Гроссмейстери тоҷик бо 5 имтиёз аз 8 бозӣ байни 57 нафар дар ҷои 11-ум қарор дорад. Ӯ дар 3 бозӣ пирӯз шуда, 4-тоашро мусовӣ анҷом додааст ва дар як бозӣ мағлуб гаштааст. Амонатов дар даври 9-ум бо Евгений Воробёв, ки бо 5 имтиёз дар ҷои 12-ум аст, рақобат мекунад.
Пас аз натиҷагирии 8 даври мусобиқа гроссмейтери байнулмилалӣ Александр Рязансев бо 6 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. 6 нафар 5,5-имтиёзӣ ва 7 нафар 5-имтиёзӣ доранд.
Маблағи умумии ҷавоизи ин мусобиқа, ки аз 11 давр иборат буда, то 14-уми сентябр идома мекунад, 2,5 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.
Бар асоси низомномаи мусобиқа 5 нафар беҳтаринҳо ба суперфинал ё даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Русия, ки моҳи декабр дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд, роҳхат мегиранд.