Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии Фаррух Амонатов дар мусобиқаи шоҳмоти Тошканд


Фаррух Амонатов, шоҳмотбози маъруфи тоҷик
Фаррух Амонатов, шоҳмотбози маъруфи тоҷик

Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии шоҳмот дар Тошканд пешсаф аст.

Шатранҷбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ аз Узбакистон, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, пешсаф мебошад.

Гроссмейстери тоҷик аз 7 бозӣ 6 имтиёз ба даст овардааст. Ӯ дар 5 бозӣ пирӯз шуда, 2-тоашро бо гроссмейстерҳои байналмилалӣ Рауф Мамедов аз Озарбойҷон ва Муртаз Кажгалеев аз Қазоқистон мусовӣ анҷом додааст.

Гроссмейстерҳои байналмилалӣ Тигран Петросян (Арманистон, Муртаз Кажгалеев (Қазоқистон), Рауф Мамедов (Озарбойҷон), Александр Зубарев (Украина) ва боз чаҳор нафари дигар 5,5-имтиёзӣ доранд. Ҳафт нафари дигар 5-имтиёзӣ ба даст овардаанд, ки дар байни онҳо як нафар шатранҷбози зан, устоди ФИДЕ Сарвиноз Қурбонбоева (Узбакистон), мебошад.

Имрӯз, 25 апрел, даври ҳаштуми мусобиқа баргузор мешавад. Фаррух Амонатов бо Тигран Петросян бозӣ мекунад.

Дар мусобиқаи Тошканд ҳашт шатранҷбоз аз Тоҷикистон ширкат дорад. Устоди байналмилалӣ Икром Иброҳимов бо 4,5 имтиёз дар байни 118 нафар дар мақоми 29-ум қарор гирифтааст.

Мусобиқа аз рӯи системи швейтсарӣ аз 9 давр иборат аст. Маблағи ҷавоизи мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки барои ҷойи аввал 4 ҳазор, ҷойи дувум – 3 ҳазор, ҷойи севум – 2 ҳазор доллар супурда мешавад. Ҳамагӣ 12 ҷоиза таъсис ёфтааст. Инчунин занон, ҷавонмардону духтарони то 20-сола ва собиқадорон бо ҷоизаҳо сарфароз мешаванд.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, ки барои бори даҳум баргузор шудааст, гроссмейстерҳо аз кишварҳои мухталиф, аз он ҷумла Фаррух Амонатов аз Тоҷикистон ғолиб шудаанд.

XS
SM
MD
LG