Франк-Валтер Штейнмейер, вазири умури хориҷии Олмон баъд аз зӯҳри ҷумъаи 1-уми апрел дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, онҳо нигарониҳои ҳукумати Тоҷикистонро дар робита бо қутбгириҳо (поляризатсия)-и сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар дарк мекунанд. "Аммо ба назари ман, - гуфт ӯ,- барои ҷилавгирӣ аз ин ки қутбгириҳо ба тундгароӣ табдил нашавад, тарафҳоро беҳтар аст, ки дар баҳси сиёсиро ба ҳамдигар дар асоси баробарӣ ба роҳ монананд".
Вазири умури хориҷии Олмон дар ин нишасти хабарӣ ҳамзамон гуфт, ки ҷониби Олмон аз вазъ дар марзи тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон огоҳ аст ва медонад, ки дар инҷо пулҳо ва зербиноҳои иҷтимоӣ бунёд мешаванд, то мардуми ду канори соҳил, бо ҳам биёянд. Ӯ гуфт, ки ҳукумати Олмон тамоми талошашро барои баргузор кардани музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон бо Толибон анҷом медиҳад, чунки нооромӣ дар Афғонистон на танҳо барои ин кишвар, балки ба вазъи кишварҳои дигари минтақа низ таъсиргузор аст.
Дар нишасти хабарии вазири умури хориҷии Олмон ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов, ба хабарнигорон имкони суолу ҷавоб дода нашуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмейер, ки рӯзи 1 апрел вориди Душанбе шуд, сафари расмиаш ба Тоҷикистон ба ҳайси раҳбари идораи сиёсати хориҷии Олмон ва раиси давраии САҲА аз мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ кард. Мулоқоти Штейнмейер ва Раҳмон дар Қасри Миллат доир шуд. Дар ин мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон вазири хориҷа Сироҷиддин Аслов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саидмӯъмин Ятимов ва ваколатдори ҳуқуқи инсон Зариф Ализода низ ширкат доштанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба вазъи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон, ҳамчунин ҳамёрии ду кишвар дар доираи Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла амнияту субот дар Осиёи Марказӣ, мушкилоти Афғонистон, вазъи сарҳадот, терроризму ифротгароии динӣ ва ҷиноятҳои муташаккил табодули афкор карда, рушду тавсеаи ҳамгироиҳоро дар ин самт ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуданд.
Тоҷикистон аз давлати Олмон барои кӯмак ҷиҳати дастрасӣ ба Бунёди Иқлими Сабз дар доираи Барномаи “Омодагӣ ба маблағгузории иқлим” ва мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёту хизматрасонии Тоҷикистон арзи сипос кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон ва Франк-Валтер Штейнмейер омодагӣ ва ҳавасмандии хешро ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ баён кардаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сафари Штейнмейер ҳамагӣ 1 рӯз давом мекунад ва ӯ ҳамчунин бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон мулоқотҳои алоҳида доир карда, дар поёни сафараш изҳороти матбуотӣ медиҳад. Штейнмейер, ки бо силсиласафаре дар Осиёи Марказӣ қарор дорад, рӯзи 30 март аз Узбакистон ва рӯзи 31 март аз Қирғизистон боздид кард.
Франк-Валтер Штейнмейер дар пешорӯи сафараш ба Осиёи Марказӣ ин минтақаро як қаламрави “зери сояи таҳаввулоти байналмилалӣ” ва “арсаи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои бузурги минтақавӣ – Русия, Чин ва Эрон” номид. Ӯ афзуд, дар ин минтақа “имконоти азими тиҷорат ва таҳдидҳои қобили мулоҳиза ба субот вуҷуд доранд, ки барои мо бетафовут нест.”
Мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки сафари вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмейер ба ин кишвар саҳифаи тозаеро дар равобити Душанбеву Берлин боз мекунад ва ба рушди ин муносибатҳо таккони ҷиддӣ медиҳад.
Маликшоҳ Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Олмон дар остонаи сафари вазири хориҷаи он кишвар ба Душанбе ба Озодӣ гуфт, “Олмон яке аз нахустин кишварҳое буд, ки ҳанӯз дар соли 1992 дар Душанбе сафораташро боз кард. Тоҷикистон низ нахустин сафораташ дар Аврупоро соли 1994 дар Олмон кушод. Дар роҳи пушти сар кардани мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ Олмон ҳамеша дар бари Тоҷикистон буд ва кумакҳои зиёд мерасонд. Аз соли 1992 ин кумакҳо ба раванди ҳамкориҳо ба хотири рушди устувор табдил ёфт ва то имрӯз мо дасти ёрии ин кишварро эҳсос мекунем. Мо дар консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ нақши калидии Олмонро дар муносибатҳо бо қитъаи Аврупо дарҷ кардаем. Фикр мекунам, Тоҷикистон низ дар сиёсати хориҷаи Олмон мавқеи хоса дорад.”
Дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон Штейнмейерро як ҳайъати бузург, бо шумули вакилони Бундестаг, як гурӯҳи тақрибан 10-нафарӣ аз аҳли илму фарҳанг ва ҳам гурӯҳе аз соҳибкорони Олмон, аз ҷумла намояндагони ширкатҳои шинохташудае, чун “Байер”, “Текстима”, “Ҳайдеберг семент”, “Андритс ҳидро”, “Науф” ва “Дойче кабел” ҳамроҳӣ мекунанд. Рӯзи 1 апрел дар Душанбе ҳамоиши иқтисодии тоҷирони Тоҷикистону Олмон ва мулоқотҳои соҳибкорони олмонӣ бо масъулони блоки иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон низ баргузор мешавад. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ҳамоиш ва мулоқотҳо имконоти ҷалби сармоягузорони Олмон ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.
Ин дувумин сафари Штейнмейер ба Тоҷикистон аст. Вай 3 ноябри соли 2006 бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва вазири вақти хориҷа Талбак Назаров мулоқот ва ба шаҳри Норак сафар карда буд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон Олмонро як шарики муҳими ин кишвар дар қораи Аврупо мешиносанд ва мегӯянд, ки Берлин танҳо дар 14 соли охир ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 250 миллион евро кӯмакҳои билоиваз расондааст. Моҳи феврал Олмон бо имзои боз як созишнома ба Тоҷикистон боз ваъдаи 54 миллион евро ёриҳои фаннӣ кард.
Аммо дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз имконоти ин бузургтарин иқтисоди қораи Аврупо зиёд истифода нашудааст. Бино ба омори расмии Олмон, дар соли 2015 содироти ин кишвар ба Тоҷикистон ҳамагӣ 45 миллион евро ва аз Тоҷикистон ба Олмон танҳо 1,8 миллион евроро ташкил додааст.