Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Штайнмайер аз Тошканд хостори риояти ҳуқуқи башар шуд


Франк-Вальтер Штайнмайер, вазири корҳои хориҷии Олмон дар ҷараёни дидораш аз Узбакистон аз мақомоти ин кишвар даъват кардааст, "барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар талош кунанд".

Штайнмайер, ки ҳамзамон раёсати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро (САҲА) низ ба ӯҳда дорад, рӯзи гузашта бо Ислом Каримов ва Абдулазиз Комилов, раиси ҷумҳур ва вазири хориҷаи Узбакистон дидору гуфтугӯ кардааст.

Ҷонибҳо мавзӯъи ҳамкорҳои дуҷониба, масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ширкати САҲА дар равандҳои иҷтимоию сиёсии минтақаро баррасӣ кардаанд.

Дар назар аст, Франк-Вальтер Штайнмайер аз Қирғизистон ва Тоҷикистон низ дидор кунад.

XS
SM
MD
LG