Раёсати Ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, тайи ду моҳи охир 20 муҳоҷири кориро, ки чанде пеш аз зиндонҳои Русия озод шудаанд, ҳамчун "шаҳрванди бекор" сабти ном ва кор пешниҳод карданд. Аммо ин 20 нафар гуфтаанд, ки шадидан мариз ҳастанд ва тавони кор карданро надоранд.
Зафар Насимов, сокини 34-солаи Кӯлоб, як тан аз муҳоҷири зиндонӣ дар Русия будааст, ки моҳе пеш ба ватан баргашт. Ӯ мегӯяд, Раёсати шуғли аҳолӣ ҳамчун ёрӣ ба як шаҳрванди бекор, ба ӯ то 6 моҳи оянда 250 сомонӣ медиҳад. Ба Зафар Насимов пешниҳод шуда буд, ки дар сохтмон кор кунад, аммо ӯ ба иллати беморӣ ин пешниҳодро напазируфт.
Насимов ҳудуди шаш соли пеш бо иттиҳоми нигаҳдории маводи мухаддир дар Русия боздошт шуд. Аммо ӯ мегӯяд, ҳамон тавр, ки пулиси Русия садҳо муҳоҷирро боздошт мекунад ва ба ҷайбашон маводи мухаддир мегузорад, ӯ низ бо чунин иттиҳоми сохта панҷуним соли умрашро дар маҳбас гузаронд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар Русия борҳо дар бораи худсариҳои пулис ва бархӯрди ноодилона ва ғайриқонунии онҳо нисбат ба муҳоҷирони тоҷик гузориш додаанд. Яке аз фаъолони шинохта, Светлана Ганнушкина, раиси Кумитаи мусоидати шаҳрвандӣ ва узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия борҳо ба матбуот гуфтааст, ки аксар парвандаҳои марбут ба маводи мухаддири муҳоҷирон ғайриқонунӣ сохта мешаванд.
Бар асоси қонун, ҳукумати Тоҷикистон барои ҳар зиндоние, ки тоза аз зиндон раҳо мешавад, то пайдо кардани ҷойи кор ба муддати аз се то 6 моҳ кӯмаки молӣ мекунад. Кӯмаки молие, ки ба гуфтаи худи Зафар барои ӯ ва се фарзанди ноболиғаш танҳо се рӯз басандагӣ мекунад.
Аммо Саидаҳмад Пириев, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб 30 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои тамдиди чунин кумакҳо ҳеч илоҷ надоранд. Ӯ мегӯяд, муҳоҷирон аз собиқаи кории худ дар Русия санад надоранд, то бар асоси санадҳо ба онҳо нафақа таъин шавад. "Аз дасти мо ҳамин қадар меояд. Ин қарори ҳукумат аст ва мо бар асоси он кор мекунем. Чун онҳо корҳое, ки мо пешниҳод мекунем, қабул намекунанд, дигар мо коре карда наметавонем," -- мегӯяд Пириев.
Лутфулло Расулов, ҳуқуқшиноси Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Кӯлоб мегӯяд,онҳое, ки аз зиндонҳои Русия раҳо мешаванд, хеле зиндагии сангин доранд. Ба гуфтаи ӯ, ин муҳоҷирони зиндонӣ солҳои тӯлонӣ бо наздиконашон тамос надоштаанд ва пас аз раҳо шудан аксаран барои ҳамеша аз Русия ихроҷ мешаванд. Ҷаноби Расулов мегӯяд, онҳо пас аз бозгашт аксаран хеле дер ба худ омада, роҳи зиндагиашонро дар ватан пайдо мекунанд. Аммо Расулов мегӯяд, мутаассифона ҳоло сафи муҳоҷирони тоҷики зиндонӣ рӯ ба афзоиш аст:
“Мо даҳҳо далел дорем, ки пас аз ихроҷ шудан муҳоҷирон баргашта ному насбашонро иваз мекунанд ва дубора ба Русия бармегарданд, вале агар дар фурудгоҳ ошкор шуданд, пас гардонида мешаванд, вале аксаран ҳангоми зиндагӣ дар ин кишвар ошкор мешаванд ва аз 2 то 4 сол зиндонӣ мешаванд. Моҳе то 10-15 тан аз наздикони онҳо барои кӯмак ба мо муроҷиат мекунанд, вале мо мегӯем, бояд қабл аз сафар дар бораи наздикатон фикр мекардед. Аз ин ҳисоб ҳоло садҳо шаҳрванди мо дар Русия зиндонанд.”
Ин ҳуқушинос мегӯяд, мақомоти масъул бояд аз додани шинсонома бо ному насаби дигар ба муҳоҷирон худдорӣ кунанд, зеро додани шиноснома ба онҳо тела додани муҳоҷирон ба зиндон аст.
Бар асоси иттилои расмӣ, ки расонаҳои Русия нашр мекунанд, дар ин кишвар беш аз 5 ҳазор зиндонии тоҷик ба сар мебаранд. Зиндониҳое, ки баъди бозгашт ба ватан солҳо ба табобати ҷисмҳои дардманди худ машғул мешаванд ва тавони кориро аз даст медиҳанд.