Саидқул Билолов: «Бозор Собирро бояд аз шеъраш шинохт»

Саидқул Билолов

«Тоҷиккино» албоми таронаҳои Саидқул Билоов бар пояи ашъори Бозор Собирро ба нашр расондааст, ки фарогири 35 тарона аст.
Нашри ин албом дар чорчӯби омодагиҳо ба таҷлили 75-солагии Бозор Собир аст, ки қарор аст, зери сарпарастии раисиҷумҳури Тоҷикистон таҷлил шавад.
Бозори Собир баъди 19 соли зиндагӣ дар ғурбат дар поёни моҳи май аз Амрико ба Тоҷикистон баргашт.

Саидқул Билолов яке аз ҳаводорони содиқи ашъори Бозори Собир аст, ки аксари таронаҳояшро бар пояи шеърҳои ӯ навиштааст. Саидқул Билолов ва аз маъдуд овозхонҳои тоҷик буд, ки бино бар мулоҳизоти сиёсӣ аз хондани шеърҳои Бозори Собир ҳатто дар солҳое ки ӯ дар ғурбат қарор дошт, даст набардошт.


Дар як гуфтугӯи ихтисосӣ аз Саидқул Билолов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон нахуст аз мӯҳтавои албоми нави таронаҳояш пурсидем.

Саидқул Билолов: Ин албом маҳсули ҳамкории беш аз 30-солаи мо аст. Бештари таронаҳоро худ сароидам ва боз чор суруди дигар ҳам ҳаст, ки дастаи ҳунарии «Дарё» иҷро кардааст.

Озодӣ: Дар ҷашни Ваҳдат як шеъри нави устод Бозор садо дод бо номи «Қаҳрамони Ваҳдат», ки дар васфи раисиҷумҳур аст. Шумо ба он шеър оҳанг эҷод накардед?

Саидқул Билолов: Аслан, ин шеърро Низом Қосим навиштааст, аммо ин ду мисраи асосиаш ба қалами Бозор Собир тааллуқ дорад:

Номи туро нависем, эй қаҳрамони Ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри Миллат.

Ман ба ин шеър оҳанг нанавиштам, зеро шеъре ҳаст, ки сурудбоб аст, шеъре ҳаст, ки онро чун шеър хондан лозим аст. Шеъре ҳаст, ки худаш оҳанг дорад. Масалан, бештари ашъори устод Лоиқ чунинанд.

Озодӣ: Аслан шиносоии шумо бо устод Бозор Собир кай оғоз шудааст?

Саидқул Билолов: Ман аз солҳои 80-ум бо устод шиносоӣ доштам. Сабабаш як таронаи ман буд бар матни Бозор Собир:

Зулфата боло задам,
Сила ба шабҳо задам.
Ҳар ду лабат гул намуд,
Бӯса ба гулҳо задам…


Аз Шӯрои бадеӣ оҳанги суруд гузашту гуфтанд, ки шеъраш намешавад. Ҳарчанд ин суруд сабт шуд, ду-се сол садо надод. Ҳамин боис шуду ман ба назди устод рафтам. Гуфтам: «Ман шеъри шуморо оҳанг бастаму лекин нагузашт. Сабабаш чист?» Оҳанги хуб буд, ман навоварӣ карда, якум бор скрипкаро ба он ворид карда будам. Муҳаррир Собир Султон буд. Баъд устод Бозор ба назди ӯ рафтанд ва восита шуданду суруд қабул шуд. Ҳамин тариқ, ҳамкории мо шурӯъ шуд. Ин хел гӯем, ки махсус барои ман шеър навишта бошад, ин тавр нест. Ман шеърҳоро аз китобҳояш гирифтаам. Аввалин суруди ман ҳам ба шеъри Бозор Собир буд:

Дар ин замин монанди ман
Ошиқ намеояд дигар.
Биншин ба рӯи чашми ман,
Лоиқ намеояд дигар.

Озодӣ: Сабаби таваҷҷӯҳи зиёди шумо ба ашъори Бозор Собир чист?

Саидқул Билолов: Аз он аст, ки шеъри баланд менависад. Тасвирҳое дорад, ки дар адабиёти классикӣ ҳам ман назирашро кам мебинам. Ҷӯянда аст, мехоҳад гапи нав гӯяд.

Умре, ки гузашта рафт, гардонда нашуд,
Зангори даруни синаро ронда нашуд.
Сад чинии дил ҷағиду кас банд назад,
Сад шишаи дил шикасту часпонда нашуд.

Ин хел калимаю ибораҳои халқиро ёфта ба шеър ворид кардан санъати бузург аст. Устодӣ ва заҳмати зиёдро талаб мекунад. Дӯст медорам шеърҳои ӯро. Ростӣ, як-ду шеъри охирашро ман фармудам. Ӯ дар Амрико буд. Ман тариқи Интернет сӯҳбат мекардам. Як байти Мавлоноро интихоб кардам ва аз Бозор хоҳиш кардам, ки дар атрофи он шеър нависад. Ва ӯ навишт:

Биёед, биёед, дусад даст барорем,
Дусад дасти навозиш, ки гӯем, чанорем.

Як шеъри дигар навишт бо номи «Зинда бод Тоҷикистон», ки суруди гурӯҳӣ шуд ва баъди таронаи «Хуни Сиёвуш» ин дувумин суруди барҷаста аст. Ҳар мисраи ин шеърҳо таърих аст.


Саидқул Билолов бо ҳамсараш

Озодӣ: Бозгашти устод сару садоҳои зиёде дар ҷомеа ба вуҷуд овард. Чун як дӯсти наздик шумо ба ин ҳама чӣ назар доред?

Саидқул Билолов: Ҷангандозиро ман дар рӯзномаҳои зард ё худ «жёлтая пресса» мебинам. Бозорро ба ҳолати эҳсосот меоранд, ягон саволи бемаънӣ медиҳанд. Вай тасодуфан ягон чӣ мегӯяд. Баъд рӯзномаҳои мо ҳамон суханро байрақ карда мегарданд. Ҳангоматалабу ҳангомаҷӯянд. «Бозор Собир ҳамин гапро гуфт, рӯзномаамон ба фурӯш меравад», гуфта бештараш барои ҳамин кор мекунанд. Бозор Собирро аз шеъраш бояд шинохт. Бозор як одами дилсоф аст. Дар дилаш чизе бошад, мегӯяд. Аслан, шоир бояд ҳамин хел бошад. Вақте устод Лоиқро пурсиданд, ки «шумо коммунист будед, вале вақте ҳайкали Ленинро канданд, шумо аз ҳизб баромадед. Ин чӣ маъно дорад»? Гуфтааст: «Шоир ҳам инсон аст. Метавонад ақидаашро дигар кунад.» Шоир дар як ҳолат ин хел шеър мегӯяд, дар ҳолати дигар дигар хел шеър мегӯяд. Шеър худ ҳолат аст. Ман сарфи назар аз ақидаҳои сиёсиаш ҳамеша бо Бозор дӯст будам. Тӯли 19 соли дар муҳоҷират буданаш ҳам алоқаамро накандаам. Дӯстӣ ҳамин аст. Бо касе паймон бастӣ, бояд дар рӯзи шикасташ ҳам дар паҳлӯяш бошӣ, дар рӯзи хурсандиаш ҳам. Ақидаҳои сиёсиашро ҳамон вақт ҳам ман дастгирӣ намекардам. Мегуфтам, «Ленин дар 17-18-солагӣ ба сиёсат ворид шуд, ҳизб ташкил кард, инқилоб кард. Шумо дар 52-солагӣ узви ҳизби демократ ва вориди сиёсат шудед. Обрӯи шумо ҳамон аст, ки шоири халқ ҳастед.» Ман ҳамон вақт ин фикрамро гуфта будам. Дирӯз ҳам ҳамроҳ нишастем, ман боз гуфтам. Гӯш карду чизе нагуфт. Боз як шеъри худаш ҳаст, ки мегӯяд:

Шоиру шеъре агар ҳаст,
Арсаи сарбозие ҳаст,
Аз Худо шоҳу аз пайғамбари дунё
Як нафар норозие ҳаст.
Ёғие ҳаст.
Осие ҳаст,

Озодӣ: Шумо ҳам дар бозгашти ӯ саҳме доред?

Саидқул Билолов: Ман чандин бор даъват карда будам. Мегуфтам, шеъратро ба кӣ мехонӣ? Мегуфт: «Ба ҳамсарам Гулчеҳра мехонам. Лекин Гулчеҳра ҳеч шеъри маро намефаҳмад. Дигар касе нест, ки ман гап занам. Гапро қариб гум кардам. Хайрият, ягонто эрониҳо ҳастанд. Бо баъзеаш сӯҳбат кунам, дилам холӣ мешавад.»

Озодӣ: Шумо бештари таронаҳоятонро бар матни Лоиқу Бозор ва шоирони классик хондаед. Чаро ҳофизони ҷавон ба ашъори шоирони асил камтар рӯ меоранд?


Саидқул Билолов: Зеро аз адабиёт дуранд. Дар замони шӯравӣ шеъру шоир мақоми баланд дошт. Дар шабҳои эҷодии шоирон толор пур аз мухлисон мешуд. Имрӯз мартабаашро гум кардааст. Мо дар муҳити шеър калон шудаем. Дар замони мо шеър ба нуқтаи баландтаринаш расида буд. Агар фарҳанг 4-5 сол сукут кунад, бисёр чизҳоро аз даст медиҳад. Барои барқарор кардани он даҳсолаҳо лозим аст. Воқеаҳое, ки дар Тоҷикистон гузашт, ҷавононро аз фарҳанг хеле дур кард. Ин айби онҳо нест. Айби мо, калонсолон, ки пеши он фоҷиаро гирифта натавонистем. Фикр мекунам, тадриҷан бохтаҳоямонро эҳё хоҳем кард.

Озодӣ: Замоне намояндаи мардумӣ дар порлумон будед. Дигар намехоҳед ба сиёсат ворид шавед?

Саидқул Билолов: Намехоҳам. Ман эҷодкорам. Дар ҳамон вақт ҳам ду консерти зинда баргузор карда будам.

Озодӣ: Шумо иштироки эҷодкорону рӯшанфикронро дар сиёсат дуруст мешуморед?

Саидқул Билолов: Маро ба сиёсат ворид накунед. Ҳарчанду шеъру оҳанг ҳам бе сиёсат намешавад. Сиёсати ман дар ҳамин ду мисраи Мавлоно ифода меёбад:

Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазрааи пок
Ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ дигар дона накорем.

Аммо ду-се нафареро, ки дар хориҷа мехонанду ақидаҳояшон тамоман дигар шудааст, дастгирӣ намекунам. Устод Бозор Собир дар ғурбат шоиртар шуд. Маънии Ватанро нав фаҳмид. Бузургию зебоии Ватанро аз дур хубтар дид. Ин бояд барои дигар ватандорон дарс шавад.