Занозанӣ байни ду омӯзгори мактаб. ВИДЕО

Як муаллими собиқадори суғдӣ замони муноқиша бо як омӯзгори ҷавон дар мактаб ба сӯи ӯ мушт кашида, чашми ӯро кафондааст. Лоиқ Тӯйчиев, муаллими як чашмаш аз зарби ҳамкораш нобиношудаи мактаби рақами 50 -и ноҳияи Деваштич, ҳоло дар бемористони вилоятӣ дар Хуҷанд бистарӣ аст.

Табибон: "Аз рӯи таҷриба, чашм дигар нобино мемонад"

Рӯзи душанбеи 8-уми май ба аёдати Лоиқ Тӯйчиев дар бемористон рафтем. Комил Икромов, мудири шӯъбаи бемориҳои чашм гуфт, Тӯйчиевро ҳамкоронаш рӯзи 1-уми май, дар ҳоле ки чашми чапаш кафидаву хуншор буд, ба бемористон оварданд.

Муноқишаву ҷанҷоли муаллимон дар саҳни мактаб вақти танаффус, дар назди 6 -7 муаллими дигар рух додааст.

Ӯ афзуд: "Мардумаки чашми чапи ӯ аз зарбаи чизи кунд кафида, аҷзои он берун рехта буд. Мо чашми кафидаро дӯхта, то қадри имкон шакли чашмро сохта, ба ҷояш гузоштем. Аз рӯи натиҷаи ташхис ва таҷрибаи мо, ин чашм дигар нобино мемонад."

Ба гуфтаи ӯ, Тӯйчиев се рӯзи аввал бистарӣ буда, ҳоло табибон барои хестану роҳгардии иҷозат додаанд. Ӯро дар табобатгоҳи лазерии шаҳри Хуҷанд пайдо кардем, ки барои ташхиси дигар ҳамроҳи табибе дар он ҷо қарор дошт. Чашми чапи ӯ бо дока баста ва чеҳраи ӯ андуҳгин ба назар мерасид. Ӯ гуфт, ки баъди як ҳафтаи табобат дарди чапи зарбхӯрдааш суст шудааст.

Комил Икромов, мудири шӯъбаи бемориҳои чашм.

Лоиқ Тӯйчиев нақл кард, ки ба чашми ӯ ҳамкасбаш - Бурҳон Ҳидоятов, омӯзгори фанни забон ва адабиёти мактаби рақами 50-и деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич зарба зад: “Принтери мактаб вайрон шуд. Ман гуфтам, ки принтерро аз беэҳтиётӣ ӯ вайрон кардааст. Байнамон гапгузаронӣ ва муноқиша шуд. Ӯ ба чашмам як мушт зад. Муаллимон байнамон даромада, моро халос карданд.”

Мудири мактаб: "Тӯйчиев гунаҳкор аст"

Муноқишаву ҷанҷоли муаллимон дар саҳни мактаб вақти танаффус, дар назди 6 -7 муаллими дигар рух додааст. Рустам Ҳидоятов, мудири ин мактаб мегӯяд, ба ҷанҷоли байни муаллимон сахтгапии Тӯйчиев сабаб шуд. Ба қавли мудири мактаб, Тӯйчиев дар ҳаққи ҳамкасбаш Бурҳон Ҳидоятов лафзи ҳақоратомези русиро ба забон гирифт ва баъди мазаммати омӯзгор, онро дубора такрор кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Занозанӣ байни ду омӯзгори мактаб

“Баъд Ҳидоятов як мушт зад. Ин муноқиша ба чӣ анҷом ёфт, ба шумо маълум. Тӯйчиевро бо автомобили як ҳамкорамон ба беморхонаи Хуҷанд равон кардем. Бурҳон Ҳидоятов дар назди мақомоти пулис гуноҳашро ба гардан гирифт, ӯро ба маҳбас бурданд."-афзуд ӯ.

"Ҳодиса тасодуфӣ буд"

Мудири мактаб аз рӯйдоди муноқишаву ҷанҷол байни муаллимони мактаба бо дард ва таассуф ҳарф зад ва сар задани онро “тасодуфӣ” номид. Лоиқ Тӯйчиев низ мегӯяд, ки байни онҳо қаблан ягон хусумату бадбинӣ вуҷуд надошт.

Бурҳон Ҳидоятов омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, бародари мудири мактаб Рустам Ҳидоятов ҳудуди 30 сол собиқаи кории муаллимӣ дошта, ба Лоиқ Тӯйчиев низ дарс гуфтааст. Тӯйчиев ду сол пеш донишгоҳро хатм карда, як сол боз ба ҳайси омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ кор мекардааст. Ӯ мегӯяд, оиладор ва соҳиби ду писар -- яке 2 солаву дуюмӣ ду моҳа аст.

Парванда алайҳи "муштзан"

Дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд, аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Деваштич гуфтанд, ки муаллим Бурҳон Ҳидоятов дар пайи занозанӣ бо ҳамкори ҷавонашу кафонидани як чашми ӯ боздошт шуда, дар боздоштгоҳи нигаҳдории муваққатии шаҳри Истаравшан маҳбус аст.

Мақомот таҳқиқи аввалияи қазияро тақрибан ба анҷом расонидаанд ва алайҳи ӯ имрӯз, 8-уми май бо иттиҳоми "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамкасбаш, вақти фаъолияти хизматӣ", парванда боз хоҳанд кард. Агарчӣ дар гузашта дар бораи муноқишаву занозанӣ дар байни муҳассилони мактаб гузоришҳо шудааст, аммо бори аввал аст, ки ҷангу занозанӣ байни омӯзгорони як мактаб хабар мерасад.