Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷористон даҳҳо паноҳҷӯйи украинро аз хонаҳои давлатӣ рондааст


Шимоли шарқи Маҷористон, 22-юми августи 2024
Шимоли шарқи Маҷористон, 22-юми августи 2024

Даҳҳо паноҳҷӯйи украин, ки аксарият кӯдаконанд, шабро дар як хиёбони Маҷористон (Венгрия) рӯз кардаанд. Онҳо аз ҳаққи зиндагӣ дар хонаҳое, ки аз сӯйи давлат пешниҳод шуда буд, маҳрум гаштанд. 

Паноҳҷӯён бо як қарори сарвазири миллигарои Маҷористон, Виктор Орбан, ки рӯзи 21-уми август ба иҷро даромад, аз хонаҳо берун карда шуданд.

Ин қарор гурезаҳои баъзе аз минтақаҳои Украинаро дар Маҷористон аз имтиёзҳои давлатӣ маҳрум кард.

Қарор махсусан ба он паноҳҷӯёне рабт дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Маҷористон дар ҷанг осеб надидаанд.

Маглонда Сечӣ, коршинос аз Бунёди шаҳрвандии Маҷористон, гуфт: “Аз оғози нашри ин қарори ҳукумат мо пайваста ҷонибҳои дахлдор ва созмонҳои иҷтимоиро аз масъала огоҳ мекардем ва умед буд, ки ҳалле пайдо мешавад. Дар давлате, ки волоияти қонун бартарӣ дорад, набояд чунин коре сурат гирад.”

Нахуствазири Маҷористон, Виктор Орбан, мунтақиди сиёсати муҳоҷирпазирии Иттиҳоди Аврупо аст ва онро ошкоро танқид мекунаду дар хатти сарҳади кишвараш панҷара кашидааст. Вай ҳамчунин аз Русия ҳимоят мекунад.

XS
SM
MD
LG