Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Штейнмейер: Осиёи Марказӣ арсаи бархӯрди қудратҳост


Франк-Валтер Штейнмейер
Франк-Валтер Штейнмейер

Мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки сафари вазири хориҷаи Олмон ба ин кишвари Осиёи Марказӣ як таккони ҷиддӣ дар рушди равобити Душанбеву Берлин хоҳад шуд.

Мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки сафари вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмейер ба ин кишвар саҳифаи тозаеро дар равобити Душанбеву Берлин боз мекунад. Штейнмейер, ки бо силсиласафаре дар Осиёи Марказӣ қарор дорад, рӯзи 30 март аз Узбакистон ва рӯзи 31 март аз Қирғизистон боздид кард ва рӯзи 1 апрел вориди Душанбе мешавад.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, Франк-Валтер Штейнмейер ба ҳайси раиси давраии САҲА аз ин кишвар боздид мекунад ва ҳамзамон сафари расмиаш ба Тоҷикистонро анҷом медиҳад. Ин сафар ҳамагӣ як рӯз давом мекунад ва дар ҷараёни он вазири хориҷаи Олмон бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад дошт. Дар чорчӯби ин сафар мулоқоти Штейнмейер бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва баргузории форуми иқтисодии Тоҷикистону Олмон низ дар назар гирифта шудааст.

Ин дувумин сафари Штейнмейер ба Тоҷикистон аст. Вай 3 ноябри соли 2006 бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва вазири вақти хориҷа Талбак Назаров мулоқот ва ба шаҳри Норак сафар карда буд.

Франк-Валтер Штейнмейер дар пешорӯи сафараш ба Осиёи Марказӣ ин минтақаро як қаламрави “зери сояи таҳаввулоти байналмилалӣ” ва “арсаи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои бузурги минтақавӣ – Русия, Чин ва Эрон” номид. Ӯ афзуд, дар ин минтақа “имконоти азими тиҷорат ва таҳдидҳои қобили мулоҳиза ба субот вуҷуд доранд, ки барои мо бетафовут нест.”

Мақомоти расмии Тоҷикистон Олмонро як шарики муҳими ин кишвар дар қораи Аврупо мешиносанд ва мегӯянд, ки Берлин танҳо дар 14 соли охир ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 250 миллион евро кӯмакҳои билоиваз расондааст.

Аммо дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз имконоти ин бузургтарин иқтисоди қораи Аврупо зиёд истифода нашудааст. Бино ба омори расмии Олмон, дар соли 2015 содироти ин кишвар ба Тоҷикистон ҳамагӣ 45 миллион евро ва аз Тоҷикистон ба Олмон танҳо 1,8 миллион евроро ташкил додааст.

Маликшоҳ Неъматов
Маликшоҳ Неъматов

Маликшоҳ Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Олмон рӯзи 31 март дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо умедворанд, ки сафари вазири хориҷаи Олмон ба рушди равобити иқтисодии ду кишвар таккони ҷиддӣ хоҳад дод.

М. Неъматов: Муносабатҳои Олмону Тоҷикистон дар сатҳи хеле баланданд. Танҳо дар соли ҷорӣ ба ҷуз аз сафари Штейнмейер чандин чорабинии дигар низ дар нақша дорем. Аз ҷумла шурӯъ аз соли ҷорӣ машваратҳои сиёсии вазоратҳои хориҷаи ду кишвар ба роҳ монда шуданд, ки имсол дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Моҳи октябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон доир мешавад ва дар он бояд дурнамои ҳамкориҳо барои солҳои оянда баррасӣ шавад. Аз соли 2002, ки ин кумиссиюн кор мекунад, ба Тоҷикистон ба маблағи наздики 250 миллион евро кумакҳои молиявиву фаннӣ расонда шудааст. Олмон дар Тоҷикистон тарҳҳои зиёдеро дар риштаҳои маориф, тандурустӣ, рушди минтақавӣ, рушди зербинову соҳибкорӣ ва соҳоти дигар маблағгузорӣ кардаасту мекунад. Дар баробари сафорати Олмон, дар Тоҷистон Оҷонсии рушди байналмилалии Олмон ва маркази маорифи Олмон низ фаъолият дорад, ки бо кумаки ин марказ садҳо толибилми тоҷик имкони таҳсил дар донишгоҳҳои Олмонро ба даст оварданд. Вазири хориҷаи Олмон низ пеш аз сафараш кишварҳои Осиёи Марказиро барои Олмон муҳим номид. Корҳои зиёде карда шудаанд, вале захираву имконоти фаровоне ҳанӯз вуҷуд дорад ва ин сафар имкон медиҳад, ки паҳлуҳои нави ҳамкориҳо пайдо карда шаванд.

Озодӣ: Вазири хориҷаи Олмонро дар ин сафар кӣ ҳамроҳӣ мекунад?

М. Неъматов: Ӯро дар ин сафар як ҳайъати бузург, вакилони Бундестаг, як гурӯҳи тақрибан 10-нафарӣ аз аҳли илму фарҳанг ва ҳам гурӯҳе аз соҳибкорони Олмон ҳамроҳӣ мекунанд. Аз ҷумла намояндагони ширкатҳои шинохташудае, чун “Байер”, “Текстима”, “Ҳайдеберг семент”, “Андритс ҳидро”, “Науф” ва “Дойче кабел.” Рӯзи 1 апрел дар Душанбе ҳамоиши иқтисодии тоҷирони Тоҷикистону Олмон ва мулоқотҳои соҳибкорони олмонӣ бо масъулони блоки иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон низ баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш ва мулоқотҳо имконоти ҷалби сармоягузорони Олмон ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Озодӣ: Олмон дар сиёсати хориҷии Душанбе чӣ нақшу ҷойгоҳе дорад?

М. Неъматов: Олмон яке аз нахустин кишварҳое буд, ки ҳанӯз дар соли 1992 дар Душанбе сафораташро боз кард. Тоҷикистон низ нахустин сафораташ дар Аврупоро соли 1994 дар Олмон кушод. Дар роҳи пушти сар кардани мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ Олмон ҳамеша дар бари Тоҷикистон буд ва кумакҳои зиёд мерасонд. Аз соли 1992 ин кумакҳо ба раванди ҳамкориҳо ба хотири рушди устувор табдил ёфт ва то имрӯз мо дасти ёрии ин кишварро эҳсос мекунем. Мо дар консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ нақши калидии Олмонро дар муносибатҳо бо қитъаи Аврупо дарҷ кардаем. Олмон барои мо як кишвари муҳим аст ва аз рӯзи аввале, ки Тоҷикистонро ба расмият шинохт, ҳамеша дар ҳама ҳолат дар бари Тоҷикистон буд. Ва ҳамагӣ моҳе пеш бо имзои боз як созишнома Олмон ба Тоҷикистон боз ваъдаи 54 миллион евро ёриҳои фаннӣ кардааст. Фикр мекунам, Тоҷикистон низ дар сиёсати хориҷаи Олмон мавқеи хоса дорад.

Озодӣ: Аммо табодули молу коло бо ин кишвари дорои имконоти фаровони иқтисодӣ ночиз аст – ҳамагӣ 47 миллион евро дар як сол...

М. Неъматов: Албатта, Тоҷикистон бояд аз имконоти иқтисодиву тиҷории Олмон истифодаи бештар барад. Соли гузашта аз Олмон ҳудуди 150 соҳибкор бо тарҳу нақшаҳои мухталиф ва ба хотири омӯзиши бозор ва муҳити сармоягузорӣ аз Тоҷикистон дидан карданд. Ин раванд идома дорад, ҳарчанд ки ҳанӯз қонеъкунанда нест дар миқёси як кишвари бузург. Вале барои рушди соҳибкорӣ, фикр мекунам, ташвиқи бештар ва муаррифии боз ҳам бештари захираҳову имконоти Тоҷикистон дар бахши тиҷорат зарурат дорад. Ҳавсанмандӣ ҳаст. Соли гузашта дар вилоятҳои Суғду Хатлони Тоҷикистон амборҳои бузурги мева сохта шуд, ки ҳама таҷҳизоташ олмонист.

Озодӣ: Аммо дар гузашта моҷароҳое ҳам буд бо Олмон. Аз ҷумла матбуоти Олмон дар соли 2014 дар бораи мошинҳои дуздие, ки дар Тоҷикистон ошкор шудаанд, чандин матлаб навишт. Ин масоил ҳал шуд?

М. Неъматов: Агар як чиз дар ҷое дуздида мешавад, албатта, дар ҷое пайдо мешавад. Ин ҷинояткории муташаккил аст ва онро бо доду вовайло ҳал карда намешавад. Ин масъала ва роҳҳои ҳаллу пешгириашро бояд сохторҳо ҳаллу фасл кунанд. Аз ҳамон рӯзҳо мақомоти дахлдор гуфтанд, ки Тоҷикистон дар ин ҳалқа як нуқтаи охир аст ва ин мошинҳо дар гӯшаҳои дигар санад мешаванд ва бо ҳуҷҷатҳои расмӣ ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Ва вақте пайдо мешаванд, ин барои мақомоти Тоҷикистон низ мушкилӣ меофарад. Аз ин рӯ, ҷониби Тоҷикистон борҳо барои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ кардааст. Ҳатто вазири дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ, вақте бо масъулину бо рӯзноманигорон сӯҳбат мекард, омодагии пурраи ҷониби Тоҷикистонро ба хотири баррасӣ ва ҳалли ин мушкилот иброз дошта буд. Ин проблемаи танҳо як кишвар бо як кишвари дигар нест, дар ин байн 7000 километр аст, ки ин мошинҳо аз чандин кишвар мегузаранд. Кишварҳо бояд муштаракан амал кунанд, ки аз ин корҳо пешгирӣ шавад, чунки ҷинояткорон зиёданд ва онҳо ягон лаҳза ором нестанд.

Озодӣ: Ҳар боре ки як мақоми ғарбӣ ба кишварҳои пасошӯравӣ сафар мекунад, як мавзӯе, ки ҳамеша матраҳ мешавад, масъалаи ҳуқуқи башар аст. Дар мулоқотҳои Шумо низ ҳатман ин масъала доман зада мешавад. Штеймейер зимни боздидаш аз Узбакистон мавзӯи вазъи ҳуқуқи инсон дар он кишварро бардошт. Мавзӯи ҳуқуқи башар оё метавонад ба ояндаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Ғарб, барои мисол, бо Олмон соя биандозад?

М. Неъматов: Албатта, ин масъалаҳое, ки бевосита ба ин мавзӯъҳо дахл дорад, дар мадди назари давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ҳаст. Ва барои ҳарчӣ бештар расидан ба нуқтаҳои олӣ, албатта, дар Тоҷикистон талошҳое анҷом мешаванд. Ва мо дар ҳама сӯҳбатҳо қайд мекунем, ки як кишваре, ки ҳамагӣ 25 сол дорад ва корҳои зиёдеро дар ин раванд анҷом додаасту ҳанӯз боз корҳои зиёде дар пеш ҳаст. Ва ҳарҷое ки сӯҳбат мешавад, сохторҳои дахлдор, вазоратҳову идораҳои дахлдор ва он қонунҳое, ки қабул шудааст, ва он имкониятҳои ҳуқуқие, ки дода шудааст, ҳамаи ин пешниҳод мегардад. Ва фикр мекунам, ин равандест, ки дар ҳамбастагӣ бо кишварҳои пешрафта, бо кишварҳое, ки имрӯз дар ин равандҳо дастовард доранд, талошҳои зиёде бояд анҷом дод, то ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар бирасем. Ин масъалаҳои муҳим ва заруранд ва дар ҳама мулоқотҳо дар атрофи он сӯҳбатҳо мешаванд.

Озодӣ: Ба сурати умум, хушбин ҳастед аз натиҷаҳои сафари вазири хориҷаи Олмон?

М. Неъматов: Бале, мо хушбин ҳастем ва манфиатдор ҳам ҳастем ва талошҳое ҳам кардем, то он доираҳое, ки нияти рафтан доранд, ба суолҳои худ посухҳои лозим бигиранд, нуқтаҳои мушаххаси ҳамкориҳо пайдо шаванд ва ин сафар як сафари бомақсад ва пурҳосил шавад. Мақсад ҳам боздид ва ҳам ошноӣ бошад ва дар баробари он дурнамоҳое барои фардо ва мувофиқатҳо ба даст биоянд.Мо хушбинем ва бовар дорем, ки ин сафар метавонад ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Олмону Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо як таккони ҷиддӣ бидиҳад.

XS
SM
MD
LG