Ҳукми 20 нафар барои "пайравӣ" аз "Бародарони мусулмон" дар Суғд

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи вилояти Суғд 20 сокини минтақаро бо гумони узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" (Бародарони мусулмон) аз 5 то 7 сол ба зиндон маҳкум кардааст. Наздикони бархе аз маҳкумшудаҳо гуфтанд, ки бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он талош доранд.

Анварҷон Абдуғаффорӣ, додраси парванда, рӯзи 18-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми ин афрод ҳафтаи гузашта содир шудааст. Додрас мегӯяд, онҳоро бар асоси моддаи 307 (иловаи 3) ё узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор донистанд. Як нафари дигар ҳам барои хабар надодан дар бораи ин афрод ҷарима шудааст.

Абдуғаффорӣ афзуд, танҳо баъд аз эътибори қонунӣ гирифтани ҳукми додгоҳ ҷузъиёти парвандаро дар ихтиёри расонаҳо мегузоранд.

Муҳокимаи 20 сокини вилояти Суғд, ки ба узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" ё "Бародарони мусулмон" гумонбар мешуданд, дар Боздоштгоҳи муваққатии вилояти Суғд баргузор шудааст.

Наздикони маҳкумшудаҳо ва хабарнигорон ба мурофиа роҳ наёфтанд ва ҳоло маълум нест, афроди гумонбар дар мурофиа чӣ гуфтанд ва то куҷо ба гуноҳи худ иқрор карданд.

Бо ин ҳол, наздикони бархе аз онҳо гуфтанд, бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он ба зинаи болоӣ шикоят кардаанд. Хешованди яке аз маҳкумшудаҳо, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт: "Фарзандони мо маълумоти олӣ доштанд ва бештар дар риштаҳои дунявӣ таҳсил карда буданд. Аз ҳукми додгоҳ розӣ нестем. Барои исботи бегуноҳии онҳо то охир меравем."

Як шикояти дигари наздикон ин аст, ки онҳоро ба мурофиаи додгоҳӣ роҳ надоданд. Мақомот мегӯянд, мурофиа дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд ва ба хотири карантин дигарон натавонистанд дар мурофиа иштирок кунанд.

Ному насаби пурраи 20 сокини вилояти Суғд, ки ахиран ба зиндон рафтанд, то ҳол нашр нашудааст.

Бист сокини вилояти Суғд танҳо нафароне нестанд, ки мақомот онҳоро ба узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" айбдор мекунанд. Дар умум дар Тоҷикистон 154 нафар бо гумони узвият дар ин созмони мамнуъ дар боздошт ҳастанд. Нисбат ба 15 нафари дигар барои "хабар надодан" айб эълон шудааст.

Парвандаи як гурӯҳи онҳо феълан дар Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ аст.

Боздошти афроди муттаҳам ба узвият дар "Ихвон-ул-муслимин" дар аввали моҳи январи имсол оғоз шуд. Мақомот афроди муттаҳам ба узвият дар ин гурӯҳро дар минтақаҳои гуногуни кишвар боздошт карданд. Дар миёни онҳо устодони донишгоҳҳо, тоҷирон, донишҷӯён ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ низ буданд.

Нишон надодани боздоштшудаҳо ба наздиконашон ва надоштани вакили мудофеи мустақил, нигаронии баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқро ба бор овардааст.

Созмони "Ихвон-ул-муслимин" аз соли 2006 боз дар Тоҷикистон манъ аст. "Ихвон-ул-муслимин" як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияташ дар бархе аз кишварҳои арабӣ низ мамнуъ аст.

Пайравонаш онро як созмони муътадили динӣ меҳисобанд, вале додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки "ҳадафи онҳо сарнагун кардани ҳукумат бо роҳи зӯрӣ ва барқарор кардани давлати исломӣ дар ин ё он кишвар аст".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!