Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кул: "Касе ба давлат, миллат ва президент хиёнат мекунад, ҷавоб медиҳад"


Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 9-уми август хабарҳои дарёфтии Радиои Озодӣ дар мавриди боздошти шуморе аз чеҳраҳои шинохта ва боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳоро тасдиқ кард.

Аммо Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ бо ишора ба сирри тафтишот ва муҳри "махфӣ" доштани ин парванда, аз додани ҳама гуна ҷузъиёт худдорӣ кард.

Ӯ танҳо гуфт, ки "нисбати Усмонзода, Ҳакимов, Комилзода, Искандаров, Зарифӣ ва якчанд нафари дигар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаанд ва аз ҷониби Прокуратураи генералӣ мавриди тафтиши пешакӣ қарор доранд. Бинобар фош нагардидани сирри тафтишот, ман ба шумо ягон маълумот дода наметавонам".

Юсуф Раҳмон нагуфт, ки "якчанд нафари дигар" киҳо ҳастанд, аммо таъйид кард, ки "ҳамаи ин парвандаҳо ба ҳамдигар алоқамандии зич доранд".

Ин афрод дар пайванд ба қазияи Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумон, ки 12-уми июн боздошт ва табаддулоти давлативу ғасби ҳокимият муттаҳам мешавад, боздошт шудаанд.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон.
Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон.

Додситони кулли Тоҷикистон танҳо афзуд, "касе, ки ба давлат, ба миллат, ба президент хиёнат мекунад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад, новобаста ба он ки чӣ вазифа дорад ва дар гузашта чӣ вазифаро ишғол карда буд".

Боздошти ин афрод дар моҳи июн дар пайи нашри хабари расмӣ дар хабаргузории "Ховар" оғоз шуд. Додситонӣ рӯзи 14-уми июн хабар дод, ки Саидҷаъфар Усмонзода, ки бештар ба ҳимоят аз ҳукумат ном бароварда буд, рӯзи 12-уми июн дастгир шуд. Бо пешниҳоди Додситонии кул, рӯзи 14-уми июн вакилони парлумон ӯро аз дахлнопазирӣ ё масъунияти вакилӣ маҳрум карданд.

Юсуф Раҳмон Усмонзодаро ба ҳамкорӣ бо раҳбарони созмони мамнӯи Паймони Миллии Тоҷикистон ва барои маслиҳати пешакӣ ҷиҳати ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон муттаҳам кард.

Додситони кул: "Касе ба давлат, миллат ва президент хиёнат мекунад, ҷавоб медиҳад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Дар рӯзҳои баъдӣ, афроди дигар, аз ҷумла, Ҳароҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон ва Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ба бозпурсӣ даъват ва боздошт шуданд.

Охирин фарде, ки дар ин парванда боздошт шуд, Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мебошад. Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, Шокирҷон Ҳакимов рӯзи ҷумъаи 12-уми июл ба бозпурсӣ даъват ва "аз тарафи муфаттиш ба ҳабс кашида шуд".

Зери муҳри “махфӣ” ва бидуни додани ҷузъиёт ба наздиконашон ва ҷомеа баррасӣ шудани қазияро ҳомиёни ҳуқуқ ҳар гуна шарҳ медиҳанд:

Ҷамшед Ёров, ҳомии ҳуқуқи муқими Аврупо яке аз далелҳои муҳрӣ махфӣ задани тафтиш ва баррасии ин гуна парвандаҳоро ба надоштани далели кофӣ аз сӯйи мақомоти қудратӣ медонад.

Ҷамшед Ёров, ҳомии ҳуқуқ.
Ҷамшед Ёров, ҳомии ҳуқуқ.

"Бале, қонунгузории Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ баррасии тафтишоти пешакӣ, рафти тафтишоти пешакӣ бояд махфӣ карда шавад, то ин ки ба тафтишот фишор оварда нашавад, далелҳо нобуд карда нашаванд ва ба шоҳидону дигар иштирокчиёни тафтишоти пешакӣ фишор оварда нашавад. Чи хеле ки мо мебинем, ин таҷрибаро мақомоти қудратии Тоҷикистон бештару бештар истифода мебаранд ва худи бештар истифода бурдани чунин тарзи тафтишоти пешакӣ, алалхусус нисбати маҳбусони сиёсӣ, наздикони онҳо, нисбати мухолифони сиёсӣ ҳукумат манро як бори дигар ба он бовар мекунонад, ки чунин парвандаҳо сохтаву бофта ҳастанд, ягон далели воқеӣ надоранд".

Ҳанӯз назари худи боздоштшудаҳо, наздикон ва вакилони дифои онҳо дар мавриди гуфтаҳои Додситони кул маълум нест. Наздикони афроди боздоштшуда мегӯянд, аз рӯзи боздошт то кунун муваффақ нашудаанд, ки онҳоро бинанд ва намедонанд вазъи сиҳатияшон чи тавр аст ва дар чӣ шароите ба сар мебаранд.

Онҳо мегӯянд, аксари вакилони дифоъ пешниҳодро барои ҳимоя аз ҳуқуқу манфиатҳои наздикони боздоштшудаашон ба дӯш намегиранд. То кунун на ҳама боздоштшудаҳо вакили дифоъ доранд. Аммо вакилони дифое, ки ҳимояи ҳуқуқи ин афродро пазируфтаанд бо рӯзноманигорон ва расонаҳо суҳбат намекунанд.

Ҳамчунин наздикони боздоштшудаҳо ба далели фишор аз зикри номашон худдорӣ мекунанд ва ҳувияти вакилони дифои пайвандонашонро ошкор намекунанд.

Ҳанӯз маълум нест, вакилони дифоъ муваффақ шудаанд, ки бо зерҳимояҳои худ дидор кунанд ё не. Ба гуфтаи як манбаъ аз мақомоти Тоҷикистон, дар ҷараёни бозпурсиҳо танҳо вакили дифои давлатӣ ширкат мекунад, аммо ба далели махфӣ будани парванда, ҷузъиёти он расонаӣ намешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG