Тимофей Копилов, овозхони гурӯҳи “Рекорд Оркестр” аз вилояти Владимири Русия мегӯяд, аз инки маҳз таронаи “О, Душанбе!” гурӯҳи онҳоро ба марҳалаи ниҳоии озмуни “Главная сцена” (“Саҳнаи асосӣ”)-и телевизиони давлатии “Россия 1” баровард, хеле хушбахт аст.
Тимофей Копилов рӯзи 21 декабр дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, “барои мо хеле муҳим буд, ки ин тарона дар Душанбе ва Тоҷикистон хуб қабул шавад ва истиқболи гарми мухлисони тоҷик, ки хабараш то ба мо ҳам расид, моро хеле сарфароз мегардонад."
Копилов афзуд, "ба бовари ман, бояд дар кишвари бузурге, чун Русия, мардум дар бораи фарҳанги халқҳои ҳамсояаш иттилои бештар дошта бошанд ва таронаи “О, Душанбе!” низ як василаи хубе барои таблиғи Тоҷикистону фарҳангаш аз минбари телевизони Русия шуд.”
Таронаи маъруфи “О, Душанбе”-и оҳангсози рус Александр Затсепин дар поёни ҳафтаи гузашта пирӯзии гурӯҳи “Рекорд Оркестр” аз вилояти Владимирро дар марҳалаи ниманиҳоии озмуни “Главная сцена” (“Саҳнаи асосӣ”)-и телевизиони давлатии “Россия 1” таъмин ва роҳи ин гурӯҳ ба марҳалаи ниҳоии ин озмунро боз кард. Ҳамаи 4 узви ҳайъати ҳакамон якдилона ба ин гурӯҳ баъди иҷрои таронаи “О, Душанбе!” ба финал роҳхат доданд.
Валерий Леонтев, овозхони шинохтаи рус ва яке аз 4 узви ҳайъати ҳакамони “Главная сцена” бо ситоиш аз иҷрои Копилов ва гурӯҳаш гуфт, умедвор аст, ки онҳо дар марҳалаи ниҳоӣ низ чунин як таронаи ҷаззоб омода хоҳанд кард. Диана Арбенина гуфт, “шумо чунон латиф хондед, ки ба дили ҳама ҷо шуд.” Владимир Пресняков гуфт, ин тарона дар иҷрои “Рекорд Оркестр” ӯро ба даврони кӯдакиаш дар замони Шӯравӣ бурд, ки ҳамроҳ бо волидонаш ба сафари ҳунарӣ ба Узбакистону Тоҷикистон рафта буд.
Елена Ваенга гуфт, ин тарона ӯро ба як ошиқи Копилов ва ба фанати гурӯҳи ӯ табдил дод. Ӯ ҳатто аз Копилов миллаташро пурсид ва гуфт, ки ӯ ин таронаро ба мисли нафаре иҷро кардааст, ки Душанбе гӯё шаҳри зодгоҳаш бошад.
Тимофей Копилов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ман дар асл боре ҳам ба Душанбеву Тоҷикистон ва ҳеҷ кишвари дигари Осиёи Марказӣ нарафтаам. Вале вақте ин таронаро шунидам, ғоибона ошиқи Душанбе шудам ва ба худ гуфтам, ин таронаест, ки бояд бисароям.”
Таронаи “О, Душанбе!”-ро Александр Затсепин ҳанӯз соли 1966 бар пояи матни Евгений Долматовский барои филми мусиқии “10 тарона дар бораи Тоҷикистон” навишта буд. Ин таронаро дар он филм овозхони шинохтаи рус Владимир Трошин иҷро карда буд.
"О, Душанбе!"-ро дар иҷрои Трошин инҷо тамошо кунед:
Аммо Тимофей Копилов бо иҷрои дубораи “О, Душанбе” дар “Главная сцена” ба ин таронаи 50-сола ба истилоҳ ҷони нав бахшид. Тимофей Копилов мегӯяд: “Вақте ба мо гуфтанд, ки бояд таронае аз оҳангсоз Александр Затсепин иҷро кунем, ман бидуни ягон дудилагӣ ҳамин таронаро интихоб кардам, чунки хеле ба дилам наздик буд. Худи Затсепин ҳайрон ҳам шуд, ки чаро мо як таронаеро, ки худи ӯ ҳатто фаромӯш кардааст, интихоб кардем? Аммо фикр мекунам, мо ин таронаро дар вақти муносиб ва дар ҷои муносиб иҷро кардем ва комёб шудем.”
Тимофей Копилов мегӯяд, ҳангоми таҳияи таронаи “О, Душанбе!” маълумоти зиёдеро дар бораи ин шаҳр ва Тоҷикистон омӯхт: “Ман аз қабл ҳам бо мардуми тоҷик ва фарҳангаш ошноӣ доштам. Азбаски забоншиносам, бароям хеле ҷолиб буд омӯзиши таъриху фарҳанги ин мардум ва забонаш, ки оё чигуна пайдо шудааст? Дӯстони тоҷики зиёд ҳам дорам. Аз ҷумла як дӯсти ман мудири барномаҳои радиои “Маяк” Рустам Воҳидов аз шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон аст.”
Зимнан, роҳи “Рекорд Оркестр” ба сӯи маъруфияти саросарӣ дар Русия низ 5 сол пеш аз пирӯзӣ дар озмуни “Народный продюсер”-и радиои “Маяк” оғоз мегирад. Ҳамон сол ин гурӯҳ албоми нахустинаш бо номи “Гастарбайтер-буги”-ро нашр кард. То имрӯз “Рекорд Оркестр” 5 албоми таронаҳояшро вориди бозор кардааст.
Тимофей Копилов умедвор аст, ки гурӯҳи ӯ дар марҳалаи ниҳоии озмуни телевизиони Русия низ дастболо шавад. Ӯ ҳамин тавр, орзу дорад, ки бо таронаи “О, Душанбе!” ба Тоҷикистон биояд ва инҷо барои мухлисонаш консерт доир кунад: “Барои мо хеле муҳим аст, ки ин таронаро дар баробари худи сокинони Душанбе иҷро кунем ва мустақиман бубинем, ки онҳо ба ин тарона чӣ баҳо медиҳанд. Худо хоҳад, бо “О, Душанбе!” ба Душанбе ҳам хоҳем рафт.”
Тимофей Копилов сӯҳбаташ бо Озодиро бо як калима бо забони тоҷикӣ поён дод: "Раҳмат."