Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамаи мо то андозае гастарбайтер ҳастем"


Саҳнае аз филми «Фирор аз Маскавобод»
Саҳнае аз филми «Фирор аз Маскавобод»

Даря Полторатская, коргардони филми нави русӣ, ки мушкили ҷомеа ва муҳоҷирони тоҷикро тасвир мекунад, ба саволҳои радиои Озодӣ посух дод

Студияи «Всемирные русские студии» филми нави коргардон Даря Полторатскаяро бо номи «Фирор аз Маскавобод» ба бозор арза кард. Ин филм дар бораи мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, муносибати ғолибан манфии ҷомеа нақл карда, талош мекунад, ақидаҳои ҷоуфтодаи бохусумати аксариятро нисбати ин хориҷиҳои ҷӯёи кор дар Русия тағйир диҳад. Филм тоза ба бозор арза шудааст. Масъулини «Всемирные русские студии» мегӯянд, феълан ин филм бештар дар сатҳи озмуну ҷашнвораҳои синамо муаррифӣ шудааст.

Дар як сӯҳбати телефонӣ Даря Полторатская, коргардони филм ба саволҳои радиои Озодӣ посух дод.

Радиои Озодӣ: Даря, пайғоми асосии филм ба тамошобин чӣ аст?

Даря Полторатская: Ин филм дар бораи гастарбайтерҳо нест. Ҳоло ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ зиёд шудааст, вале ин филм дар бораи онҳо нест. Мафҳуми гастарбарйтерро бояд васеътар дарк кунем: ҳамаи мо то андозае гастарбайтер ҳастем. Чунки ҳар кас аз касе ё чизе вобаста аст ва барои зинда мондан, мубориза мебарад. Муҳим ин аст, ки дар ин талоши зиндагӣ шарафи инсонии худро ҳифз кунем ва ба ҳангоми

Муқоваи филм
Муқоваи филм

қабули шарти бозии ин зиндагӣ, фаромӯш накунем, ки обурӯи инсонии худро аз даст надиҳем. Ман мехостам, ки филм дар ҳамин бора бошад.

Радиои Озодӣ: Худи сужаи филмро чӣ тавр фикр кардед? Қаҳрамони филм - як марди тоҷик дар аввал як шахси баде будааст, вале дар ҷараёни филм қаҳрамони аслии он – корманди Хадамоти федеролии муҳоҷират бо ӯ дӯст шуда, ҳамроҳ зидди ҷинояткорон мубориза мебаранд.

Даря Полторатская: Дар оғоз ин қиссаро мову муаллифи матн Юсуф Розиқов (намоишноманависе аз Ӯзбакистон) ба шакли дигар тасаввур мекардем. Дар маҷмӯъ, ман ҳам аз сенарий ва ҳам аз кори ҳунарпешаҳо хеле розӣ ҳастам. Нақши аввалро Мария Машкова ва Ҷавоҳир Зокиров (ҳунарпешаи ӯзбак) бозидаанд. Агар барои Мария ин филми аввалини ҷиддӣ бошад, Ҷавоҳир Зокиров аллакай актери шинохташуда аст. Фақат мушкиле, ки пеш омад, ин буд, ки ӯ басахтӣ пораҳои матни худро ба забони тоҷикӣ азхуд мекард. Билохира мо қарор кардем, ки аз болои матни ӯ садои як тоҷики забондони дигарро бичаспонем.

Радиои Озодӣ: Яъне дар филм баъзе пораҳо ба забони тоҷикӣ ҳам ҷо дода шудаанд?

Даря Полторатская: Бале, ҳатман. Ман бисёр мехостам, ки забони тоҷикӣ дар филм садо диҳад.

Радиои Озодӣ: Чаро тамошо кардани ин филмро машварат медиҳед?

Даря Полторатская: Инсон бояд тавонад, ки ҳар лаҳза бозистад ва ба рафтори худ баҳо диҳад. Мо дар бисёр ҳолатҳо дар пушти талоши зиндагӣ дар бораи арзиши инсон фаромӯш мекунем. Ин филм нигоҳест ба худи мо, дар бораи мо. Ин як драмаи иҷтимоиест, ки талош мекунад ҳақиқатҷӯёна ба аъмоли мо - аъзои ҷомеа баҳо диҳад. Шояд касе бо дидани ин филм ба хулосае биёяд, ки ӯ дар ин ҷаҳон танҳо нест.

Радиои Озодӣ: Интизор доред, ки филми шумо дар беҳтар шудани муносибати ҷомеа ва мақомот ба масъалаи нирӯи кории хориҷӣ дар Русия мусоидат мекунад?

Даря Полторатская: На, ман чунин хаёлҳое надорам. (Механдад) Фикр намекунам, ки як филм кори зиёдеро карда тавонад. Зиёда аз ин, ман бовар надорам, ки ин филм барои намоиши ҳамагонӣ пешниҳод шавад, чунки прокат дар Русия (намоиш дар кинотеатрҳои ҷамъиятӣ) як масъалаи дигар аст. Чунин филмҳо бояд хеле зиёд бошад ва на фақат як филм, балки китоб ва барномаҳои телевизионии зиёд сохтан лозим аст, ки дар ин масъала баҳс кунанд. Мо бояд бештар дар бораи худу дунёи ботинии худ, дар бораи арзишҳои инсонӣ, на пулу мол фикр кунем.

Радиои Озодӣ: Шумо ҳамчун як шаҳрванди Русия, ки ҳар рӯз дар кӯчаҳои Маскав бо муҳоҷирон рӯбарӯ мешавед, ба мақомоти худ кадом гуфтание дар заминаи масъалаи муҳоҷират ва роҳҳалҳои ин масъала доред?

Даря Полторатская: Ин масъалаи хеле сахт аст. Филми мо дар Маскав ва дар мисоли Маскав бардошта шудааст. Вале он чи ки мо гуфтем,

Даря Полторатская
Даря Полторатская

марбут ба пойтахт ва ҳам дигар шаҳрҳои бузурги Русия аст. Дар илми физика як истилоҳе ҳаст бо номи «маҳлули ғализ», ки вақте ба дохили он шакарро мерезӣ, он комилан ҳал мешавад. Дар дохили ин маҳлул

дигар ҷое барои дигар чиз намемонад. Ҳамин Маскав ҳам мисли маҳлули ғализ аст, ки аз ҳад зиёд пур ва олуда аст. Ба ин ҷо одами зиёд меояд ва ҳеҷ кадоми онҳо, дар талотуми зиндагӣ фурсат намеёбад, ки худро дар ин гирудорҳо дарк кунад, чӣ ҷои дарки фарҳанги бегона? Ба Инҷо одам хеле зиёд аст, ба чунин шакли серодам зиндагӣ кардан хуб нест. Таҷаммӯи мардуми зиёде, ки барои дарёфти рӯзӣ ва рӯзии беҳтаре аз дигарҳо мубориза мебарад, як ҳолати хушунатомезро ба миён меорад. Ба ингуна шаҳрҳо на аз муҳаббати зиёд ба макону мардумаш, балки барои дарёфти ҷои худ ва пирӯзӣ бар мушкилоти иҷтимоӣ меоянд. Ман на танҳо муҳоҷирони хориҷиро дар назар дорам, балки дигар шаҳрвандони Русияро ҳам, ки аз манотиқи дурдаст ба Маскав меоянд. Аз ҳамин хотир, аксари мардум бадҷаҳланду шумори онҳо хеле зиёд мешавад. Мақомот бояд ба ҳамин чиз таваҷҷӯҳ кунанд, масъалаи омӯзиши фарҳанги мардумони дигарро ҳам бубинанд, то ки ин мардум ба ҳамдигар боэҳтиром муносибат кунанд.

Радиои Озодӣ: Ҳоло ман шунидам, ки шумо ба фестивали синамои мусалмонии Қазон омодагӣ мебинед, ки қарор аст моҳи сентябр баргузор шавад?

Даря Полторатская: Бале, барои ман хеле ҷолиб аст, ки назари коршиносонро дар бораи ин филм дар он ҷо бишнавам. Баъдан ин филм ба як ҷашнвораи «Шарқу ғарб»-и Оренбург меравад, ноябр ба Варшава меравем, баъдан ба Таллин ва Онфлери Фаронса меравем. Албатта, ман мехостам, ки ин филм дар як прокати хурд ҳам бошад, намоиш дода шавад, вале ин масъалаест, ки дигар аз ман вобаста нест.

XS
SM
MD
LG