Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори вазири хориҷаи Олмон аз Узбакистону Тоҷикистон


Вазири корҳои хориҷии Олмон ва ҳамзамон раиси даврии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо имрӯз, чоршанбеи 30 март сафари худро аз Узбакистон шурӯъ мекунад.

Франк-Валтер Штайнмайер имрӯз бо сафари расмӣ вориди Узбакистон шуда, нахустин бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳури ин кишвар дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Ҳамчунин, музокироти вазири корҳои хориҷии Олмон бо дигар мақомоти ҳукумати Узбакистон дар назар аст.

Баррасии густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Узбакистон ва Олмон ва масоили умдаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар меҳвари дидору гуфтугӯҳои Франк-Валтер Штайнмайер қарор мегирад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Олмон, ин кишвар аз шарики муҳими Узбакистон дар Иттиҳоди Аврупо маҳсуб меёбад. Ба ин хотир ба гуфтаи ин манбаъ, дар музокиротҳо дар Тошканд на танҳо мавзӯоти марбут ба равобити тиҷоративу саромоягузорӣ, балки масъалаи ҳуқуқи башар низ матраҳ мешавад.

Зимнан, нируҳои Олмон дар соли 2002 то 2015 пойгоҳи ҳавоии воқеъ дар шаҳри Тирмизи Узбакистонро барои фаъолиятҳои худ дар Афғонистон истифода карда буданд. Дар ин муддат ҷониби Олмон барои мудернсозии ин пойгоҳ, ки дар қисмати ҷанубии Узбакистон воқеъ аст, маблағи 12 миллион евро сарф кардааст. Аммо гуфта мешавад, ҷониби Узбакистон дар соли ҷорӣ барои истифодаи ин пойгоҳ маблағи иҷораро ду баробар афзоиш дода ва аз Олмон 70 миллион евро талаб кард, ки дар ниҳоят кишвари охирӣ аз истифодаи пойгоҳи Тирмиз худдорӣ намуд.

Бо ин ҳам Олмон шашумин кишвари шарики тиҷоратии Узбакистон аст. Мизони тиҷорати дуҷонибаи Олмон ва Узбакистон дар соли гузашта ҳудуди 440 миллион евроро ташкил додааст.

Пас аз сафар ба Узбакистон Франк-Валтер Штайнмайер ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард ва дар ҷараёни дидори расмии худ аз Душанбе, ки фардо панҷшанбеи 1 апрел сурат мегирад, бо Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур дидору гуфтугҳо анҷом хоҳад дод.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ин сафар расмӣ ва якрӯза аст, ки дар ҷараёни он вазъи феълӣ ва дурнамои равобиту ҳамкориҳои ин кишвар бо Олмон баҳсу баррасӣ мешавад”.

Ин дуввумин сафари расмии Франк-Валтер Штайнмайер, вазири корҳои хориҷии Олмон ба Тоҷикистон хоҳад буд.

Вай 3 ноябри соли 2006 бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ки дар ҷараёни он бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ваТалбак Назаров, вазири вақти корҳои хории Тоҷикистон дидору гуфтугҳо анҷом дода ва ҳамзамон аз шаҳри Норак дидан карда буд.

Зимнан, муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон моҳи декабри соли 1992 барқарор шуданд. Сафорати Олмон яке аз аввалин намояндагии хориҷӣ дар Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар Душанбе рӯзи 10 июни соли 1993 оғоз намудааст. Аммо Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Бонни Олмон 6 сентябри соли 1994 кушода шуда, соли 1999 ба шаҳри Берлин кӯчонида шуд.

Бино ба иттилои Агентии давлатии омор, дар шаш моҳи соли гузашта ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо Олмон беш аз 24 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки бештари он воридоти коло аст.

Маблағи умумии кумаки Олмон барои Тоҷикистон дар чаҳорчўби ҳамкории техникӣ ва молиявӣ ба беш аз 100 млн. евро мерасад. Олмон бо иҷрои лоиҳаҳое дар иқтисоди Тоҷикистон фаъол аст.

XS
SM
MD
LG