Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳоҷир то аз по наафтад, пеши табиб намеравад"


Бино ба натоиҷи як таҳқиқот, аксари муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Маскав аз нигоҳи дастрасӣ ба хидматрасонии тиббӣ дар як ҳоли осебпазиранд ва то аз по наафтанд, ба табибон муроҷиат намекунанд.

Бино ба натоиҷи пажӯҳише, ки муҳаққиқони Мактаби олии иқтисодии шаҳри Маскав анҷом додаанд, аксари муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пойтахти Русия аз муроҷиат ба табибон худдорӣ мекунанд ва танҳо дар ҳолатҳои таъҷилӣ ба бемористон мераванд. Даниил Кашнитский, муҳаққиқи Мактаби олии иқтисодӣ хулосаҳои ин таҳқиқотро таҳти номи “Ёрии тиббӣ ба муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Маскав: Интихоби стратегияҳо ва зербинои дастрас” нашр кардааст.

Ӯ менависад, чанд омил – шароити сахти зист, надоштани мақоми қонунӣ, камбуди маблағ ва муносибати табибони маҳаллӣ ба мардуми “омад” - боис мешавад, ки аксари кулли муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар пойтахти Русия ҳаддалимкон аз истифодаи хидматҳои тиббӣ худдорӣ кунанд ва танҳо дар сурати таъҷилӣ ба табибон рӯ оранд.

Русия ироаи ёрии таъҷилии тиббӣ ба муҳоҷирон дар сурати вуҷуди таҳдид ба ҳаёти онҳо ва ҳам барои рафъи дарди сахт дар бадани онҳоро замонат медиҳад, вале ба навиштаи Кашнитский, табобати муҳоҷироне, ки тавассути мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористонҳо расонда мешаванд, маъмулан бо 3 рӯз маҳдуд мешавад ва аз он ба баъд муҳоҷир бояд ё суғуртаи тиббӣ дошта бошад ва ё пули идомаи табобаташро аз ҷайби худ пардохт кунад.

ШАБАКАҲОИ ТИББИИ ҒАЙРИРАСМӢ

Як созмони байналмилалӣ барои муҳоҷирон як хатти телефонии машваратҳои тиббӣ ҳам боз кардааст, ки дар он барои кор табибони балад ба забонҳои тоҷикию узбакӣ ҷалб шудаанд. Вале дар ҳоле ки шумори муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ танҳо дар Маскав ба садҳо ҳазор мерасад, дар моҳ аз ин хатти машваратҳои ройгон танҳо то 600 нафар истифода мекардаанд.

Аксари муҳоҷирон, ба гуфтаи Даниил Кашнитский, ё дарди бадани худро бо ёрии ягон доруи дастрас муолиҷа мекунанд, ё ягон табиби шинос меҷӯянд ва ё ба ҳамватанҳои худ, ки дар кишварҳои зодгоҳашон ҳадди аксар ҳамшираи тиббӣ ё санитар будаанду ҳоло дар Русия бо ихтисоси дигар кор мекунанд, муроҷиат мекунанд. Ӯ мегӯяд, дар Маскав ҳатто як шабакаи тиббии ғайрирасмие барои муҳоҷирон ба вуҷуд омадааст, ки дар онҳо бештар табибон аз Қирғизистон кор мекардаанд ва ба ин далел ин шабака дар ин таҳқиқот ҳамчун “клиникаҳои қирғизӣ” ёд шудааст.

Аммо сифати табобат дар ин “клиникаҳои қирғизӣ” ба сурате нест, ки дар як бемористони расмӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизот ва доруву дармони зарурӣ. Бо ин вуҷуд, мушкилоти забонӣ, камбуди маблағ, набуди суғуртаи тиббӣ ва ҳам муоширати бадбинона аз сӯи табибони маҳаллӣ, ки бисёр вақт муҳоҷиронро ҳамчун “мардуми бегона” қабул ва аз ҳамин зовия нисбат ба онҳо бархӯрд мекунанд, ин қишри осебпазирро маҷбур мекунад, ки то замони пурра аз по уфтодан аз муроҷиат ба табибони расмӣ дар Русия истиҳола кунанд. Ҳамин тавр, занони ҳомила аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия ба далелҳои суннатӣ монеи муоинаи онҳо аз сӯи гинекологҳои мард мешаванд.

Дар натиҷаи ин ҳама, муҳоҷирон, бино бар ин таҳқиқот, аксаран танҳо замоне ба табибони расмӣ рӯ меоранд, ки бемориашон хеле кӯҳна ва табобаташон ба ин далел мушкилтар мешавад.

Ин таҳқиқот дар миёни 100 муҳоҷир аз Узбакистону Қирғизистон анҷом шудааст, вале зоҳиран айни аҳволро дар шаҳру вилояти Маскав қариб 200 000 муҳоҷир аз Тоҷикистон ҳам доранд.

"МУҲОҶИРОН АЗ БЕМОР ШУДАН ШАРМ МЕДОРАНД"

Мардон Муҳаммадиев, як табиби тоҷик, ки дар вилояти Кемеровои Русия сартабиби бемористони амрози сироятист, рӯзи 25 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин мушкил танҳо бо шаҳру вилояти Маскав маҳдуд намешавад, балки тақрибан дар саросари Русия аҳволи муҳоҷирон чунин аст: “Албатта, айби худи муҳоҷирон ҳам ҳаст. Қариб ҳеҷ кадомаш полиси тиббӣ намегирад. Дар ҳоле ки дар сурати дарёфти ҳаққи иқомати муваққат дар Русия онҳо метавонанд бепул соҳиби чунин полис шуда, аз бисёре аз хидматрасониҳои тиббӣ дар инҷо ройгон истифода баранд. Мушкили забонӣ ҳам доранд бисёрашон ва аз ин рӯ, аз рафтан ба пеши табиби маҳаллӣ шарм мекунанд. Пеши ман, барои мисол, бо бемории дил меоянд, мегӯям, бояд пеши кардиолог биравӣ. Зорӣ мекунанд, ки як бало кун, худат бин. Дар натиҷа, бисёри муҳоҷирон вақте ба бемористон мерасанд, ки кор аз кор гузаштааст.”

Шодмон Неъматов, як муҳоҷири кории тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург ба Радиои Озодӣ гуфт, худи ӯ тоза аз бемористон ҷавоб шудааст: “Бархӯрди табибон бадбинона набуд, чунки ман ба воситаи як шинос рафта будам. Аммо фақат барои даромадан ба пеши табиб 2800 рубл

(муодили тақрибан 55 доллар) супурдам. Дар умум барои табобат 30 000 рублам парид. Ин баробари 600 доллар аст. Миёнарави ман як табиби тоҷик буд, вагарна аз ин ҳам бештар “меканданд.” Ҳоло онки ҳамин табобат барои як ҳампалатаам, ки аз мардуми маҳаллӣ буд, ҳамагӣ 10 000 рубл тамом шуд. Барои ҳамин, бисёре аз бачаҳои тоҷик, агар пул надошта бошанд, ба ҳар дарду беморӣ тоқат мекунанд ва агар дигар нашуду аз по афтанд, ба Тоҷикистон бармегарданд, ки ҳамонҷо худро табобат кунанд.”

Шодмон мегӯяд, мавридҳое ҳам шуда, ки “Ёрии таъҷилӣ”, агар аз номи бемор бифаҳмад, ки ӯ хориҷист, мошин намефиристад ва муҳоҷирон дар сурати зарурат, барои даъвати “Ёрии таъҷилӣ” одатан ягон шиносашон аз мардуми маҳаллиро хоҳиш мекунанд.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҷамъи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия аз 6 то 7 миллион нафар гуфта мешавад. Пажӯҳишгарони Мактаби олии иқтисодии Маскав мегӯянд, аксарияти ин муҳоҷирон аз қишри аз лиҳози вазъи саломатиашон нисбатан солиму бардами аз 18 то 45-солаанд, ки зиёд гирифтори амрози ҷиддӣ нестанд, вагарна бо чунин вазъи таъмини муҳоҷирон бо хидматҳои тиббӣ дар Русия аҳволи ин тоифа дар ин кишвар боз ҳам бадтар мешуд.

XS
SM
MD
LG