Сирояти COVID-19 ба Тоҷикистон баррасии даҳҳо парвандаи гумонбарони узвият дар созмони мамнуи "Ихвон-ул-муслимин"-ро ба вақти дигар гузошт. Мақомот мегӯянд, ҳоло 70 парванда дар дасти додгоҳ аст. Дар ин байн наздикони боздошт ва маҳкумшудагон аз шеваи таҳқиқ ва ҳалномаи додгоҳҳо норозиянд.
“Барои ин ки шакки мақомоти тафтишотро дур кунем фарорасиии соли нави мелодиро ҷашн гирифтем. Бобои барфӣ ҳам буд. Баъди он ба намояндагони мақомот расондам, ки устод ба муаллимон туҳфа ва маблағи солинавӣ дод. Вақте онҳо инро шуниданд, шубҳаашон бартараф шуд ва дар мавриди робита доштани мо бо “Ихвон-ул-муслимин” хотирҷамъ шуданд,” -- ин ҳарфҳоро як сокини шаҳри Душанбе, ки дар яке аз марказҳои маърифатӣ дарси Қуръон медод, нақл кард.
Ҳамсуҳбати мо феълан дар хориҷи Тоҷикистон аст ва тавре нақл мекунад, зидди ӯ дар ғайбаш парвандаи ҷиноӣ бо гумони “ҳамкорӣ бо "Ихвон-ул-муслимин” ва “хиёнат ба ватан” боз шудааст.
Омодагиҳо ба боздошти даҳҳо нафар бо чунин айбнома охири соли гузашта ҷараён ефта, дар арафа ва рӯзҳои таҷлили соли нави 2020 аввал аз ҳабси чанд нафар хабар расид, вале баъд маълум шуд, ки шумораи боздоштшудагон аз 300 нафар бештар будааст.
Дар он рӯзҳо буд, ки мақомоти амниятӣ дар нисбати чанд устод ва шогирдони ин “Маркази маърифат ва таълими маърифат-2012” дар Душанбе парванда боз намуда тафтишоти пешакӣ мебурданд.
Ҳамсуҳбати мо худро Азим Гулҷонов муаррифӣ намуд ба Радиои Озодӣ гуфт: “баъди ин намояндагони мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки муддати дароз шуд, ки вақти худро ба таҳқиқу ковишу пурсиш гузаронидаанд, набояд ин ҳама заҳмати онҳо барбод равад ва ҳамон шабу рӯз гуруҳеро дастгир карданд ва аз ман хоҳиш карданд, то алайҳи устодонам ва бародаронам шоҳидӣ диҳам, ки инҳо "ихвонӣ" ҳастанд. Ман розӣ шудам, аммо фирор кардам ва намедонам тақдири онҳо чӣ шуд”, -- мегӯяд Гулҷонов.
Як сокини дигари Тоҷикистон аз шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи пешина) ба шарти пинҳон мондани ному насабаш нақл кард, ки ду нафар аз наздиконаш ва омӯзгорони “Маркази маърифат ва таълими маърифат-2012” ва “Маркази Дустӣ” воқеъ дар шаҳри Душанберо ҳабас карданд:
“120 нафаре, ки дастгир карданд, ҳамаашон ҷавонҳои босавод ва омузгорони беҳтарин буданд. Омӯзгорони гимназия Абдурауфро ҳаштунимсол маҳкум карданд, Алиев Убайдулло, Қаландаров Суҳроб омӯзгори “Маркази маърифат ва таълими маърифат-2012” ва хатмкардаи Донишгоҳи исломӣ бо ихтисоси тарҷумони арабӣ ва англисӣ ва магистри курси яки Донишкадаи забонҳо ба номи Сотим Улуғзодаро ба панҷ солии ҳабс маҳкум карданд. Ҳақдодов Мисбоҳиддин, донишҷӯи курси дуввуми Донишгоҳи миллӣ бо ихтисоси арабӣ-англисӣ, Ҳақдодов Ҳамзаалӣ, хатмкардаи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон бо ихтисоси “улуми исломӣ” ва инчунин магистри курси дуи Донишгоҳи миллӣ бо ихтисоси тарҷумони англисӣ форсӣ ва инчунин омӯзгори “Маркази маърифат ва таълими маърифат-2012” , 24 сола зодаи Нуробод, Носиров Абдулазиз хатмкунандаи Донишгоҳи омӯзгорӣ бо ихтисоси омӯзгори забони англисӣ ва ҳоло дар озодӣ аст ва баррасии парвандааш пас аз карантин оғоз мешавад, Фазлиддин Саидов, донишҷӯи курси дуввуми Донишгоҳи забонҳо ба номи Сотим Улуғзода бо ихтисоси забони англисӣ маҳкум шуд”.
Наздикони маҳкумшудаҳо дар суҳбат мегӯянд фақат ҳамин қадар медонанд,ки фарзандашро бо чунин иттиҳом маҳкум карданд, вале гуноҳи ҳамаи онҳо исбот нашудааст.
Саидмурод Саидов, сокини ноҳияи Варзоб, падари Фазлиддин Саидов рӯзи 3 июн ба Радиои Озодӣ гуфт 23 январи соли равон писарашро Додгоҳи шаҳри Душанбе ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Вай донишҷӯи Донишгоҳи забонҳо ба номи Сотим Улуғзода буд ва забони англисиро меомухт: “То ҳозир фикр мекунам, ки гуноҳаш чӣ буд, "ихвонӣ" гуфта, бурда, маҳкамаш карданд. Аввал дар боздоштгоҳи амният нигоҳаш медоштанд, ҳоло ба боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бурданд. Мехоҳам, барои дубора баррасӣ кардани бегуноҳии фарзандам муроҷиат кунам, вале намедонам, ба куҷо нома нависам. Модараш барои Фазлиддин, ки фарзанди хурдиамон аст бемор шуд. Зингдагиамон таъмин нест”.
Муҳокимаи чунин айбдоршавандагон паси дарҳои баста ҷараён гирифт ва наздикони онҳо аз ҳукми додгоҳ ризо нестанд. Нишон надодани боздоштшудаҳо ба наздиконашон ва надоштани вакили мудофеи мустақил нигаронии ҳомиёни ҳуқуқро ба бор овардааст.
Вале Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 19-уми мартм соли равон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ амалиёти боздошти, ба гуфтаи ӯ аъзои "Ихвон-ул-муслимин"-ро, комёбона номид ва гуфт, шахсияти 314 тани онҳо муайян шуда, 154 нафарашон боздошт шудаанд.
Агар шарҳи Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлонро ба назар нагирем, ривояти дигаре дар бораи ин парвандаи пурсарусадо дода нашудааст. Ӯ рӯзи 5-уми феврал гуфт, ки дар миёни чунин боздоштшудаҳо дар Хатлон, ҳуқуқшиносон низ ҳастанд. "Онҳо сиёсати ҳукуматро ба шеваи дигар барои мардум мерасонидаанд".
Падари яке аз маҳкумшудаҳо, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт ду фарзандаш ба 5-солии ҳабс маҳкум шудаанд. Вай афзуд ҳоло як фарзанди дигараш ҳам дар пайгард аст ва мақомот гуфтанд,ки бо ҳар роҳе бошад ба тафтишот ҳозир кунад. Вай гуфт фарзандаш ҳамин қадар гуноҳ доштааст, ки дар “Маркази маърифат ва таълими маориф-2012” дарси Қуръон медодааст.
Ба дархостҳои Радиои Озодӣ, ки ҳар яке аз ин парвандаҳо шарҳ дода шаванд, мақомоти додситонӣ ва додгоҳҳо ҳозир нашуданд, суҳбат кунанд. Бино бар маълумоти дарёфтӣ аз аввали сол то ҳоло парвандаи бархе аз боздоштшудаҳои моҳи январ ба иллати набудани "таркиби ҷиноят" бекор шуда, онҳо озод гаштаанд ва шумори дигаре аз айбдоршавандагон бо оғози ин амалиёт тарки кишвар кардаанд.
Як мақоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки аз ҷараёни қазия огоҳ аст, гуфт, ки ҳоло 70 парванда дар дасти додгоҳ аст. Онҳо бар асоси моддаи "ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ" ва "узвият дар ташкилоте, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст" (иловаи 3-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) такмил шуда, аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунанд. Яке аз парвандаҳои охирини ҳамсон ба қазияи рӯзноманигор Далер Шарифов рабт дорад, ки сарусадои зиёд ба бор овард. Додгоҳ ӯро ба як соли ҳабс маҳкум кард.
Созмони "Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ дар кишвар манъ аст. Он соли 1928 дар Миср ташкил шуда, як созмони диниву сиёсӣ аст. Тарафдоронаш онро муътадил ва баъзе ҳукуматҳо террористиву ифротгаро донанд.
Дар Тоҷикистон 18 созмон террористиву ифротгаро ва мамнуъ эълон шудаанд, ки феҳрасташон аз “Ал-Қоида” оғоз ёфта, ДОИШ-у Толибон, Ҷамоати Таблиғ, Салафия, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Гуруҳи 24-ро дар бар мегирад ва бо Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар хориҷа ба поён мерасад. Раҳбарони баъзе аз ин созмонҳо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистонро ноодилона ва талоше барои аз саҳнаи сиёсати кишвар дур кардани худ медонанд.
Мақомот мегӯянд, ин бахше аз мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар кишвар аст. Мухолифону мунтақидони ҳукумат мегӯянд, боздоштҳо талоше барои тарсонидани ҷомеа аст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, Тоҷикистон набояд масъалаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро барои саркӯби дигарандешон ва ислоҳотхоҳон истифода кунад ва додгоҳи гумонбарон низ бояд ошкор ва бо ҳузури хабарнигорону ҷомеаи шаҳрвандӣ гузарад.