Дар ин бора ба радиои Озодӣ Илҳом Юнусов, муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, “дар ин мусобиқа 120 шатранҷбоз, аз он ҷумла 22 гроссмейстери байналмилалӣ ё бузургустод ва 10 устоди байналмилалӣ ширкат доштанд. Гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов бо 8 имтиёз аз 10 бозӣ мақоми аввалро касб кард. Гроссмейстер Мераб Гадинашвили аз Гурҷистон низ 8 имтиёз гирифт ва ҷойи дувумро соҳиб шуд. Гроссмейстерҳо Завен Адриасян аз Арманистон ва Левон Пантсулия аз Гурҷистон бо 7,5-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чаҳорум қарор гирифтанд. Бояд гуфт, ки Фаррух Амонатов 14 сол инҷониб дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебарад.Ӯ дар ҳамаи мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Фаррух бо даъвати Федератсияи шоҳмоти Ҳиндустон дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат варзида, ҳамчунин, ба шатранҷбозони умедбахши Ҳиндустон ин бозии қадимаро таълим медиҳад.”
Шарҳи ҳол: Фаррух Амонатов 13-уми апрели соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ аз синни шашсолагӣ ба шоҳмот шуғл меварзад. Мураббии аввалинаш Вячеслав Ким буд. Соли 1995 мактаби миёнаи рақами 20-и пойтахти Тоҷикистонро хатм кардааст. Сипас Донишгоҳи техникии мухобирот ва иттилооти шаҳри Маскавро ба итмом расонидааст. Соли 2002-юм дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот меъёри гроссмейстери байналмилалиро ба ҷо овардааст. Вай феълан дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебарад. Оиладор аст. Ҳамсараш Ирина Трофимовская низ шатранҷбоз мебошад.