Мақомоти тоҷик "махфӣ" будани парвандаи маъруф ба "ихвониҳо"-ро рад карданд. Вакилони гумонбаршудагон қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки парванда зери муҳри "махфӣ" баррасӣ мешавад, биноан, ҳаққи додани маълумотро надоранд.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯз 20-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, баррасии парвандаи "ихвониҳо", "махфӣ" нест. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир барраси парвандаи 103 тан гумонбаршудаҳо дар додгоҳ идома дорад. Ба гуфтаи оқои Шоҳиён, ду нафари муттаҳамон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Як масъули дигари Додгоҳи олӣ зимни ин нишасти хабарӣ гуфт, азбаски шумораи судшавандаҳо зиёд аст, имкони ширкати афроди зиёд дар мурофиаҳо вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон "ихвониҳо" бо шаш моддаи Кодекси ҷинояти Тоҷикистон айбдор мешаванд. Аз ҷумла, нисбати 15 нафар барои "хабар надодан", айб эълон шудааст. Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, "мардум бояд дар бораи ин парванда маълумот дошта бошанд, бояд донанд ки киҳо хастанд, чаро нисбаташон айб эълон шудааст".
Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл муҳокимаи парвандаи дастаҷамъонаи гумонбаршудаи ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" (“Бародарони Мусалмон")-ро шуруъ кард. Гуфта мешавад, нахустин баррасии парванда дар муассисаи тафтишотии Боздоштгоҳи муваққатии рақами як таҳти раёсати додраси Додгоҳи олӣ Муҳаммад Раҳмонзода ҷараён гирифт. Бар асоси айбномаи пешниҳодшуда ба боздоштшудагон то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Бино бар маълумоти тасдиқнашуда, дар миёни боздоштшудаҳо раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Исфара ва 20 донишҷӯи донишгоҳҳои олии кишвар, бахусус Донишгоҳи исломӣ, зодагон ва сокинони шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Исфара, ноҳияи Рӯдакӣ ва ғайра ҳастанд. Чанде аз гумонбаршудагон дар "Маркази маърифат ва таълими маърифат-2012" омӯзгор ва донишҷӯ будаанд.
Боздошти даҳҳо нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳи дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" (Бародарони Мусулмон) моҳи январи имсол тақрибан ҳамзамон дар чанд минтақаи кишвар сурат гирифт.
Созмони "Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ дар кишвар манъ аст. Он соли 1928 дар Миср ташкил шуда, як созмони диниву сиёсӣ аст. Тарафдоронаш онро муътадил ва баъзе ҳукуматҳо террористиву ифротгаро медонанд.
Дар Тоҷикистон 18 созмон террористиву ифротгаро ва мамнуъ эълон шудаанд, ки феҳрасташон аз "Ал-Қоида" оғоз ёфта, ДОИШ-у Толибон, Ҷамоати Таблиғ, Салафия, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Гуруҳи 24-ро дар бар мегирад ва бо Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар хориҷа ба поён мерасад. Раҳбарони баъзе аз ин созмонҳо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистонро ноодилона ва талоше барои аз саҳнаи сиёсати кишвар дур кардани худ медонанд.
Мақомот мегӯянд, ин бахше аз мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар кишвар аст. Мухолифону мунтақидони ҳукумат мегӯянд, боздоштҳо талоше барои тарсонидани ҷомеа аст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, Тоҷикистон набояд масъалаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро барои саркӯби дигарандешон ва ислоҳотхоҳон истифода кунад ва додгоҳи гумонбарон низ бояд ошкор ва бо ҳузури хабарнигорону ҷомеаи шаҳрвандӣ гузарад.