Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 4 нафар бо гумони қатлҳои пайиҳам дар Конибодом


Гумонбарони қатлҳои мармуз дар Конибодом кӣ ҳастанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00

Гумонбардони қатлҳои Конибодом кӣ ҳастанд? Додситонии кулл гуфт, ҷиноят "кушода шуд"

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр хабар дод, ки дар пайванд ба кушторҳои пайиҳам дар шаҳри Конибодом, ки аҳолиро дар ҳолати тарсу нигаронӣ қарор дода буд, 4 кас дастгир шудааст.

Дар изҳороти хабарии ин ниҳоди тафтишотӣ оид ба кушторҳои мудҳиши шаҳри Конибодом, ки соли 2024 тамоми сокинони маҳаллиро ба даҳшат оварда буд, гуфта шудааст, ки "ҷиноят кушода шуд".

Додситонии кулли Тоҷикистон субҳи 21 декабр хабар дод, ки ҷиноятҳои вобаста ба кушторҳои Конибодом "кушода шуд" ва дар ин замина чор гумонбар дастгир шудааст.

Дар хабарномаи додситонии кулли Тоҷикистон мушаххасан гуфта нашудааст, ки манзур кадом навъи кушторҳо мебошад, вале ба ҳисоби матбуот, аз моҳи март то декабр дар Конибодом дастикам 7 куштори аъзои оилаҳо рух додааст, ки дар натиҷа 25 нафар кушта шудаанд. Дар ҳар яки ин кушторҳо аз ду бештар узви як оила кушта шудааст.

Танҳо дар як моҳи охир дар ин минтақаи вилояти Суғд дастикам даҳ узви се оила дар шароити мармуз кушта шуданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон навишт, боздоштшудагон - сокинони худи Конибодом ҳастанд. Инҳо: Солеҳҷон Худойбердиеви 26-сола, Аҳадҷон Тухтаеви 27-сола, Бахтиёр Равшанови 36-сола ва Манучеҳр Одилови 28-сола мебошанд. Маълум нест, худи боздоштшудаҳо дар бораи ин иттиҳом чӣ назар доранд ва онҳоро дар чӣ шароит боздошт кардаанд.

Додситонии кулл аз ин беш ҷузъиёте намедиҳад, танҳо таъкид шудааст, ки "фаъолияти гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати раҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, тафтишот идома дорад".

Пештар Мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар пайванд ба кушторҳои пешина дар Конибодом ду нафарро дастгиру зиндонӣ карданд, вале наздиконашон онҳоро бегуноҳ донистанд ва маълум нест, то куҷо он нафарон бо дастгиршудаҳои ахир рабте доранд на.

"Худойбердиев варзишгар аст"

Феълан ҳеҷ ҷузъиёти расмие дар бораи кушторҳои Конибодом ва ҳам гумонбарони ин қатлҳо дар даст нест. Маълум нест касбу кори асосии ин гумонбарон чӣ будааст.

Вале аз саҳифае дар шабакаи иҷтимоии ОК-и Солеҳҷон Худойбердиев дида мешавад, ки ӯ варзишгар ва дорбоз будааст. Дар чанд навори видеоие, ки ӯ дар саҳифааш чоп кардааст, дида мешавад, ки дар чорабиниҳои сатҳи маҳаллии ҷамъиятӣ ба ҳайси як дорбози ҳаваскор баромад мекунад, сангҳои вазнин мебардорад ваё сангро мезанад.

Гумонбарон Худойбердиев ва Тухтаев сокинони деҳаи Гулбоғи ҷамоати Фирӯзоба мебошанд, ки он ҳамсоядеҳаи Шӯробқалъа буда наздик ба деҳаи Ҳисорак ҷойгир шудааст.

Дар Шӯробқалъа шаби 8 декабр сокини маҳаллӣ Наимҷон Неъматов ва ҳамсару чор фарзандашро кушта пайдо карданд.

Дар деҳаи Гулбоғ шаби 15 ба 16-уми декабр дар ду оила куштор рух дод ва ҷасади чор нафар ошкор шуд.

Гумонбари дигар Равшанов аз деҳаи Санҷидзори Конибодом аст. Моҳи майи имсол дар ин деҳа аз ду оила (яке тоҷик ва дигаре қирғизтабор) шаш кас кушта шуданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи декабр як сокини шаҳри Конибодом - Марат Сатторов - посбони мактаби деҳаи Санҷидзори Конибодомро ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар ҳоле, ки назари худи Сатторов ба ин ҳукм дастрас нест, пайвандони баъзе аз кушташудаҳо ба қотили ҳақиқӣ ё ба камияш ягона будани ӯ шубҳа баён карда буданд.

Маълум нест, нақши боздоштшудаҳо дар ин ҷиноятҳо чӣ будааст ва то куҷо тамоми кушторҳои соли ҷорӣ дасти кори онҳо мебошад. Додситонии кулли Тоҷикистон навишт, тафтишот идома дорад.

Бисёр сокинони Тоҷикистон, ки аз ин кушторҳои пайдарпаи бераҳмона ваҳшатзада шудаанд, аз хеле маҳдуд ва нокофӣ будани шарҳи расмии мақомоти тафтишотӣ дар бораи ҷараёни ҷустуҷӯву тафтишот интиқод мекунанд ва мегӯянд, мақомоти қудратӣ бояд ҷомеаро саривақт хабардор кунанд.

XS
SM
MD
LG