Кӯдаки 7-моҳа дорем ва бо худ мегардонем. Кӯдакам бемор шудааст. Мактаб ҳам сар шуд. Бачаҳо бояд ба мактаб раванд. Рӯзҳои сард мерасанд. Ман ин аҳволро ба ҳеҷ кас, ҳатто ба ҳайвон ҳам орзу намекунам,”-бо алам нақл мекунад ин гуреза.
Ева Пап ва 6 кӯдакаш саъй доранд, дар Истгоҳи роҳи оҳани Будапешт бихобанд.
Магдолна Сезӣ, корманди идораи ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, ин одамон мақоми паноҳҷӯро доранд, барои ҳамин Маҷористон онҳоро қабул кард ва гуфт, ки сарпаноҳ медиҳад. Вале ба гуфтаи Сезӣ, ҳукумат фақат нисфи масъулияташро иҷро кардааст, чун сарпаноҳ намедиҳад. “Аз ин рӯ онҳо метавонанд, дар Маҷористон бимонанд, вале мисли мардуми бехона. “
Баъди қабули қарори нав дар Маҷористон, ҳазорон паноҳҷӯ бехона мондаанд. Ба гуфтаи Созмони Милал ин қарор бахусус аҳволи лӯлитаборони Украинаро бад кардааст, ки дар канораҳои Будапешт зиндагӣ мекарданд. Ҳақ надоранд, тамоми шаб дар истгоҳи роҳи оҳан бимонанд. То замоне, ки созмонҳои хайрия барояшон хона наёбанд, дар кӯчаҳо мехобанд.
Пайдо кардани ҷойи амну покиза барои хобидан дар шаб осон нест. Ба гуфтаи Созмони Милал дар аввал тақрибан 1 миллион украинӣ ба Маҷористон гурехтаанд. Ҳоло 65 ҳазор нафарашон мондаанд.
Ева Пап, паноҳҷӯйи украинӣ мегӯяд, аз ҷанг гурехтаанд. “Ҳама метарсанд, ки бачаҳояшонро, ҳамсаронашро ба ҷанг мебаранд. Ҳоло инҷо ҳастем. Ҳеҷ гоҳ дар ин аҳвол ва дар кӯча набудем.”
Ин оила метарсад, ки агар ба Украина баргарданд, марди хонаро ба артиш мебаранд. Хонаашон ҳам ба гуфтаи худашон вайрон шудааст.
Мушкили паноҳҷӯёни украинӣ дар Маҷористон баъди 21-уми август шуруъ шуд. Дар ин рӯз паноҳҷӯён бо як қарори сарвазири миллигарои Маҷористон, Виктор Орбан, ки рӯзи 21-уми август ба иҷро даромад, аз хонаҳо берун карда шуданд.
Нахуствазири Маҷористон, Виктор Орбан, мунтақиди сиёсати муҳоҷирпазирии Иттиҳоди Аврупо аст ва онро ошкоро танқид мекунаду дар хатти сарҳади кишвараш панҷара кашидааст. Вай ҳамчунин аз Русия ҳимоят мекунад.