Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаллобӣ ва хиёнат. Ду иттиҳоми дигар дар парвандаи "табаддулот"


Дар акс: Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоӣ
Дар акс: Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоӣ

Мурофиаи аввалини баъзе аз шахсиятҳои шинохта дар Тоҷикистон, ки қазияашон бо номи парвандаи "табаддулот" маъруф аст, рӯзи 14-уми ноябр паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе поён ёфт.

Хешовандони ин афрод ба мурофиа роҳ наёфтанд. Намояндагони Додгоҳи олии Тоҷикистон ва вакилони мудофеъ бо расонаҳо суҳбат накарданд. Мурофиа рӯзи душанбеи оянда идома мекунад.

Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи панҷшанбе бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар рӯзи аввал ҳашт гумонзадро ҳозир карданд." Мусоҳиби мо танҳо аз Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷӣ, Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олӣ ва Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ном гирифт.

Аз моҳи июни 2024 ба ин тараф дар доираи парвандаи "табаддулот" боздошти ҳашт нафар расонаӣ шудааст:

То ин дам ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ боздоштшудаҳо бар асоси банди 189 (барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ) ва 306 (талош барои ғасби қудрат)-и Кодекси ҷиноӣ гумонзад ҳастанд. Манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, "дар рӯзи аввали мурофиа маълум шуд, ки онҳо бар асоси ду банди дигари қонуни ҷиноӣ 247 (қаллобӣ) ва 305 (хиёнат ба давлат) низ гумонзад мебошанд."

Ин иттиҳомҳо солҳои дарози зиндонро пешбинӣ мекунанд. Мавқеи шахсони боздоштшуда маълум нест. Наздиконашон бо расонаҳо гап намезананд. Додситонии кулли Тоҷикистон ба парвандаҳои ин афрод муҳри махфӣ задааст.

Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми ноябр ба воситаи манобеаш маълум кард, ки баррасии парвандаро Шавкат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, пеш мебарад, вале Дафтари матбуоти ин ниҳод аз шарҳи масъала худдорӣ намуд. Қаблан як манбаи Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохта ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳамаи айбномаро рад кардааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Муҳокимаи додгоҳии сиёсатмадорони тоҷик оғоз шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Боздошти чеҳраҳои шинохта дар моҳи июни имсол, пас аз дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, оғоз шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон танҳо як бор ба таври ошкор Усмонзодаро ба омодагӣ ба зӯран гирифтани ҳукумат айбдор кард.

Яке аз нуктаҳои мармузи қазия ин аст, ки дар мавридҳои пешина мақомот ҳамеша мавзӯи табаддулот ё ғасби қудратро бузургнамо мекарданд, вале ин бор корҳо ором идома карданд.

"Агар онҳо дар аҳди шукуфоӣ, қудрату нуфуз ва тавоноии сиёсияшон натавонистанд низомро ба чолиш бикашанд (Искандаров, Зарифӣ ва дигарон дар назар аст), пас, дар ин синну сол, ки маъруфияти худро аз даст додаанд, ба сахтӣ имконпазир аст," – гуфта буд Азиз Нуруллоев, сиёсатшиноси тоҷики муқими Амрико, дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ.

XS
SM
MD
LG