Филми фаронсавию тоҷикӣ номзад ба ҷоизаи "Cesar" шуд

Филми коргардони фаронсавӣ Арно Деплешен - "Хотираҳои тилоии ман", ки баъзе аз қисматҳояш дар Тоҷикистон наворбардорӣ шудааст, ба баландтарин ҷоизаи синамои Фаронса пешбарӣ шуд.

Филми нави коргардони маъруфи фаронсавӣ Арно Деплешен - "Хотираҳои тилоии ман" (Trois souvenirs de ma jeunesse) - номзад ба ҷоизаи баландтарини синамои Фаронса – "Сезар" шудааст. Ин ҷоиза бештар бо номи "Оскари фаронсавӣ" маъруф аст ва филми Арно Деплешен дар 11 бахши он, аз ҷумла барои дарёфти унвони "беҳтарин филми сол" ва "коргардони беҳтарин" вориди рақобат шудааст. Академияи Сезар имсол ҷоизаро рӯзи 26 феврал тақдим мекунад, ва ба гуфаи президенти он Алан Терзан, ба хотири филму пешниҳодҳои хеле зиёд - рақобат шадид мешавад.

Филми коргардони маъруф Арно Деплешен, ки дар филмҳояш ситораҳои ҳунар Катрин Денев ва Жерар Депарде ҳам нақш бозидаанд, қисман дар Тоҷикистон наворбардорӣ шудааст. Он дар бораи саргузаштҳои як антропологи фаронсавӣ нақл мекунад, ки барои кор ба Тоҷикистон меравад. Дар ҷараёни ин сафар хотираҳои даврони кӯдакиву наврасиаш дубора зинда мешаванд.

Дар як сӯҳбати ихтисосӣ аз шаҳри Париж Арно Деплешен ба Радиои Озодӣ гуфт, ки идеяи филмбардорӣ дар Тоҷикистон ногаҳонӣ, аммо фавқулода хуб буд.

Арно Деплешен

Арно Деплешен: "Чаро Тоҷикистон? Дар филме, ки ман сохтам, се хатти сужа ва ё се қисса гуфта шудааст. Яке аз ин қиссаҳо ба Иттиҳоди Шӯравӣ рабт мегирад. Қаҳрамони филм ба Иттиҳоди Шӯравӣ сафар мекунад. Дар он давлат модаркалони ӯ зиндагӣ мекунад, ки барояш забони русиро дарс медод. Вақте дар бораи сужаи филм фикр мекардам, хаёл кардам, ки бояд як нуқтаи дурдасте аз ин қаламравро пайдо кунам, ки марбут ба Иттиҳоди Шӯравӣ бошад. Ин даврае буд, ки девори Берлин суқут кард. Интихоб болои Тоҷикистон афтод. Исми ин кишвар хеле шоирона аст. Ман он вақт чизе дар бораи ин кишвар намедонистам. Тоҷикистон бароям як кишвари дурафтодаву ношинос буд. Вале баъдан ман як ёвари худро ба Тоҷикистон фиристодам ва ӯ аз Хуҷанд дидан кард. Вай бо аксҳои хеле зебо баргашт. Баъди ин ман гуфтам: "Хеле хуб, биё ба Тоҷикистон меравему зебоиҳои Тоҷикистонро филмбардорӣ мекунем."

Радиои Озодӣ: Яъне, қаблан ҳеч гоҳ дар Тоҷикистон набудед?

Арно Деплешен: "Ҳеч гоҳ дар Тоҷикистон набудам ва барои аввалин бор рафтам. Манзараҳои Тоҷикистон ва кӯҳҳои осмонбӯсаш фавқулода зебо будааст. Мардумаш ҳам маро дар ҳайрат гузошт – инсонҳои ҷолибу заҳматкаш будаанд. Мо наворҳои хеле олӣ бардоштем. Дар ниҳоят ин кишвар, ки аввал дар назари мо як нуқтаи дурафтодае дар қаламрави Шӯравии пешин буд, дигар як кишвари ошно шуд. Дар Тоҷикистон мо баъзе чизҳои хурду резаи сенарияро комилан дигар кардем. Хулоса, ҳамааш воқеан олӣ гузашт."

Радиои Озодӣ: Шумо пеш аз ин дар бораи филмҳои тоҷикӣ хабар доштед?

Арно Деплешен: "Аввалин бор ман бо филми сохтаи як коргардони тоҷик тавассути нақши ҳунарпешаи рустабор Диана Друкарова шинос шудам. Ӯ дар филми нави ман нақши арӯсшавандаи қаҳрамони асосиро

мебозад. Друкарова дар филми Ҷамшед Усмонов "Биҳишт фақат барои мурдагон" нақш бозидааст. Ӯ занеро бозидааст, ки дар миёни ду мард бояд якеро интихоб кунад. Филми хеле хуб аст. Ин танҳо филми тоҷикӣ аст, ки ман дидаам. Вақте як филмсози фаронсавӣ ё амрикоӣ ба Тоҷикистон меравад, барояш муҳит комилан нав ва экзотикӣ ё аҷибу ғариб аст. Вале вақте Шумо ба наворгирии чеҳраҳои инсонҳо ва ҳам муҳити он кишвар шурӯъ мекунед, ҳама чиз якбора дигар мешавад. Наворгирии саҳнаҳо аз як кишвари дур хеле ҷолиб аст."

Радиои Озодӣ: Ҳоло чӣ умед доред – филми Шумо барандаи ҷоизаи "Сезар" мешавад?

Арно Деплешен: "Умедворам, ки ҳадди ақал як ҷоиза насиби мо мешавад. Аслан пешбарӣ шудани филми мо ба 11 бахши ин ҷоиза худ як хабари олӣ аст. Агар мо чизе бурдем, хеле хушбахт мешавем. Агар ҳам мо ҷоизаи "филми беҳтарин"-ро набурдем, умедворам, ки "коргардони беҳтарин" насиби мо мешавад."

Арно Деплешен 55 сол дошта, ҳунари филмсозиро дар Донишгоҳи "Париж 3" (бахши гуманитарии донишгоҳи Сорбон) омӯхтааст. Муаллифи 10 филми бадеӣ буда, муваффақияти бештарро барояш филми "Ҳаёти маҳрамонаи ман" (My sex life - 1996) овардааст. "Хотираҳои тилоии ман", ки соли 2015 бардошта шудааст, дар идомаи ҳамин филм бардошта шудааст. Филми нав, қарор аст, баҳори соли ҷорӣ ба намоиш гузошта шавад.

Ҷоизаи "Сезар" шурӯъ аз соли 1976 бо ибтикори Академияи “Сезар” ба беҳтарин филмҳои фаронсавӣ тақдим мешавад. Ин ҷоизаи мӯътабар беҳтарин филмҳову коргардон ва ҳунарпешаҳои солро дар 12 бахш муайян мекунад ва онро дар миёни худи синамогарони маҳаллӣ “Оскар”-и фаронсавӣ меноманд. Дар солҳои мухталиф коргардон ва ҳунарпешаҳои маъруф – Роман Полански, Катрин Денёв, Жерар Депардё, Изабел Аҷанӣ, Ҷулетт Бенош ва дигарҳо барандаи ин ҷоиза шудаанд.