Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сархатиби Восеъро озод, аммо даҳ хешовандашро зиндонӣ карданд. САДО


Абдулазиз Акрамов, писари сархатиби ноҳияи Восеъро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кардаанд
Абдулазиз Акрамов, писари сархатиби ноҳияи Восеъро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кардаанд

Додгоҳи вилояти Хатлон Муҳаммадсаид Акрамов, сархатиби масҷиди ноҳияи Восеъ ва 13 пайванди ӯро ба узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Бародарони мусулмон" (Ихвон-ул-муслимин) гунаҳкор донист, аммо сархатибу се бародарашро шартан озод кард. Даҳ нафари дигар, аз ҷумла писару домод ва ҷиянҳои сархатиб, аз панҷ то ҳафтсолӣ ба зиндон маҳкум шуданд. Ҳукм рӯзи 8-уми июн содир гардид. Наздикони маҳкумшудаҳо мегӯянд, онҳо иттиҳомро напазируфтанд.

Бобоҷони Шералӣ, додраси Додгоҳи вилояти Хатлон ва масъули баррасии парванда, рӯзи 9-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "маҳкумшудаҳо ба ташкили фаъолияти созмони ифротгароӣ ва узвият дар он гунаҳкор ҳастанд".

Муҳаммадсаид Акрамову бародаронаш ва хешовандони дигари ӯ қариб чаҳор моҳ пеш аз сӯи мақомоти интизомии вилояти Хатлон дастгир шуданд.

Муҳаммадсаид Акрамов, сархатиби масҷиди ноҳияи Восеъ, писарамаки Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аст. Абдулқодирзода рӯзи 9-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бемор аст ва наметавонад дар ин бора суҳбат кунад.

Аммо наздикони дигари Муҳаммадсаид Акрамов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ аз ҳукми додгоҳ норизоятӣ карданд. Яке аз онҳо бе зикри номаш гуфт, "гуноҳи Акрамов ва 13 нафар аз хешованди ӯ дар додгоҳ собит нашуд, вале сарфи назар аз ин онҳо ба зиндон маҳкум шуданд".

Бобоҷони Шералӣ, додраси парванда мегӯяд, агар хешовандони сархатиби ноҳияи Восеъ аз қарори додгоҳ норозианд, метавонанд ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд ва ҳанӯз ба ин фурсат доранд.

Ҳукми сархатиби Восеъ ва хешовандонаш эълон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00
Линки мустақим

Дар ҳоле ки мақомот тафсилоти парванда ва ҳукмро ошкор намекунанд, яке аз пайвандони Муҳаммадсаид Акрамов гуфт, чанд нафар аз фарзандони Акрамов солҳои пеш дар Миср таҳсил мекарданд ва бо даъвати мақомот соли 2014 ба ватан баргашта буданд. Аз миёни маҳкумшудаҳо Абдулазиз Акрамов, писари сархатиб, борҳо дар телевизиони "Мавҷи Озод"- ноҳияи Восеъ дар мавзӯи мубориза бо терроризм суҳбат кардааст.

Наздикони раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар доираи қазияи пурсарусадои боздошти даҳҳо нафар бо гумони узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" дастгир шуданд. Додситони кулли Тоҷикистон моҳи март шумори онҳоро 154 нафар гуфта буд.

Боздошти афроди муттаҳам ба узвият дар "Ихвон-ул-муслимин" дар авоили моҳи январи имсол оғоз шуд. Мақомот афроди муттаҳам ба узвият дар ин гурӯҳро дар минтақаҳои гуногуни кишвар боздошт карданд. Дар миёни онҳо устодони донишгоҳҳо, тоҷирон, донишҷӯён ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ низ мебошанд.

Созмони "Ихвон-ул-муслимин", ки номаш дар пайванд ба боздошти чанд нафар дар сархатти расонаҳои Тоҷикистон қарор дорад, аз соли 2006 боз дар кишвар манъ аст. Соли 2016 чанд имомхатиб дар вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ин созмони мамнуъ ба зиндон маҳкум шуда буданд.

"Ихвон-ул-муслимин" як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияташ дар бархе аз кишварҳои арабӣ низ мамнуъ аст. Пайравонаш онро як созмони муътадили динӣ меҳисобанд, вале додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки "ҳадафи онҳо сарнагун кардани ҳукумат бо роҳи зӯрӣ ва барқарор кардани давлати исломӣ дар ин ё он кишвар аст".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG