Ҳузури ду мансабдори пешин дар мурофиаи чеҳраҳои шинохта

Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Саидҷаъфар Усмонзода, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимов

Рӯзи 22-юми ноябр, дар рӯзи чоруми додгоҳи чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва ходимони пешини давлатӣ шоҳидон баёнот доданд.

Тавре хабарнигори Радиои Озодӣ дар атрофи Боздоштгоҳи муваққат мушоҳида кард, бархе аз мансабдорони пешини давлатӣ, аз ҷумла Рашид Олимов, вазири пешини корҳои хориҷӣ, раҳбари собиқи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Чин, Нуралӣ Саидов, котиби пешини Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон паз аз анҷоми ҷаласаи додгоҳӣ аз макони мурофиа берун шуданд. Аммо ин афрод аз ҳама гуна суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карданд.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ шоҳидон имрӯз асосан дар доираи парванди Ҳамрохон Зарифӣ пурсида шудаанд. Ҷузъиёти пурсиш маълум нест. Имрӯз ҳамчунин айбномаи Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси маъруф ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиалдемократи Тоҷикистон шунида шудааст.

Мурофиаи чеҳраҳои шинохта, ки бо гумони “талоши табаддулот" ва "ғасби қудрат" дар Тоҷикистон муттаҳам ва дастгир шудаанд, чун рӯзҳои пеш паси дарҳои баста сурат гирифт. Ба он танҳо вакилони дифоъ роҳ ёфтанд, аммо онҳо аз додани ҳама гуна ҷузъиёт ба хабарнигорон худдорӣ карданд.

Пайвандони гумонбарҳо ва хабарнигорон ба далели муҳри махфӣ доштани парванда роҳ дода нашуданд.

Дар мурофиаҳои пешина айбномаи афроди дигари гумонбар Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон, Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ин вазорат, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, сарҳангҳои собиқи ниҳодҳои амниятӣ, Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ шунида шудааст.

Айбномаи онҳо аз 10-20 сол зиндон то ҳукми абад бо мусодираи амволро пешбинӣ мекунад. Ин чеҳраҳои шинохта тобистони имсол боздошт шудаанд.