Лутфӣ Сатторова рӯзи 23-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз замони боздошт писарашро надидааст, вале ба бегуноҳии ӯ бовар дорад. "Писарам дар шаби ҳодиса ба ҳеч куҷо нарафтааст, ҳамроҳи ман дар хона буд," -- гуфт ӯ.
Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон дар охири моҳи ноябри соли 2024 Марат Сатторови 43-соларо бо гуноҳи куштори аъзои ду оила ба ҳабси абад маҳкум кард. Радиои Озодӣ дар ин бора 12-уми декабр хабар дода, он замон мавқеи вакили мудофеъ ва наздикони ӯро дастрас накарда буд.
"Вай айбдор нест. Як соли охир дар мактаби деҳа посбон буд. Камтар замин дорем, бо корҳои саҳро машғул мешуд. Ба он ҳодиса рафтагӣ не, дидагӣ не, аз хона баромадагӣ ҳам нест," – афзуд Лутфӣ Саттороваи 75-сола.
Марат Сатторов соҳиби ду фарзанд аст. Падараш дувоздаҳ сол пеш фавтидааст. Хоҳару бародаронаш дар Қирғизистон ҳастанд ва шаҳрвандии он кишварро доранд.
Модараш, Лутфӣ Сатторова, гуфт: "Дар хона бо як саг танҳо мондам. Ҳама ҷоро тит карда рафтанд. Ҳуҷҷатҳо ва кортҳои бонкиро бо худ бурданд. Ақаллан кортамро диҳанд, панҷмоҳа нафақаамро нагирифтаам. Кӣ нигоҳ мекунад маро? Шароити ҳама вазнин."
Моҳи майи соли 2024 дар деҳаи Санҷидзори Конибодом аз ду оила (яке тоҷик ва дигаре қирғизтабор) шаш кас кушта шуд.
Маҳбуба Аҳмедоваи 38-сола, Нозанин Аҳмедоваи 17-сола ва Дамир Аҳмедови 14-сола аз хонаводаи тоҷик ва Зулхо Иброҳимоваи 54-сола, додараш Абдуфаттоҳ Иброҳимови 47-сола ва Қурбонгул Иброҳимоваи 46-сола аъзои кушташудаи оилаи қирғизтабор буданд.
На тафтишот ва на додгоҳ ангезаҳои қатлҳоро номбар намекунанд.
Аз моҳи марти соли 2024 то кунун дар деҳаҳои Конибодом беш аз бист кас ба таври мармуз ба қатл расидааст. Танҳо дар моҳи декабр дар ин минтақаи вилояти Суғд даҳ узви се оила, аз ҷумла чор ноболиғ, дар шароити номаълум кушта шуданд.
Мақомот ба ҷуз хабарномаи пароканда ва эълони таҳқиқи ҳодиса дар бораи кушторҳо ва ангезаи он маълумот намедиҳанд. Аз аввали қатлҳои пайиҳам ду кас зиндонӣ шуда, чаҳор нафар дар боздошт ҳастанд, вале наздикони бархеи онҳо бо хулосаи муфаттишону додрасҳо розӣ нестанд.