Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустнамоиши филми тоҷикӣ дар Ню-Йорк


Сафарбек Солиев, коргардони тоҷик
Сафарбек Солиев, коргардони тоҷик

Дар клуби продюсерҳои Бродвейи шаҳри Ню-Йорк барои аввалин бор филми мустанади "Комил"-и коргадони тоҷик Сафарбек Солиев ба намоиш гузошта шуд.

Дар клуби продюсерҳои Бродвейи шаҳри Ню-Йорк барои аввалин бор филми мустанади “Комил”-и коргадони тоҷик Сафарбек Солиев ба намоиш гузошта шудааст. Сафарбек Солиев рӯзи 8 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин маркази муҳими фарҳангии ҷаҳон умдатан нахустнамоиши филмҳо бидуни озмун пешкаши тамошобинҳо мегардад.

Дар ин филми мустанад суҳбати фарзандони Комил Ёрматов дар бораи падар, хотираҳои рангини ҳамкорони ӯ дар бораи иштиёқи фавқулодаи Комил Ёрматов ба синамо ва моҷароҳояш бо мақомоти вақт тамошобинро ба сурати ғайричашмдошт бо ин шахсияти таърихӣ аз наздик ошно мекунад. Мусоҳибон дар ин филм достонҳоеро аз зиндагии Комил Ёрматов, фарзанди Ёрмуҳаммад-мингбошӣ, сарҳанги артиши тезорӣ аз овони ҷавониаш то замони касби шӯҳрат ба унвони филмбардор ва марги коргардони номии вақтро ба риштаи тасвир мекашанд.

Шуҷоати Комил Ёрматов дар зиндагӣ ва кор, эҳтироми ӯ дар миёни мардуми маҳаллӣ ва шӯравӣ ва маҳбубияташ дар миёни занон дар меҳвари ин мустанад қарор гирифтаанд.

Сафарбек Солиев мегӯяд, ин филмро тӯли шаш сол таҳия ва танзим карда ва барои анҷоми ин кор ӯ бо 6 филмбардор ҳамкорӣ кардааст. Оқои Солиев махориҷи ин филмро худ пардохтааст.

Комил Ёрматов ҳарчанд дар даҳаи 1930 қарни гузашта кори худро дар филмбардорӣдар Тоҷикистон оғоз кард, аммо дар даҳаи 1950 ба Ӯзбакистон нақли макон карда ва дар онҷо раёсати Ӯзбекфилмро бар ӯҳда гирифт.

Ин филм ба муносибати 110-умин солгарди таваллуди Комил Ёрматов, яке аз бунёдгузорони синамои Тоҷикистону Ӯзбакистон сохта шуда, нахустнамоиши он 16 октябри соли гузашта дар ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” дар Хонаи Синамои Душанбе баргузор шуда буд.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ нахустнамоиши филми мустанади “Комил” дар Маскав ва Бишкек низ пешкашии тамошобинони сершумор шуд.

Комил Ёрматов коргардони филмҳои маъруфи “Алишер Навоӣ”, “Абуалӣ Сино”, “Тӯфон дар Осиё”ва “Марги Консули Сиёҳ” маҳсуб мешавад, ки ин филмҳо шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кардаанд.

Пас аз як соли марги Комил Ёрматов дар соли 1979 киностудияи “Ӯзбекфилм” номи ин коргардони маъруфро гирифт.

XS
SM
MD
LG