Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозор Собир: "Шоиру шеъре агар ҳаст..."


Истиқболи шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар фурудгоҳи Душанбе бо садои дастгоҳҳои аккосӣ, гулу гулдаста ва суолҳои батакрори хабаригорон бозгашти як ситораи синаморо мемонд.

Мегӯянд, ки шоир дигар барои ҳамешагӣ ба ватан баргаштааст. Бори ахир Бозор Собир се сол пеш ба Тоҷикистон омада буд ва он вақт ҳама умедвор буданд, ки дигар қадам берун аз хоки Тоҷикистон нахоҳад ниҳод ва дар паҳлӯи муштоқони сухани воло хоҳад монду онҳоро аз шаҳди шеъраш сероб хоҳад сохт. Аммо баъд аз чанд моҳ ба Амрико баргашта ва дар сӯҳбате озурдахотир гуфта буд, ки аз ин баъд ҳавои бозгашт ба ватанро надорад, «зеро муҳити Душанбе дигар шоирпарвар нест”. Озурда аз он ҳам буд, ки тайи чанд моҳ нафаре аз мақомоти расмии Тоҷикистон суроғаш накарданд, маҳфили шеъре, ки мехост доир кунад, ба далели монеъаҳои девонсолорӣ ва бетаваҷҷӯҳии мансабдорони ҳукумат баргузор нашуд.

Шоири маъруф Мӯъмин Қаноат ҳам дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ озурдахотир ба Амрико баргаштани Бозорро таъкид карда буд. “Бозор омада буд, ки як ҳусни тафоҳум эҷод шаваду як муроот ва дар ин ҷо як ҷову макон пайдо кунаду ба ватани аслиаш баргардад. Дар ҳар нишаст ишора мекард, ки Амрико ҷоест, ки шунаванда надорам. Мераваму мегӯям, розҳову ормонҳоямро ва пас мегардам, мегуфт. Ин ишора буд. Яъне мехост, ки дар ватани худ зиндагӣ кунад”, гуфта буд ӯ.

Рушан буд, ки зиндагӣ дар Амрико барои шоире чун Бозор Собир осон нест ва ҳар боре телефонӣ бо ӯ сӯҳбат мекардем, ин бештар эҳсос мешуд... Эҳсос мешуд, дурӣ аз Тоҷикистон, ки онро бо раг-раги худаш баста медонад ва дурӣ аз “чаҳчаҳа”-ву “қаҳқаҳа” азияташ мекунад. Мегуфт, ки дар Амрико ва кишвари дигаре имкони чопи шеърҳояшро надорад, аз ин рӯ чакидаҳои хомаашро фақат барои маҷмӯа омода мекунад... Нашри дафтари шеър ҳам осон нест, зеро барои он маблағи зиёд зарур аст ва аз шахсе, ки ваъдаи нашри китобашро карда буду ба ваъда содиқ намонд, сахт ранҷид.

Дар гӯшаи дили ман ҳамеша шӯълаи умеде фурӯзон буд, ки Бозор рӯзе бармегардад. Фикр мекунам, ки аҳли фарҳангу адаб ва ҳунари Тоҷикистон, аз ҷумла, шоира Гулрухсор ҳам ба бозгашти Бозор бовар доштанд. “Шоир бояд дар ватанаш бошад”, ин шиори хонум Гулрухсор аст. Ва Бозор Собир шоми душанбеи 27 май ба Тоҷикистон омад. Ва билофосила таъкид кард, ин дафъа бо даъвати расмӣ ва барои доимӣ баргаштааст.

Нур Табаров, сардабири маҷаллаи «Памир» ва дӯсту ҳамсабақи донишгоҳии Бозор, аз фарҳангиёне буд, ки шоирро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе истиқбол карданд. Ӯ мегӯяд, ки аз фурудгоҳ ҳамроҳ ба чойхонаи “Роҳат” рафтанд ва Бозор иқрор кард, ки маззаи кулчаи тоҷикиву чойи тоҷикӣ ва лаззати сӯҳбатҳои тоҷикиро ёд кардааст. “Аммо эҳсос мешуд, ки як пораи дилаш дар Амрикост, зеро пайвандонаш то ҳол он ҷоянд”. Ба гуфтаи Нур Табаров, Бозор умедвор аст, ки хонумаш Гулчеҳра ба зудӣ ба Душанбе бармегардад, вале фарзандҳояш, ки дар Амрико кору таҳсил мекунанд, дар бораи баргаштан ё мондан худашон тасмим хоҳанд гирифт.

“МАН АШКИ ЧАШМОНИ БОЗОРРО ДИДАМ”

Саидқули Билол, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, мегӯяд, ки тайи ин солҳо Бозор ҳеҷ тағйир накардааст, ӯ чун пештара орӣ аз нафс, заминиву хоксор, барнодил, волозавқ ва эҳсосотӣ аст. “Ман ба 35 шеъри устод оҳанг бастаам ва онҳоро дар фитае ҷой додаам. Дирӯз вақте, ки ин СиДи-ро гӯш мекард, ман
Саидқул Билолов
Саидқул Билолов
дидам, ки чун кудак ашк мерехт”, мегӯяд овозхони шинохта. Саидқули Билол меафзояд, устод Бозор дафтари нави шеърашро омода кардааст ва мехоҳад онро ҳамроҳ бо шоир Низом Қосим такмил кунад. Овозхони маъруф мутмаин аст, ки дар нашри китоб мушкиле пеш нахоҳад омад. Тайи 15 соли ахир дар Маскаву Душанбе ҳамагӣ се китоби Бозор нашр шудааст ки охиринаш “Хуни қалам” се сол пеш ба дасти муштоқони шеъри ноб расида буд. Саидқули Билол ҳамчунин хабар дод, ки мехоҳанд бо устод Бозор дар Душанбе як “маҳфили ширу шакар” баргузор кунанд ва Бозор шеърҳои тозаи худро қироат хоҳад кард ва ӯ таронаҳои ҳанӯз пахшнашудааш аз ашъори Бозорро замзама хоҳад намуд.

...Бозор Собир соли 1938 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Ӯ дар солҳои 80 ва 90-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт ва бо шеърҳое, чун "Забони модарӣ", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тоҷикистон" дар радифи маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ буд. Дар поёни солҳои 80 Бозор Собир ба ҷунбиши “Растохез” пайваст ва соли 1990 баъд аз ҳаводиси “баҳманмоҳи хунин” вакили Шӯрои олӣ - парлумони Тоҷикистон - интихоб шуд. Ва Бозор Собир дар таърихи Тоҷикистон нахустин вакили парлумон аст, ки бо хоҳиши худ мандати депутатияшро супурдааст. Як даъвати ӯ аз минбари парлумон ба собиқадорони ҷанги Афғонистон барои супурдани нишонҳои давлативу даст бардоштан аз имтиёзҳо боиси эътирози густарда ва гирдиҳамоӣ дар маркази Душанбе гардид. Бозор Собир нотарсона ба он гирдиҳамоӣ рафт ва гуфт, ки тоҷикҳо дар Афғонистон алайҳи ҳаммилатҳои худ ҷангидаанд ва шеъри машҳури худ “Бозуи буридаи шумо сабз шавад”-ро қироат кард. Баъди пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шоир баҳори соли 1993 барои 9 моҳ зиндонӣ шуд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, аввал ба Маскав ва соле баъд ба Амрико кӯчид. Бозори Собир аз соли 1994 дар шаҳри Сиэтлли Амрико ба сар мебурд.

«ОМАДАМ, КИ БИМОНАМ»

Аввалин суолҳои баъди бозгашти шоир дар зеҳнҳо пайдо шуда инҳо буд, ки чаро маҳз имрӯз ӯ ба Ватан баргашт? Оё зери косае нимкосае нест? Шояд мақомдорон шоири маъруфро барои пуштибонӣ аз раисиҷумҳур дар интихоботи президентӣ ҷалб карданианд? Як изҳороти кӯтоҳи худи шоир лаҳзаҳои аввали пой ба хоки Ватан ниҳоданаш шубҳаҳоро ба ангезаи сиёсӣ доштани ин иқдом бештар кард. Бозор дар фурудгоҳ гуфт, ки аз ҳизби зиёд дар Тоҷикистон фоида нест ва дар вазъи кунунӣ зиёиён бояд дар атрофи ​Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шавад. Ӯ афзуд, ки барои бозгашт далели дигар ҳам дорад - ришаш сафед шудааст ва мехоҳад дар ватанаш макони охират пайдо кунад.

Аммо мақомот пайванди бозгашти шоири маъруф бо интихоботро зуд рад карданд. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз “ҳангома”-и расонаҳо аз бозгашти шоир изҳори нороҳатӣ кард ва гуфт, Эмомалӣ
Раҳматулло Абдуллоев, донишманди тоҷик
Раҳматулло Абдуллоев, донишманди тоҷик
Раҳмон, аз рӯзҳои аввали раҳбариаш барои баргардонидани муҳоҷирони тоҷик ба Ватан талош мекард ва бозгашти шоир Бозор Собир ҳам дар чорчӯби ҳамин барнома аст. Ӯ афзуд, ки раисиҷумҳур ҳангоми сафар ба Амрико ҳатто дастур дода буд, ки шоирро пайдо кунанд, то ӯро худаш шахсан барои бозгашт ба Ватан даъват кунад. Аз ин пеш як идда аз шахсиятҳои маъруфи кишвар ҳам аз мақомоти давлатии Тоҷикистон хоста буданд, ки ин шоирро ба ҳар қимате ба ватан баргардонанд.

БОЗОР “ҲУКУМАТӢ” НАМЕШАВАД?

...Дар Тоҷикистон шояд чанд тане буданду ҳастанд, ки онҳоро метавон Шоир номид – Мӯъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор, Гулрухсор... Се-чаҳор даҳсолаи ахир аз ҳар каси бофарҳанг суол кунӣ, ки шоирони ба дилу дидааш наздик кадомҳоянд, ҳамин чаҳор номро ба забон меоваранд. Аммо бештари муҳаққиқон бар инанд, ки Бозор назар ба дигар шуаро ҳассостар ва пешгӯинашаванда аст. Ва дар Амрико бисёре аз ақидаҳои қаблиашро бознигарӣ ва шеърҳои пешинашро аз нав таҳрир карданашро намуна меоваранд. Дар ашъори солҳои охири Бозор бештар ҳасрат аз даврони Шӯравӣ ва тавсифи мардуми рус ба чашм мерасад.

Гуфта мешавад, замони шӯравӣ Бозор шояд ягона адибе буд, ки тавсифи ҳокимони давру Ленину ҳизби комунистро накарда буд, яъне “шахси ҳукуматӣ” набуд ва аз ин баъд ҳам, мутмаинанд таҳлилгарон, гумон аст “ҳукуматӣ”
Раҷаб Мирзо
Раҷаб Мирзо
шавад. Раҳматулло Абдуллоев, донишманди тоҷик, бо шинохте, ки аз устод Бозор Собир дорад, мегӯяд, “ӯ новобаста ба низомии сиёсии ҳукмрон, новобаста аз шахсиятҳои сари қудратбуда, новобаста аз вазъе, ки худаш қарор дорад, воқеъиятро ба ҳамон тарзе, ки дарк мекунад, ошкору фош иброз медорад”.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик, ақидаеро, ки гӯё мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд аз Бозор Собир чун аз як абзори таблиғи сиёсӣ истифода кунанд, қабул надорад, зеро, ба гуфтаи ӯ, Бозор он Бозори бист сол пеш нест ва мавзеъгириҳои имрӯзаву панҷ соли пешаш қобили қиёс нестанд. Таҳлилгар меафзояд, чанд изҳороти зидди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз забони Бозор садо доданд, ва гуфтаҳои ӯ дар бораи зиёни аҳзоби зиёд дар кишвар дили ҳукуматро нисбати шоир нарм кардааст. Раҷаби Мирзо ҳадс мезанад, ки шояд ҳукумат мехоҳад бо бозгардони як шоири муҳоҷир фақат аз худ хотираи нек боқӣ гузорад,

Раҳматулло Абдуллоев мегӯяд, изҳоротҳои сиёсии шоир, аз ҷумла, дар робита ба ислому Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, баёнгари онанд, ки ӯ ба умқи мушкилоту сабабҳои ин ё он зуҳуроти ҳаёти сиёсӣ намеравад. Ва ин сабуксарӣ дар эъломи ақоиди сиёсӣ боиси андаке коҳиш ёфтани нуфузи ӯ дар ҷомеъа шудааст.

“ҚИЛ”-И БОЗОРРО ТО КАЙ ХОҲАНД КАШИД?

Бештари коршиносон мегӯянд, байид нест агар аз ҳоло паҳлуи Бозор Собир шахсе нишинад, ки дар ҳолати зарурӣ “қили ӯро бикашад”. Аммо Раҷаби Мирзо мегӯяд, “Бозор Собир фарди воқеъан пешнгӯинашаванда аст ва озодиҳои зиёдро ба худ имкон медиҳад, Аз ин рӯ шояд он маҳдудиятҳое, ки худаш пеши худ ё касе пеши ӯ гузоштааст, ба дилаш мезананду берун аз чаҳорчӯби барояш муқарраршуда ҳарф мезанад ё хоҳиши боз тарк кардани Тоҷикистон дар замираш пайдо мешавад”.

...Муҳаққиқон мегӯяд, ки ҳарчанд Бозор солҳо аз Ватан дур буд, аммо дар Ватан ғофил аз ёди ӯ набуданд. Ҳунармандони театри ҷавонон аз ашъораш намоишномае мавсум ба «Шабе дур аз Ватан»-ро рӯи саҳна оварданд. Шеъри ӯ «Аз хуни Сиёвушем» ба як гимни дигари миллӣ табдил шудааст. Як ҳафтаномаи мустақил ӯро ба феҳристи сад чеҳраи бузурги Тоҷикистон дар қарни бист шомил карда буд. Саидқули Билол, мегӯяд, ки солҳои ахир бидуни Бозор фазои шеър дар Тоҷикистон холӣ ба чашм мерасад ва ӯву ҳазорон нафари дигар умедворанд, ки бо бозгашти шоири маъруф Сухан дар кишвар дубора болонишин хоҳад шуд...
XS
SM
MD
LG