Вазъи даҳҳо паноҳҷӯи украинӣ дар Маҷористон
Даҳҳо паноҳҷӯйи украин, ки аксарият кӯдаконанд, шабро дар як хиёбони Маҷористон (Венгрия) рӯз кардаанд. Онҳо аз ҳаққи зиндагӣ дар хонаҳое, ки аз сӯйи давлат пешниҳод шуда буд, маҳрум гаштанд.Паноҳҷӯён бо як қарори сарвазири миллигарои Маҷористон, Виктор Орбан, аз хонаҳо берун карда шуданд. Қарор бештар ба онҳое рабт дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Маҷористон дар ҷанг осеб надидаанд.

1
Акс рӯзи 22-юми август дар шаҳри Кочи Маҷористон гирифта шудааст.

2
Паноҳҷӯён баъди берун шудан аз хонаҳо зери назорати нигаҳбонҳои маданӣ дар назди истгоҳи автобус хайма заданд.

3
Ба оилаҳое, ки кӯдакони хурдсол доранд, дар назди истгоҳ рахти хоб (матрас) тақсим кардаанд.

4
Тамоми шаб пулис назорат мекард, то кӯдакон ба роҳи мошингард набароянд