Шаби 15 ба 16-уми декабр дар деҳаи Ҳисорак (Қӯрғонча)-и ҳамин шаҳр чор нафар аз ду оила ба таври шубҳабарангез ба ҳалокат расиданд. Як ҳафта аз он пеш шаш узви як оиларо дар Шӯробқалъаи Конибодом кушта дарёфтанд. Ангезаи ин кушторҳо чист?
"Фикр мекунам, онҳоро барои пулу чиз куштаанд"
"Духтараш нақл кард, ки охирин гапи модараш "ба мо расидед, илтимос, ба се бачаам нарасед, баромада равед" будааст," – гуфт Назира, ҳамсояи Ғайбулло ва Зарнигор Маҷидовҳо, ки шаби 15 ба 16-уми декабр ба таври мармуз ҷон бохтаанд.
Дар ин ҳодиса се фарзанди онҳо ҷон ба саломат бурда, ончиро, ки дидаанд, ба сокинону мақомот гуфтаанд. Духтари калонии онҳо 7-сола, хурдиаш 1,5 сола аст. Ба гуфтаи онҳо, волидонашон бо ҳамлагарон даргир шуда, муқовимат кардаанд, вале ба ҳалокат расидаанд.
Назира, сокини деҳаи Ҳисораки Конибодом, гуфт: "Онҳо ду кас будаанд. Маска (ниқоб)-и сиёҳ доштаанд. Духтараш нақл кард, ки "модарам тилою пуламонро дар байни хона партофтанд. Баъд ба дасти модарам либосовезак пайдо шуду бо он ҳардуи мардро заданд."
Пайвандони оилаи Маҷидовҳо мегӯянд, Ғайбулло Маҷидови 35-сола ва Зарнигор Маҷидоваи 28-сола “зану шавҳари меҳрубон буданд” ва бо аҳли деҳа “муносибати хуб доштанд”. Ғайбулло Маҷидов соҳибкор буда, зиндагии миёнҳолона доштааст. Чанд сол пеш иморати нав сохта, дар канори деҳаи Ҳисораки шаҳри Конибодом ҳамроҳи оилааш мустақилона мезист.
Турсуной Шерматова, холаи Ғайбулло Маҷидов, мегӯяд, “фикр мекунам, онҳоро барои пулу чиз куштаанд. Хайр, пулу чизашро гирифтанд, худашонро чаро куштанд? Онҳоро ягон модар зоидааст ё ягон ваҳшӣ ҳастанд? Ман барои ҳамин ҳайрон мешавам”.
Дар дурии тақрибан 500 метр аз ҳавлии оилаи Маҷидовҳо дар он шаб ду узви оилаи Шокировҳо низ ба қатл расидаанд. Ойиша Шокироваи 70-сола нафақахӯр буда, Ҷавлон Шокирови 44-сола ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтааст. Дар рӯзи сабти ин гузориш дар хонаи онҳо ба ҷуз аз муфаттишон пайвандону наздиконаш набуданд ва ҷузъиёти марги модару фарзанд маълум нест.
Деҳаи Ҳисорак (собиқ Қӯрғонча) як рустои хурде дар наздикии маркази шаҳри Конибодом аст.
Видеоро дар ин ҷо бинед:
Мақомот чӣ гуфтанд?
Мақомот то ин лаҳза дар бораи ин ҳодиса ҳеч шарҳе намедиҳанд. Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи ҳодиса ба шаҳрдории Конибодом ва Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат кард, вале посухе нагирифт.
Раиси вилояти Суғд рӯзи 16-уми декабр ба куштори чанд оила дар шаҳри Конибодом вокуниш карда, гуфтааст, барои пайдо кардани омилони ин кушторҳо, "беҳтарин муфаттишону коршиносон аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот сарҷамъ омада", барои "дар мӯҳлатҳои кутоҳтарин пайдо намудани ҷинояткорон" талош доранд.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, ки дар Конибодом ситод ва навбатдорони ихтиёрӣ ташкил шуда, дар кӯчаҳо дурбинҳои назоратӣ гузошта мешавад. Вале дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд дар бораи шумораи қурбониёни кушторҳои охир дар Конибодом ва инки чаро гунаҳкорон пайдо нашудаанд, чизе нагуфтааст.
Баъд аз моҳи марти имсол дар бораи кушта шудани аъзои дастикам ҳашт оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ангезаи кушторҳо норӯшан монда, омилон боздошт нашудаанд. Маълум нест, ин ҳодисаҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ё аз ҳам ҷудо, дуздию ғоратгариянд ё ваҳшатангезӣ.