Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, дар 15-умин Ҷашнвораи бузурги шатранҷ – Dehli International Open Chess Tournament-2017, пирӯз шуд. Дар ин мусобиқаи бонуфуз 258 шатранҷбоз аз 23 кишвари ҷаҳон ширкат дошт, ки дар миёни онҳо 26 нафар бузургустод ё гроссмейстери байнулмилалӣ ва 32 нафари дигар устоди дараҷаи байнулмилалӣ буданд.
Ҷашнвораи шатранҷи Деҳлӣ аз рӯйи системи шведсарӣ доир гардид. Фаррух Амонатов, ки ягона гроссмейстер дар Тоҷикистон ва муқими Санкт-Петербурги Русия аст, дар 10 бозӣ, бидуни бохт, бо 7 пирӯзию 3 мусовӣ беш аз ҳама – 8,5 имтиёз ба даст овард.
Фаррух Амонатов ҳоло дар Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад ва дар ҳамаи мусобиқоти байнулмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
Наздиктарин рақибе, ки ӯро дунбол мекард, намояндаи мизбон – бузургустод Диптоён Гуш буд, ки бо касби 8 имтиёз ба мақоми дуюм расид. Гроссмейстер Марат Ҷумъаеви узбакистонӣ низ 8 имтиёз гирифт ва мақоми сеюмро касб намуд. Ин нахустин пирӯзии Фаррух Амонатов дар мусобиқоти байнулмилалии соли 2017 ба шумор меравад.
Фаррух Амонатов соли гузашта барандаи Ҷоми Авруосиё дар шаҳри Алматии Қазоқистон ва ғолиби мусобиқоти байнулмилалӣ дар шаҳрҳои Таганроги Русия ва Тошканди Узбакистон гардидааст. Бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа, ки онро Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон баргузор намуд, Амонатов ба феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини соли 2016 ворид гаштааст.
Фаррух Амонатов 13-уми апрели соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ аз синни шашсолагӣ ба шоҳмот шуғл меварзад. Мураббии аввалинаш Вячеслав Ким буд. Соли 1995 мактаби миёнаи рақами 20-и пойтахти Тоҷикистонро хатм кардааст. Сипас Донишгоҳи техникии мухобирот ва иттилооти шаҳри Маскавро ба итмом расонидааст.
Соли 2002-юм дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот меъёри гроссмейстери байнулмилалиро ба ҷо овардааст. Вай феълан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад ва дар ҳамаи мусобиқоти байнулмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.